logo

фармонҳои президент

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, № 1493

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро дар сиёсати иқтисодии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудааст.
Бо ин мақсад соли сипаригардида "Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015" қабул карда шудааст.
Моҳи апрели соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки дар давраи миёнамуҳлат маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонда шуда, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар ин давра аз дуюним то се баробар зиёд карда шавад. Аз ҷумла марҳалаи аввали он аз 1 сентябри соли ҷорӣ бояд амалӣ гардад.
Ин аст, ки Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, таҳти №1493 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" ба имзо расонда шуд.
Тибқи Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2013 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст.
Яъне, дар ҳамаи корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи кормандон набояд аз 250 сомонӣ кам бошад.
Инчунин, тибқи Фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумии аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб - интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Яъне, имрӯз агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ( аз рӯи меъёри 1 ставка) ба ҳисоби миёна 500 сомониро ташкил намояд, аз 1 сентябри соли ҷорӣ он ба 650 сомонӣ баробар мегардад. Дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синфиро ба уҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 15 ва 20 фоиз иловапулӣ пардохт карда мешавад, ки маоши муаллими тахассуси дараҷаи олии маълумоти олии касбидошта, бо дарназардошти иловапулиҳо, аз 1 сентябри соли ҷорӣ 878 сомониро ташкил медиҳад.
Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф - муассисаҳои таҳсилоти олӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар марказҳои соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин, ба кормандони унвони илмидоштаи ин муассисаҳо иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз пардохт карда мешавад.
Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнат амалӣ мегардад, ки андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур ба 190 сомонӣ баробар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда 157 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин робита маоши вазифавии сартабибон, бо дарназардошти иловапулиҳо ва маблағҳои махсус, ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо ба 1582 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо 1821 сомонӣ ва маоши вазифавии табиби категорияи олӣ дар беморхонаҳо 1083 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо ба 1265 сомонӣ баробар мегардад.
Маоши кормандони соҳаи илм 20 фоиз зиёд карда шуда, вобаста ба ин маоши вазифавии сарходимони илмии институтҳои Академияи илмҳо ба ҳисоби миёна, бо дарназардошти унвони илмӣ, ба 1435 сомонӣ ва сарходимони илмии муассисаҳои соҳавӣ ба 933 сомонӣ расонда мешавад.
Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, 20 фоиз зиёд мегардад, яъне, маоши вазифавии кормандони маъмурии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ба ҳисоби миёна ба 993 сомонӣ ва кормандони маъмурии дигар муассисаҳо (осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон ва шуъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона) ба 804 сомонӣ расонда мешавад.
Маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад ва дар ин робита маоши вазифавии мудири китобхонаи ноҳия аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба 804 сомонӣ баробар мегардад.
Маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, инчунин ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 35 фоиз ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд ва инчунин ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шудааст.
Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант - 450 сомонӣ, яъне 30 фоиз ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш - 405 сомонӣ, яъне 15 фоиз зиёд муқаррар карда шудааст.
Барои ҳарчи бештар ба кори хизмати давлатӣ ҷалб намудани мутахассисони болаёқат музди меҳнати мутахассисон, мутахассисони пешбар ва сармутахассисони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои ҳисоб намудани маоши вазифавии мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ 450 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавии музди меҳнати онҳо 30 фоизро ташкил медиҳад.
Барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум бошад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳои тарифӣ ба андозаи 405 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавии музди меҳнати онҳо 15 фоизро дар бар мегирад.
Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд мегардад.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии нафақа низ мушаххас муқаррар гардидааст.
Аз ҷумла, ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 25 фоиз ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуд, ки мутаносибан андозаи онҳо 130 сомонӣ ва 624 сомониро, дар як моҳ, ташкил медиҳад. Дар айни ҳол, андозаи онҳо мутаносибан ба 104 ва 520 сомонӣ баробар аст.
Инчунин нафақаи заминавӣ ҳам ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.
Нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз 200 сомонӣ кам мебошад, ба 200 сомонӣ баробар мегарданд, вале зиёдшавии онҳо дар ҳар ҳолат бояд аз 25 сомонӣ кам набошад.
Нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо 200 сомонӣ ва аз ин зиёдтарро ташкил менамояд, 25 сомонӣ зиёд карда мешаванд.
Нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории нопурра аз рӯи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол таъин гардидаанд ва нафақаҳои меҳнатии маъюбони гурӯҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо дарназардошти собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам мебошад, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда мешаванд.
Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни 8 солагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидаанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори алоҳида зиёд карда мешаванд.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантон ба андозаи 20 фоиз пешбинӣ гардида, стипендияи Президентии донишҷӯён аз 525 сомонӣ ба 630 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 630 сомонӣ ба 756 сомонӣ расонда мешавад.
Стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз 83 сомонӣ ба 100 сомонӣ расонда мешавад.
Барои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 355 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои:
- кормандони соҳаи маориф - 115,7 млн. сомонӣ;
- кормандони соҳаи тандурустӣ - 42 млн. сомонӣ;
- кормандони ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва илм - 12 млн. сомонӣ;
- кормандони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ - 19 млн. сомонӣ;
-маош ва нафақаи кормандони мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - 42 млн. сомонӣ;
- дигар кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва стипендия - 9,2 млн. сомонӣ;
- нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ 115 млн. сомонӣ равона карда мешавад.
Маблағҳои зикргардида дар Буҷети давлатии соли 2013, аз ҷумла дар буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, буҷетҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор пешбинӣ гардидаанд ва маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 4 моҳи соли ҷорӣ пурра таъмин карда мешавад.
Барои зиёдшавии музди меҳнати кормандони ноҳияҳои субвенсионӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсадноки зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Инчунин барои амалӣ намудани Фармони мазкур маблағҳо аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ равона карда мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.13    №: 112    Мутолиа карданд: 849

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед