logo

президент

Ҷаласаи Шӯрои миллии рушд

11 декабр дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои шӯро, аз ҷумла Сарвазири кишвар, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои иқтисод, молия, сармоягузорӣ, адлия ва ҳамчунин роҳбарони дигар вазорату идораҳои масъул ширкат намуданд.
Дар ин ҷаласа, ҳамчунин шумораи зиёди шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон, аз ҷумла Ҷаҳан Султаноглу, ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва ИДМ, Киёши Кодера, ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ, Масару Хонма, директори бахши Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ва дигарон ширкати фаъол доштанд.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012, санади дигари ба тозагӣ маъқулдонистаи Ҳукумати Тоҷикистон - Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015  ва  саҳми  шарикони байналмилалии рушд дар ин раванд баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҷаласаи Шӯрои миллии рушдро ифтитоҳ намуда, нахуст бо хушнудӣ аз қабул шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мужда расонд ва бори дигар ба роҳбарият ва ҳамаи сохторҳои дахлдори ин созмон ва кулли давлатҳои ҷаҳон, ки Тоҷикистонро дар раванди 11-солаи омодашавӣ ба ин кор дастгирӣ намуданд, арзи сипос кард. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин аз дастгирии самимӣ ва таманниёти неки намояндагони давлатҳои зиёди ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, дар маросими қабули Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ёдовар шуда, ба онҳо низ изҳори сипос кард.
Дар сухани ифтитоҳии худ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, натиҷагирӣ аз татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 ва хулосабарорӣ барои татбиқи босамари Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 - ро ҳадафи асосии ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд номид. Дар сатҳи на кам аз 7% таъмин гардидани рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2010-2012 яке аз натиҷаҳои назаррас дар ин давра маънидод гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласа, ҳамчунин Ҷаҳан Султаноглу, ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва ИДМ ва Киёши Кодера, ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ, суханронӣ намуда, аз ҷумла пешсафии Тоҷикистонро дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола барои дигар кишварҳои рӯ ба рушд ибратбахшу омӯзанда арзёбӣ намуданд. Ба иттилои Ҷаҳан Султаноглу барои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аз соли 2000 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ кумаки беруна ҷалб шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 то ба 39% коҳиш дода шуд. Пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи иқдомҳои глобалии "энергетика барои ҳама" ва "иқтисодиёти сабз" махсус таъкид гардид. Зикр гашт, ки дар натиҷаи фаъолияти хуб ҳамоҳангшуда бо шарикони байналмилалии рушд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати соҳаҳои тандурустию маориф ва ба оби тозаи нӯшиданӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд.
Доир ба саҳми шарикони рушд дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон Марша Олив, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Сусан Еллиот, Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Стефан Эрбер, роҳбари Ҷамъияти байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, Масару Хонма, директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон суханронӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии шарикони рушди Тоҷикистонро ба идома ва густариш додани дастгирии рушди кишвар таъкид доштанд.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҷанбаҳои гуногуни рушди Тоҷикистонро дар солҳои охир, саҳми шарикони байналмилалӣ ва дурнамои инкишофи кишварро дар се соли оянда мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, шарикони байналмилалии рушдро ба густариши ҳамкории босамар даъват намуда, изҳори боварӣ кард, ки дар натиҷаи он сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дар се соли оянда 15-20 фоизи дигар баланд мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамчунин аз қарорҳои Конфронси 5-уми RECCA доир ба Афғонистон, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ёдовар шуда, иштироки фаъоли шарикони байналмилалии рушдро дар татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ, аз ҷумла оид ба пайвастани шабакаҳои барқӣ ва нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз тариқи Афғонистон кори ҳаётан муҳим номид. Таъкид гардид, ки бо татбиқи босамари чунин ҳадафҳо ҳам мушкилоти ҷории Тоҷикистон ҳаллу фасл мешаванд ва ҳам аз тариқи рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ба таҳкими амну субот дар ин кишвари азияткашида ва кулли минтақа мусоидати фаъол кардан имкон дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.12    №: 154    Мутолиа карданд: 12393

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Остона бо Пекин созишнома ба тасвиб мерасонад

Доналд Трамп аз мушкилоти ҳамкории тиҷоратӣ бо Чин нақл кард

14.05.2018


Баргузории фестивали ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт

Оғози Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед