logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар расми ба истифода супурдани бинои навбунёди Маркази саломатии шаҳрии рақами 14 дар шаҳри Душанбе, 4 сентябри соли 2013

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо мову шумо дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки давлатиамон, яъне бистудуюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки тамоми дастовардҳои таърихи навини халқи тоҷик аз он сарманшаъ мегирад, қарор дорем.
Кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолии худ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Насли калонсоли имрӯза шоҳид буданд, ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бинобар вазъи ноороми мамлакат соҳаи тандурустӣ рисолати худро дар сатҳи зарурӣ иҷро карда наметавонист. Гузашта аз ин, дар зарфи он солҳо муассисаҳои тиббӣ бо сабаби маблағгузории нокифоя ва норасоии доруворӣ низ самаранок фаъолият намекарданд.
Имрӯз мо бо қаноатмандӣ зикр менамоем, ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар тӯли даҳ соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ зиёда аз 25 баробар афзуда, садҳо иншооти нави тиббӣ сохта шуданд ва ҳамзамон бо ин, муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин карда шуданд.
Инчунин дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ дар самти дастрасӣ ва беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонии тиббиву беҳдоштӣ қариб 4 миллиарду 750 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Ғайр аз ин, Ҳукумати кишвар ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ барои харидории таҷҳизоти муосири ташхисиву табобатӣ маблағҳои зиёд ҷудо намуда истодааст.
Масалан, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии танҳо шаҳри Душанбе дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ 110 баробар афзуда, барои фаъолияти муназзами муассисаҳои тиббӣ ва пешгирии бемориҳо "Барномаи миёнамӯҳлати рушди соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015" қабул гардидааст.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакон ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бунёди беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳрӣ барои 650 кат, ки дорои дармонгоҳ барои қабули 800 нафар эҳтиёҷманд дар як баст ва осоишгоҳ барои 200 кат мебошад, оғоз гардида, сохтмони он босуръат идома дорад.
Бояд хотирнишон созам, ки барои сохтмон ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани он зиёда аз 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, бунёди ду маркази саломатии шаҳрӣ, ки мо имрӯз ба фаъолияти онҳо расман ифтитоҳ бахшидем, дар доираи татбиқи барномаи мазкур анҷом дода шуд.
Барои бунёд ва муҷаҳҳазгардонии маркази саломатии шаҳрии рақами 9, ки барои 500 нафар эҳтиёҷмандон пешбинӣ гардидааст, зиёда аз 12 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Инчунин барои сохтмони маркази саломатии шаҳрии рақами 14, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, 36 миллион сомонӣ сарф шуда, барои қабули 800 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст.
Имрӯз мо боз як муассисаи тиббӣ - озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятиро ифтитоҳ намудем, ки маблағи умумии сохтмон ва таҷҳизонидани он зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, маблағи умумии сохтмон ва таҷҳизонидани чаҳор муассисаи тиббии имрӯза зиёда аз 463 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи ба фаъолият оғоз кардани муассисаҳои мазкур зиёда аз 3 ҳазор нафар табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони соҳаи тиб бо ҷойи нави кори доимӣ таъмин карда мешаванд ва итминон дорам, ки бо фароҳам овардани чунин шароити мусоиду муосири корӣ тамоюли муҳоҷирати кормандони соҳаи тиб ба хориҷи кишвар коҳиш меёбад.
Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бистудуюмин солгарди истиқлолияти давлатӣ, инчунин ба муносибати ифтитоҳи муассисаҳои нави тиббӣ табрик гуфта, ба сохтмончиёну муҳандисон ва ҳамаи масъулоне, ки дар бунёди чунин иншооти муосири тандурустӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Марказҳои саломатие, ки имрӯз мо ба фаъолияти онҳо ҳусни оғоз бахшидем, дорои инфрасохтори мусоиду замонавӣ буда, дар онҳо ҷиҳати ташхиси баландсифат ва расонидани кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бунёди чунин муассисаҳо метавонад бар ивази ёрии тиббии беморхонаҳо хизматрасонии тиббии дастрас, саривақтӣ ва камхарҷро ба ниёзмандон пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустиро зарур аст, ки минбаъд низ фаъолияти худро дар самти таҷдиди сохтор ва истифодаи самараноки чунин муассисаҳо густариш бахшад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бунёду муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ барномаҳои рушди соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияро тасдиқ намуда, ҷиҳати ташхису табобати теъдоди ҳарчи бештари ниёзмандон маблағҳои мақсаднокро ба нақша гиранд.
Зимнан, ба Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода мешавад, ки ҷиҳати мақсаднок равона намудани захираҳои молиявӣ ба рушди инфрасохтори соҳа тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дӯстони арҷманд!
Рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ бидуни мавҷудияти нерӯи зеҳнӣ, яъне кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст.
Ҳукумати кишвар бо дарки аҳамияти масъалаи мазкур ҳамеша ҷиҳати рушди неруи зеҳнии соҳаи тандурустӣ тадбирҳо андешида, тарбия ва ҳавасмандгардонии кормандони тибро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ арзёбӣ менамояд. Ин аст, ки дар зарфи солҳои истиқлолият бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳа зиёда аз 6 ҳазор нафар кормандони соҳаи тиб дар кишварҳои хориҷа ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин барои пешрафти соҳаи тандурустии мамлакат зиёда аз 20 барнома ва стратегияҳо оид ба солимгардонии аҳолии кишвар қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо бидуни фаъолияти самараноки ҳар як корманди соҳа ғайриимкон аст.
