logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №4, мод. 108; с. 2004, №5, мод. 351; с. 2007, №5, мод. 351; с. 2008, №10, мод. 796; с. 2010, №7, мод. 539; №12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, №12, мод. 830; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, №959) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми дуюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.".
2. Дар моддаи 2:
- дар қисми дуюм калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаи "қонуни" ба калимаи "Қонуни" иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 6 баъд аз калимаи "раъйпурсӣ," калимаҳои "раиси Палатаи ҳисоб," илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад;
- ба қисми панҷум баъд аз калимаҳои "мувофиқ нест," калимаҳои "ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояндагон," илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 8:
- дар қисми якум калимаҳои "тибқи қонун" ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "ҳақ", "яроқ" ва "ин ҳуқуқ" мувофиқан ба калимаҳои "ҳуқуқ", "силоҳ" ва "чунин ҳуқуқро" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми чоруми моддаи 9 калимаи "Ҷаласаҳои" ба калимаи "Ҷаласаи" иваз карда шавад.
7. Дар қисми дуюми моддаи 21, қисми панҷуми моддаи 23, қисми панҷуми моддаи 31 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 36:
- дар қисми якум:
- ба банди 10 баъд аз калимаҳои "раиси Бонки миллии Тоҷикистон" калимаҳои ", муовини якум" илова карда шаванд;
- бандҳои 14 ва 15 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"14. Ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ;
15. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- ба банди 14 баъд аз калимаи "мақомоти" калимаи "давлатии" илова карда шавад;
- ба банди 15 баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб" илова карда шаванд;
- бандҳои 14, 15 ва 16 мувофиқан бандҳои 16, 17 ва 18 ҳисобида шаванд;
- қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.";
- қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шавад.
9. Дар моддаи 37:
- дар қисми якум калимаҳои "назоратро аз болои иҷрои он ба роҳ мемонад" ба калимаҳои "иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад" иваз карда шаванд;
- ба қисми шашум баъд аз калимаҳои "Маҷлиси намояндагон" калимаҳои "хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта, ҳисоботи ҷамъбастии Палатаи ҳисоб оид ба фаъолияти аудиториро баррасӣ менамояд ва" илова карда шаванд.
10. Дар қисми панҷуми моддаи 41 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
11. Дар қисми якуми моддаи 42:
- ба банди 8) баъд аз калимаи "мақомоти" калимаи "давлатии" илова карда шавад;
- банди 12) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"12) мӯҳлати баррасии лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузориро тамдид менамояд;";
- банди 12) банди 13) ҳисобида шавад.
12. Дар қисмҳои сеюм ва шашуми моддаи 43 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 49:
- ба қисми дуюм баъд аз калимаҳои "Раиси Маҷлиси намояндагон" калимаҳои "аз ҳисоби аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдор" илова карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
14. Қисми дуюми моддаи 54 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз эътибор соқит донистани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад.".
15. Дар моддаи 56:
- дар қисми якум калимаи "фиристода" ба калимаи "пешниҳод" иваз карда шавад;
- ба қисми сеюм баъд аз калимаҳои "дар бораи" калимаҳои "буҷет, оид ба" илова карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаи "расидаро" ба калимаи "воридшударо" иваз карда шавад.
16. Матни моддаи 58 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро амалӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул мекунад:
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо;
- қонунҳо;
- қарорҳо.".
17. Ҷумлаи сеюми қисми дуюми моддаи 59 хориҷ карда шавад.
18. Дар моддаи 61 калимаҳои "Конститутсияро" ва "қабул" мувофиқан ба калимаҳои "Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро" ва "қабул ва ҷонибдорӣ" иваз карда шаванд.
19. Дар қисми сеюми моддаи 64 калимаҳои "амволе" ва "амвол" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулке" ва "молу мулк" иваз карда шаванд.
20. Дар моддаи 65 калимаҳои "Аъзои", "шаҳодатномаи вакил" ва "аъзои" мувофиқан ба калимаҳои "Узви", "шаҳодатнома" ва "узви" иваз карда шаванд.
21. Дар қисми якуми моддаи 68 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1011


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2013, № 1165

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 544


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.13    №: 108    Мутолиа карданд: 790

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед