logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 4, мод. 201) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 3 ва қисми 3 моддаи 4 баъд аз калимаи «фамилия» калимаҳои «, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, илова, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» илова карда шаванд.
 2. Аз қисми 6 моддаи 4 калимаҳои «ва ё дар дигар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» хориҷ карда шаванд.
3. Ба қисми 1 моддаи 21 баъд аз калимаи «ӯ» калимаҳои «ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» илова карда шаванд.
 4. Дар моддаи 24:
- дар қисми 3 калимаи «мурда»  баъд аз калимаи «сурати» навишта шуда, калимаи «кӯдаки» ба калимаи «кӯдак» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои «таваллуди кӯдаки мурда» ба калимаҳои «мурда таваллуд шудани кӯдак» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 26 баъд аз калимаи «давлатии» калимаи «сабти» илова карда шавад.
6. Аз сархати якуми қисми 1 моддаи 35 калимаҳои «дар рӯзи бақайдгирии давлатии никоҳ» хориҷ карда шаванд.
7. Ба сархати якуми қисми 1 моддаи 38 баъд аз  калимаи «умумӣ,» калимаҳои «санаи бастани» илова карда шаванд.
8. Қисми 2 моддаи 43 қисми 3 ва қисми 3 моддаи мазкур қисми 2 ҳисобида шавад.
9. Аз номи моддаи 44 калимаҳои «оид ба бекор кардани ақди никоҳ» хориҷ карда шаванд.
10. Дар қисми 2 моддаи 53 калимаҳои «дода мешавад.» ба калимаҳои «дода шуда, дар асоси талаботи моддаи 82 Қонуни мазкур сабти аввалияи таваллуд бекор карда мешавад.» иваз карда шаванд.
11. Дар ном ва матни моддаи 56 калимаи «маҳрамияти» ба калимаи «сирри» иваз карда шавад.
12. Сархати дуюми моддаи 57 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- аризаи падари кӯдак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки дар рӯзи таваллуди кӯдак бо модари ӯ дар ақди никоҳ қарор надошт;».
13. Дар қисми якуми моддаи 68 калимаи «шаҳрвандӣ» ба калимаҳои «шаҳрвандии маҳалли истиқомат» иваз карда шавад.
14. Дар қисми 6 моддаи 69 баъд аз калимаи «бойгонии»  калимаҳои «вилоятӣ ва» илова карда шаванд.
15. Ба Қонун моддаи нави 691 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 691. Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва фамилия
1. Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва натиҷаи санҷиш мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии  маҳалли истиқомати аризадиҳанда хулосаро дар шакли тасдиқшуда дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва фамилия ё рад намудан (иваз намудан)- и он дар ду нусха тартиб медиҳанд.
2. Қарор дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва фамилия дар асоси хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомат аз ҷониби мақомоти болоии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ) қабул карда мешавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 483

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2008, № 1155

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 588


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 917

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед