logo

маориф

Суғд: либоси мактабии дӯхти ватанӣ

Таъмини хонандагони кишвар бо либоси мактабии истеҳсоли  ватанӣ  аз ҷумлаи он дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, мебошад, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда буд.
Бо дарназардошти афзоиши ҳамасолаи теъдоди хонандагон дар ҷумҳурӣ таъмини онҳо бо либоси шинаму зебои замонавӣ ва арзон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини соҳаи саноати кишвар даъват ба амал овард, ки дар ин самт тадбирҳои бетаъхир ва зарурӣ андешида, аз ҳисоби ашёи мавҷудаи маҳаллӣ масъалаи мазкурро ҳал намоянд. Ин иқдом шароит фароҳам меоварад, ки фаъолияти муътадили истеҳсолӣ ва молиявии  корхонаҳои саноати сабук таъмин гардад.
Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони раиси вилоят Мубин Қаюмов ва Мавҷуда Бобоева, сардори Раёсати идораи маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов ва роҳбарони баъзе аз корхонаҳои саноати сабуки шаҳру навоҳии вилоят машварат доир гашта, роҳҳои ҳалли ин қазия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
- Тибқи маълумот имрӯз дар вилоят наздики 600 ҳазор хонандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба қайд гирифта шудааст,- мегӯяд Мубин Қаюмов,  сарпарасти соҳаи саноат. - Мо имконияти иқтидори истеҳсолии корхонаҳо ва талаботи  эҳтимолии мактабиёнро омӯхта, марҳила ба марҳила ба ҳалли масъала муваффақ хоҳем гашт.
Имрӯз дар вилоят корхонаҳои хурду бузург дар баробари истеҳсоли дигар маҳсулот, дӯхтани либоси мактабиро ба роҳ мондаанд. Дар ҳама маҳаллаҳо сехҳои дӯзандагӣ фаъоланд. Тайи се соли охир дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳрҳои Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Хуҷанд, шаҳракҳои Адрасмону Консой коргоҳҳои махсуси дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар онҳо маҳз либосҳои мактабӣ дӯхта мешаванд.
- Ин намуди фаъолият дар шароити кунунии иқтисодӣ манфиатовар мебошад,- таъкид дорад Фазлиддин Орифов,  мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум. - Агар даҳҳо ҷавондухтарон ҷойи кор ва сарчашмаи зиндагиро дарёбанд, соҳибкорон низ суди молиявӣ мебардоранд. Масалан, бо ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳраки Консой 50 духтари хонашин соҳиби ҷойи кор гашт ва ин раванд дар дигар шаҳракҳои Қайроққум идома дорад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Текстил ситӣ" -и шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи корхонаи азими саноати сабукест, ки бо сару либоси пахтагин - номгӯйи гуногуни куртаҳои мардона, бачагона дар бозорҳои Аврупо мақом пайдо карда, дар  дӯхти либосҳои мактабӣ ҳам таҷриба дорад. Соли 2012 корхонаи мазкур бо дархости Русия наздики 7 ҳазор адад либоси мактабӣ интиқол дод ва ҳоло тибқи қарордод корро боз идома медиҳад.
- Маҳсулоти корхонаи мо аз лиҳози сифат ҷавобгӯи талаби давр буда, бинобар пурра аз матои пахтагин буданаш ба саломатии мактабиён зарар надорад ва бо арзиши аз 100 то 125 сомонӣ фурӯхта мешавад. Либосҳои мактабии воридотӣ, ки140 -150 сомонӣ нарх доранд, асосан аз матоъҳои сунъӣ дӯхта шудаанд, - мегӯяд Насим Каримов, директори генералии корхонаи мазкур. - Таҷҳизот ва иқтидори истеҳсолии корхона имкон доранд фармоиши муштариёнро ба миқдори дилхоҳ анҷом диҳанд ва агар зарурат пеш ояд, роҳбарияти корхона омода аст басти дигар кушода, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад.
Шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Чкалов аллакай ба ин корхона фармоиш ирсол кардаанд. Истаравшан низ миёни дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои дар заминаи саноатӣ ба роҳ мондани дӯхти либосҳои мактабӣ таҷрибаи ғанӣ дорад.
Фаёз Султонов, муовини аввали раиси шаҳри Истаравшан, иброз медорад, ки солҳои қаблӣ низ бо баҳрабардорӣ аз коргоҳҳои нави дӯзандагӣ то 30-40 фисади хонандагони мактабҳои шаҳр, теъдоди муайяне аз дигар навоҳии вилоят, маҳсули дастони дӯзандагони маҳаллиро ба бар мекарданд. Ба хотири то андозае муайян кардани теъдоди эҳтимолии хонандагони ба либоси мактабӣ ниёздошта тасмим гирифта шуд, ки ярмаркаи мактабиёни вилоятро на дар моҳи август, балки аз охирҳои моҳи май оғоз намоянд, ки мувофиқи матлаб аст.

Ҷовиди АШТӢ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.13    №: 76-77    Мутолиа карданд: 1226
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед