logo

мулоқотҳо

Боздид аз Литсей - интернати президентӣ

15 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати президентӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо ҷараёни таълиму тарбия дар он бевосита шинос шуд.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба Литсей-интернати президентӣ, ки нахустин мактаби махсус барои хонандагони болаёқат дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, омӯзгорону хонандагони он бо арзи сипосу самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Дар литсей-интернати президентӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки шумораашон дар ин мактаб хеле зиёд аст, суҳбат намуда, вориди маркази тестии электронӣ шуд. Тавре аён гардид, омӯзгорону хонандагони ин мактаб ба дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ-электронӣ  дастрасӣ  дошта,  аз  имконоти  он босамар истифода мебаранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: "Имтиҳонсупорӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки омӯзгор бо хонанда, довталаб ва ё донишҷӯ робитаи бевосита надошта бошад. Омӯзгор бояд надонад, ки дониши киро месанҷад, то ки амалан имконияти ришваситонӣ ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта шаванд".
Ба иттилои роҳбарияти литсей, тамоми солҳои фаъолияти он хатмкунандагонаш сад дар сад ба мактабҳои олии касбии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дохил мешаванд, зеро таълиму тарбия дар ин ҷо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Аз суҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хатмкунандагон аён гардид, ки аксари онҳо ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дошта, майлу хоҳиши дохил шудан ба мактабҳои олии техникӣ ва соҳиби ихтисосҳои муҳандисӣ-техникӣ шудан доранд. Таваҷҷуҳи духтарон ба мактабҳои олии тиббӣ ва иқтисоду молия бештар аст.
Тавре аён гардид, хонандагони Литсей-интернати президентӣ аз дониши хуби фанҳои гуногуни дақиқ, ба мисли физика, риёзиёт, химия, биология, ситорашиносӣ, ҳамчунин фанҳои гуманитарӣ чун забону адабиёти тоҷик, таърих ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию инглисӣ баҳраманданд. Аз суҳбат бо хонандагони дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ маълум гардид, ки тарбияи ҳисси ҳарбӣ-ватандӯстӣ низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар ин литсей маҳфилҳои ҳунарӣ, аз ҷумла шеъру сурудхонӣ ва ҳунари театрӣ низ фаъоланд. Иштирокдорони ин маҳфилҳо дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳунари воло нишон доданд.
Дар литсей синфхонаҳои омӯзиши ҳунарҳои рӯзгордорӣ ва устохонаи дуредгарӣ мавҷуд аст. Духтарони литсей дар ин ҷо ҳунарҳои пухтану омода кардани хӯрокҳои гуногун, дастархонороӣ ва дӯхти либосро низ меомӯзанд. Нишони давлатии Тоҷикистон, ки аз ҷониби духтарони  гулдӯзу  зардӯзи  ин  литсей  бо ҳунару малакаи олӣ омода гардидааст, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя карда шуд. Литсей-интернати президентӣ дорои толори калони варзишӣ, майдони васеи варзишӣ, ошхона ва дигар толору утоқҳои зарурӣ аст.
Зимни  суханронӣ  Сарвари  давлат  Эмомалӣ    Раҳмон ба фаъолияти бисёрсолаи Литсей-интернати президентӣ, ки ҷавонону наврасони зиёди соҳибистеъдодро ба камол расондааст, баҳои баланд дод. Зикр гардид, ки дар давоми даҳ соли охир Литсей - интернати президентиро як ҳазору 600 нафар хатм намуда, беш аз як ҳазору 300 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва 240 нафар ба мактабҳои олии давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ дохил шудаанд. Дар давоми се соли охир шогирдони литсей-интернат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дар маҷмӯъ соҳиби беш аз 190 медал гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки аз соли оянда сохтмони як бинои наву муосири таълимӣ ва як хобгоҳ барои ин мактаб оғоз меёбад. Хотиррасон гардид, ки барои дар сатҳи баланд муҳайё намудани шароити таълимӣ дар ин литсей маблағгузории давлатии он аз 320 ҳазор сомонии соли 2003 то ба 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ дар соли 2012 расонда шуд. Соли 2013 бошад, барои ташкили фаъолияти босамари ин литсей ҷудо намудани 1 миллиону 840 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо ёдоварӣ аз ғамхории доимии давлату Ҳукумат ба соҳаи маорифи кишвар ва хусусан ба мактабҳои махсуси  хонандагони  болаёқат  Сарвари  давлат  Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хониши аъло, аз бар кардани дастовардҳои муосири илму техника ва технология ва соҳиби касбу ҳунарҳои зарурӣ шудан ҳидоят намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.13    №: 68    Мутолиа карданд: 1016
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед