logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, № 12, мод. 815; мод. 816; с.2010. № 7, мод. 551; с.2011, № 3, мод. 159; № 7-8, мод. 609; с.2012. № 4, мод. 259; № 7, мод. 714; № 8, мод.815; № 12, мод. 1020; мод. 1025), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 159 калимаҳои "ба истиснои парвандаҳои дар қисмҳои 7 ва 8 моддаи 161 Кодекси мазкур пешбинишуда" ба калимаҳои "мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 161, 168 ва 169 Кодекси мазкур" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 161:
- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 "Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки бо тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар ҳамин қисм ва қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура гузаронида мешавад.";
- ба қисми 12 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Агар дар рафти фаъолияти мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва назорати маводи нашъаовар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор шаванд, прокурор ҳуқуқ дорад оид ба тафтиши онҳо гурӯҳҳои тафтишотӣ - оперативӣ таъсис дода, тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро ба зиммаи ҳамин мақомот супорад.".
3. Дар сархати нуздаҳуми қисми 1 моддаи 168 пас аз калимаи "парвандаро" калимаҳои "бо ҳатман нишон додани асос тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 161 Кодекси мазкур" илова карда шуда, калимаҳои "бо риояи қоидаҳои тобеияти тафтишӣ" ва "ба истиснои парванда оид ба ҷинояти хусусияти коррупсионидошта" хориҷ карда шаванд.
4. Ба моддаи 169 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Прокурор оид ба пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, новобаста аз тобеияти тафтишотии онҳо, гурӯҳҳои тафтишотӣ - оперативӣ таъсис дода, тафтиши парвандаро ба зиммаи мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мақоми махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ё назорати маводи нашъаовар месупорад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013,  № 983


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2013,  № 1227


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" -ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 515


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 931

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед