logo

президент

Таъиноти кадрӣ

15 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоро, ки ба вазифаи роҳбарӣ дар муассисаҳои таҳсилотҳои олии кишвар, соҳаи кишоварзӣ ва мақомоти корҳои дохиливу кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешниҳод шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадқул Каримов Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Саидамир Ҷононов Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Ҷамшед Ғаниев Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Ғоиб Давлатов Директори Муассисаи давлатии “Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди деҳот” таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Нуробод, шӯъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон ва сардори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иваз карда шуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, баланд бардоштани сифату таълими тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои диду тафаккури муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамони таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.13    №:    Мутолиа карданд: 12215

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед