logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ КӮҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо, нигоҳ доштан, самарабахш ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ равона шудааст.
                        
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-минтақаҳои кӯҳӣ) - минтақаҳое, ки дар ҳудуди онҳо иртифоъсанҷии муайян мавҷуд буда, ба он релефи мураккаби ландшафт хос мебошад;
- иртифоъсанҷӣ (гипсометрия) - чен кардани баландии минтақаҳои кӯҳӣ;
- хусусияти табиии минтақаҳои кӯҳӣ - шарти асосии меъёрҳои хоси низоми экологии табиӣ, ки барои зисти аҳолӣ шароити хос муҳайё сохта, ба саломатӣ ва кору фаъолияти онҳо таъсир мерасонад;
- танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ - низоми идоракунии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки самтҳои асосӣ ва муҳими рушди минтақаҳои кӯҳиро муайян менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ  ва принсипҳои асосии он
1. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ  ҷузъи таркибии сиёсати умумидавлатӣ буда, тавассути чорабиниҳо дар самти дастгирии минтақаҳои кӯҳӣ амалӣ карда мешавад.
2. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-  афзалияти дастгирии давлатии минтақаҳои кӯҳӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ;
- ҳифзи асосҳои иқтисодӣ ва экологии минтақаҳои кӯҳӣ;
- дастрасии иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар  амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;
- дастрасии иттилоот оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ;
- оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои табии минтақаҳои кӯҳӣ;
- таъмини муҳити мусоиди зист барои аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ.
Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур инҳоянд:
- муҳайё намудани шароит барои беҳсозии зисти аҳолии  минтақаҳои кӯҳӣ, таъмини кору фаъолияти онҳо,  ҳамчунин кам кардани фарқияти сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ нисбат ба дигар минтақаҳо;
- нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ;
- фароҳам овардани шароити сармоягузорӣ ва ҷалб намудани сармояҳо барои рушди минтақаҳои кӯҳӣ;
- инкишоф додани соҳибкории хурд ва миёна дар минтақаҳои кӯҳӣ;
- анҷом додани дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 5. Ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳӣ
1. Ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳӣ ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
- ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии миёна, ки дар баландии аз 1000 то 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида дорои шароити мӯътадили табиӣ мебошанд;
- ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии баланд, ки  дар баландии аз 1500 то 2000 метр  аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дорои шароити нисбатан мӯътадили табиӣ мебошанд;
- ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии баландтар, ки дар баландии аз 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дорои шароити хосаи табиӣ буда, барои саломатӣ, зисти аҳолӣ ва кору фаъолияти онҳо таъсир мерасонанд.
2. Номгӯи ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии дорои шароити хосаи табиӣ мутобиқи иртифоъсанҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 6. Захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ
1. Захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҳуқуқи истифодабарии объектҳои захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳиро доранд, онро бояд мақсаднок истифода баранд. 

БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ
РУШДИ МИНТАҚАҲОИ КӮҲӢ
Моддаи 7. Субъектҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ
Субъектҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ  мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, тартиби иштироки онҳоро дар ҷараёни рушди минтақаҳои кӯҳӣ Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои кӯҳӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои кӯҳӣ  инҳоянд:
- ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ;
- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ
Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ  инҳоянд:
- ташаккули фондҳои маҳаллии мақсадноки рушди минтақаҳои кӯҳӣ;
- иштирок дар танзим ва истифодаи захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ;
- таъмини дастгирии иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар намудааст. 
Моддаи 10. Ҳадафҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ
Танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ аз ҳадафҳои зерин иборат мебошад:
- таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулот;
- инкишофи саноати коркарди маҳсулот;
- паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекории мавсимӣ;
- инкишофи инфрасохтор барои ташкили шаклҳои гуногуни            саёҳат(туризм) ва истироҳат дар минтақаҳои кӯҳӣ;     
- мусоидат ба афзуншавии ҳаҷми маҳсулоти маҳаллӣ;
- ривоҷи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳу меваҳои худрӯи шифобахш;
- оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- таъмини дастрасии захираҳои қарзии имтиёзнок  барои корхонаҳо ва соҳибкороне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ фаъолият менамоянд;
- инкишофи инфрасохтори иҷтимоӣ ва муҷаҳҳазонии муҳандисии минтақаҳои кӯҳӣ;
- бо маводи илмӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ таъмин кардани маҳалҳои аҳолинишин дар  минтақаҳои кӯҳӣ;
- пардохти музди меҳнат бо назардошти коэффитсиентҳои муқаррарнамудаи ноҳиявӣ ва фоизҳои иловагӣ ба музди меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои рушди минтақаҳои кӯҳӣ
Маблағгузории чорабиниҳои рушди минтақаҳои кӯҳӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 12. Истифодабарии захираҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ
1. Истифодабарандагони захираҳои табиӣ бояд манбаъҳои барқароршавандаи захираҳои табииро  бо восита ва усулҳое истифода баранд, ки ба барқароршавии онҳо дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳ мусоидат намоянд.
2. Истифодабарандагони захираҳои табиӣ бояд талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи табиат риоя намоянд.
3. Тартиби истифодабарии захираҳои табиӣ ва имтиёзҳоро дар минтақаҳои кӯҳӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 13. Ҳамкориҳои байналмилалӣ  оид ба минтақаҳои кӯҳӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни  мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 15.  Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1003


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 июни соли 2013, № 1222

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 536


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-107    Мутолиа карданд: 774

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед