logo

ҳукумат

Ободонии Бартанг - дар маркази диққат

27 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлиси навбатии Ҳукумат бо шунидани ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то 1 январи соли 2013 оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ аз 14 миллиону 255,4 ҳазор га иборат аст. Аз он 749,7 ҳазор гектар замини обӣ мебошад, ки нисбат ба соли 2012 1400 га зиёд гардидааст. Дар натиҷаи барқарорсозии ҷалгалзорҳо, асосан дар ноҳияҳои Ховалинг ва Ашт, ҳаҷми заминҳои ин гурӯҳ 148,3 ҳазор га зиёд шудааст. Соли 2012 1599 га заминҳои партови обӣ ба гардиши кишоварзӣ баргардонда шуд.
Зимни баррасии масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии "Рушди иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ дар давраи то соли 2020" ва ҷаласаи ҷашнии Барномаи ТРАСЕКА, аз ҷумла зикр гардид, ки ин чорабинӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Қарор карда шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе рӯзҳои 4-6 сентябри соли равон гузаронда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки дар зарфи 3 сол бояд амал