Дар қатори табибон инчунин дар самти расонидани кумаки бевоситаи тиббӣ кормандони миёнаи тиб низ масъул мебошанд. Дар тӯли солҳои истиқлолият беш аз 75 ҳазор нафар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро хатм намудаанд, ки 73 фоизи онҳоро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумот имрӯзҳо дар муассисаҳои тандурустии кишвар қариб 39 ҳазор нафар мутахассисони миёнаи тиб фаъолият дошта, дар баробари ин, ҳоло муассисаҳои тиббӣ ба зиёда аз 8 ҳазор нафар мутахассисони миёнаи тиб эҳтиёҷ доранд.
Вобаста ба ин, Вазорати тандурустиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати ба фаъолияти тахассусӣ ҷалб намудани ҷавондухтарони хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз сокинони пойтахти мамлакатамон бо фароҳам омадани инфрасохтори зарурӣ ва шароити мусоиди ташхису табобат аз тамоми имкониятҳои соҳаи тандурустии кишвар баҳраманд мебошанд. Вале бояд гуфт, ки бинобар нокифоя будани мутахассисони соҳибунвону варзида дар шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, махсусан дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию беҳдоштӣ, маҳдуд будани имконияти ташхису табобат барои сокинони деҳот, набудани таваҷҷуҳи зарурӣ ба табибони оилавӣ ва дар маҷмӯъ ба хадамоти кумаки аввалияи тиббию беҳдоштӣ боиси мушкилоти зиёди аҳолии як қатор ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияҳои деҳоти дурдаст гардидааст.
Алҳол аз 804 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар, ки унвони илмӣ доранд, 707 нафарашон дар муассисаҳои тандурустии пойтахт фаъолият менамоянд. Яъне наздики 90 фоизи иқтидори зеҳнии соҳаи тибби мамлакат дар пойтахт ҷамъ омадааст, ки,  мутаассифона, ин падида паёмадҳои манфӣ низ дорад.
Аксарияти олимоне, ки рисолаҳои илмии худро дар бахши тибби амалӣ дифоъ намудаанд, таҳқиқоташонро дар асоси таҳлил ва қиёси омилҳои гуногуни беморшавӣ анҷом додаанд. Бинобар ин, ҳолати таҳлилу таҳқиқи илмиву амалии соҳаи тандурустӣ, ба истиснои пойтахти кишвар, дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди нигаронӣ боқӣ мемонад.
Бо дарназардошти чунин вазъ, Вазорати тандурустӣ ва Академияи илмҳои тибро зарур аст, ки масъалаи ташкил намудани таҳқиқоти илмиву амалии мутахассисони тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан минтақаҳои дурдастро тавассути сарпарастӣ ва роҳбарияту ҳидояти илмии донишмандони варзидаи соҳа таъмин намуда, ҷиҳати коҳиш додани фарқи хизматрасонии тиббию беҳдоштии дастрас, босифат ва баландихтисос байни шаҳр ва деҳоти мамлакат чораҳои муассир андешад.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки барои мутахассисони ҷавон, махсусан онҳое, ки дар сатҳи хадамоти кумаки аввалияи тиббию беҳдоштӣ фаъолият мекунанд, тадбирҳои ҳавасмандкуниро анҷом дода, ин масъалаи муҳимро зери назорати доимии худ қарор диҳанд.
Табибони арҷманд!
Чанд рӯз пеш аҳли илми кишвар бо ифтихор аз фарҳанги оламгири худ ҳазораи оғози таълифи "Қонуни тиб"-и Абуалӣ ибни Сино ва Рӯзи касбии кормандони тибро таҷлил намуданд.
Осори бадеӣ, фалсафӣ ва тиббии Шайхурраис гувоҳи он аст, ки гиромидошти инсон ва эҳтироми ғояҳои башардӯстӣ меҳвари рӯзгор ва фаъолияти касбии ин шахсияти барҷастаро ташкил медиҳад.
Аз ин хотир, табибони мо низ вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст. Табиб бояд на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо суханҳои самимӣ ва бо рафтори ҳамида беморро тандурустӣ бахшад.
Вобаста ба ин, бо мақсади ба танзим даровардани ҷанбаҳои ахлоқии фаъолияти табибон ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи таҳия ва қабули Кодекси ахлоқи табибони Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Таъмини истиқлолияти воқеии давлат аз истиқлолияти ақлҳо вобаста буда, саҳми шумо - кормандони тиб дар ин самт хеле муҳим аст.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои бунёди муассисаҳои муосири тиббӣ ва таъмини шароити мусоид барои табобати сокинон аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад. Ҳамзамон бо ин, итминон дорам, ки шумо низ дар самти беҳдошти саломатии аҳолии мамлакат ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тамоми донишу малакаи худро сафарбар месозед.
Дар интиҳои сухан бори дигар шумо ва кулли кормандони соҳаи тандурустии кишварро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави тиббӣ шодбош гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, барори кор ва дар пешбурди фаъолияти шарафманду пурифтихоратон комёбиҳои тоза орзумандам.
Доимо саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.13    №: 119    Мутолиа карданд: 486

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед