logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ховалинг, 29 сентябри соли 2013

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар идомаи сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар имрӯз мо ба дидори сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ховалинг омада, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва раванди корҳои ободониву созандагӣ шинос гардидем ва тасмим гирифтем, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи ноҳия бо шумо - роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардум мулоқот доир намоем.
Бояд гуфт, ки сокинони заҳматпешаи ноҳияи Ховалинг дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ заҳмат кашида, ба бисёр дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд, ки мо имрӯз ҳангоми боздид аз ноҳия ба ин итминон ҳосил кардем. Маҳз натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ин диёри бостонист, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Ховалинг низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ торафт вусъат гирифта истодаанд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини пешрафти ноҳияи Ховалинг ва ҳаллу фасли мушкилоти сокинони он ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Масалан, дар давраи солҳои 2000-2012 ва нимсолаи якуми соли 2013 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди ноҳияи Ховалинг ва соҳаҳои иҷтимоии он зиёда аз 126 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 93 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Имрӯз дар ҳудуди ноҳия се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, сохтмони мактабҳо ва тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат танҳо дар давоми ду соли охир сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва хизматрасонӣ ба маблағи зиёда аз 44 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои рушди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Ховалинг ва беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Дӯстони азиз!
Дар замони истиқлолият соҳаи саноати ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути таъмини фаъолияти муназзами иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, азнавсозии истеҳсолот ва таҷҳизонидани корхонаҳои истеҳсолӣ бо технологияҳои пешқадам ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Ҳамчунин дар ин давра бо дастгирии вазорату идораҳо ва ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ чандин корхонаҳои хурди саноатӣ бо садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфтаанд.
Танҳо соли ҷорӣ бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ба корхонаи “Тиллои тоҷик” аз буҷети давлат 55 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 4 миллион сомонии он барои хариди таҷҳизоту техника ва воситаҳои асосии корхона равона карда шудааст.
Ҷиҳати тадриҷан афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар назди корхонаи “Тиллои тоҷик” қитъаи сеюм бо ҷалби 200 нафар мутахассисону коргарон, инчунин корхонаҳои заршӯии “Исроил” ва “Гули мурод” бо 130 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намудаанд.
Дар робита ба ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки якҷо бо Корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик” ва корхонаҳои заршӯии мавҷуда ҷиҳати афзоиш додани истихроҷи маъдан, баланд бардоштани сатҳи коркарди он, инчунин ташкили ҷойҳои иловагии корӣ пайваста чораҷӯӣ намоянд. Зеро соҳаи саноати ноҳияи Ховалинг қисми муҳими саноати вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди он захираҳои бузурги истеҳсолии маъдан мавҷуданд. Яъне дар сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷи маъдан ҳиссаи бештарро ишғол менамояд ва ин соҳа сарчашмаи асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Боиси қаноатмандист, ки соли гузашта корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи қариб 117 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 1991-ум 240 баробар зиёд мебошад. Зиёд будани талабот ба маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоли тилло дар бозори дохиливу берунӣ тақозо мекунад, ки истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад ва ин дар навбати худ боиси афзоиши даромади буҷети маҳаллӣ ва беҳтар шудани зиндагии аҳолӣ мегардад.
Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат аз ҷониби корхонаи «Союз-зар» сохтмони корхонаи дӯзандагӣ барои 50 нафар дар деҳаи Сияфарк ба анҷом расидааст, ки айни замон бо дастгоҳҳои дарздӯзӣ таҷҳизонида шуда, омодаи кор мебошад.
Ноҳияи Ховалинг яке аз минтақаҳои аграриву саноатии мамлакат буда, 85 фоизи аҳолии қобили меҳнати деҳот асосан ба ғаллакориву сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, чорводориву боғдорӣ ва занбури асалпарварӣ машғул мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки зимни сафари қаблӣ ҷиҳати бунёди боғу токзорҳои нав, истифодаи самараноки обу замин ва ҷангал, зиёд намудани истеҳсоли мева ва содироти он ба хориҷи кишвар, васеъ намудани майдони кишти картошка ва сабзавот супоришҳои мушаххас дода будем.
Тибқи маълумот соли ҷорӣ 256 гектар боғҳои нав бунёд гардида, майдони кишти картошка ба 755 гектар расонида шудааст. Дар маҷмӯъ соли 2012 корхонаҳои кишоварзии ноҳия ба андозаи 115 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда дар зарфи солҳои истиқлолият 3,8 баробар зиёд гардидааст. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имкониятҳои ноҳия дар самти боз ҳам афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз хеле зиёд мебошанд.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиди ноҳия доир ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хусусан рушди боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Масъалаи таъмиру азнавсозӣ ва бунёди роҳу пулҳои нав яке аз омилҳои муҳими ба рушди шаҳру ноҳияҳо мусоидаткунанда ба ҳисоб меравад ва аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба ҳалли он аҳамияти доимӣ ва махсус зоҳир менамояд.
Тибқи маълумот то ба имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ беш аз 200 километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла қитъаи роҳи мошингарди Ховалинг-Тавилдара ва пулҳои болои дарёи Ёхсу таъмиру барқарор карда шудаанд.
Хурсандиовар аст, ки дар ин кори хайр соҳибкорони маҳалливу шахсони саховатпеша фаъолона саҳм мегузоранд ва ман ба ҳамаи онҳое, ки дар иҷрои ин амалҳои нек саҳми ватандӯстонаи хешро мегузоранд, миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум бо ҷалби сармоягузории Бонки Осиёии Рушд сохтмону азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ – Ховалингро ба нақша гирифта буд ва мо субҳи имрӯз ба ин кори хайр ҳусни оғоз бахшидем.  Итминон дорем, ки иқдоми мазкур дар самти беҳтаршавии робитаи нақлиётии ноҳияи Ховалинг бо ҳамаи минтақаҳои мамлакат мусоидат менамояд.
Лоиҳаи сармоягузории давлатии таҷдиди роҳи Восеъ – Ховалинг қариб 425 миллион сомониро ташкил дода, таҷдиду азнавсозии қариб 88 километр роҳ, аз ҷумла 40 километр дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ва қариб 48 километр дар ҳудуди ноҳияи Ховалингро дарбар мегирад
Расо ду сол қабл зимни сафари корӣ ба субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла ба корхонаҳои заршӯии «Одина», «Союз-Зар» ва «Ганҷ» ҷиҳати бунёди литсей-интернат ва ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаҳои Шугнов, Сангдара ва Зелолак супоришҳои мушаххас дода будем.
Дар Ҷамоати деҳоти Шугноб корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла сохтмони мактаб - интернат, бинои дуошёнаи таълимӣ бо хобгоҳаш барои 320 нафар, ошхона ва толори варзишӣ, коргоҳи нонпазӣ, коргоҳи заргарӣ барои 30 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти кишоварзӣ, коргоҳи дӯзандагӣ барои 20 ҷойи корӣ аз ҷониби корхонаи заршӯии «Одина» пурра ба анҷом расида, имрӯз ба истифода супурда шуданд.
Инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат аз 20 октябри соли 2011 сохтмони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳаи Зелолак аз ҷониби корхонаи заршӯии «Помир» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Сурхо тавассути маблағгузории корхонаи «Ганҷ» пурра ба анҷом расидааст. Вале дар баробари ин, таъкид месозам, ки сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Сангдара кашол ёфта истодааст.
Бинобар ин, Вазорати энергетика ва саноат, корхонаи “Союз-Зар” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани бунёди мактаби мазкур тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Дар баробари ин, сохтору мақомоти дахлдор ва масъулони соҳаро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ховалинг бо таърих ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур аст. Дар ҳудуди ноҳия 55 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг дар мавзеъҳои Хонақои Севодара ва Кӯлдара ва маъбади буддоии Чепол мавҷуд мебошанд.
Ба истиқболи ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар мавзеи Мазори Ҳазрати Султон меҳмонхонаи хуштарҳу замонавӣ барои меҳмонону сайёҳон бунёд карда шудааст, ки ба рушди минбаъдаи туризми ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди минбаъдаи ноҳия ба ҳисоб меравад. Зеро илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр ташкил намудани инфрасохтори зарурӣ барои рушди туризм ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз роҳҳои муҳими бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.
Итминони комил дорам, ки сокинони фарҳангдӯсту заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияи Ховалинг минбаъд низ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ободии ноҳия ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар охир ба ҳамаи шумо - сокинони бонангу номус ва ҳимматбаланду меҳмоннавози ин диёри зебоманзару куҳанбунёд тансиҳативу хонаободӣ ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.13    №: 127-128    Мутолиа карданд: 1077
02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.06.2020


ХУШХАБАР. 72,4 ДАРСАДИ СИРОЯТШУДАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

ҚУБОДИЁН. БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. АВВАЛИН БОХТҲОИ "ФАЙЗКАНД" ВА "ХАТЛОН"

СУТ: «МО ШОҲИДИ ҚАҲРАМОНӢ ВА ФИДОКОРИИ ПИЗИШКОНИ ТОҶИК БУДЕМ»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 71,2 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед