logo

номаҳо

Чаро забони давлатӣ фаромӯш мешавад?

Ба пойтахти кишвар -шаҳри Душанбе барои иштирок дар бархе маҷлису ҷамъомадҳо гоҳҳо аз рӯи вазифае, ки ба дӯш дорам, даъват мешавам. Хуб аст, ки маҷлисҳо бо забони давлатӣ оғоз мешаванд. Аммо кас пешакӣ муайян карда наметавонад, ки он бо кадом забон - тоҷикӣ ё русӣ идома меёбаду ҷамъбаст мегардад. Гап дар сари он аст, ки агар нафаре бо забони русӣ сухан кунад ё саволе диҳад, ҳатман посух бо ин забон дода мешаваду забони давлатӣ фаромӯш мегардад. Дар баъзе аз ноҳияҳо садри маҷлис дар чунин мавридҳо ҷамъомадро бо забони ӯзбекӣ мебарад. Албатта, ба забону намояндаи миллати дигар бояд эҳтиром гузошт, аммо на  дар чунин мавридҳо. Агар  онҳо аксариятро ташкил диҳанд ва ё ақалан даҳ нафар бошанд, ман ҳаргиз зид намебароям.
Чаро намояндаи миллате беш аз 30-40 сол ва ё ҳама умр дар кишвари мо кору зиндагӣ мекунаду забонамонро намеомӯзад? Охир муҳоҷири меҳнатии тоҷик барои як ё ду соли фаъолият забони корфарморо меомӯзад-ку?!
Агар талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дар ин маврид риоя намекунем,  боре биандешем, ки тоҷикем, миллати куҳанбунёдем ва нангу номуси ватандорӣ бояд дошта бошем.

Н. ШЕРАЛИЕВ,
ноҳияи Тавилдара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.12    №: 109    Мутолиа карданд: 654

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед