logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон, 9 октябри соли 2013

Ҳамватанони арҷманд!
Дӯстони азиз!
Соли гузашта мову шумо дар шаҳраки Ваҳдати маркази ноҳия ба фаъолияти як қатор иншооти маъмурӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода будем, ки сохтмони боз якчанд иншооти нави маъмуриву хизматрасониро ба анҷом расонанд.
Дар ин муддат сохтмончиёни ноҳия ба бунёду азнавсозии 40 иншоот оғоз намуда, имрӯз бо ширкати сокинони ноҳия биноҳои шуъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура, амният, комиссариати ҳарбиву филиали «Агроинвестбонк» ва дидбонгоҳи нави сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар деҳаи Пашор, ки дар маҷмӯъ бо харҷи 12 миллион сомонӣ бунёд гардидаанд, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заҳмати созандаи мардуми ободгарамон ҳоло симои маркази ноҳия хеле зебову дилкаш гардида, барои фаъолияти пурсамари қариб ҳамаи сохтору мақомоти ноҳия шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин, ба сохтмончиёну муҳандисон ва меъморони иншооти имрӯза, ки ҳамаи онҳо дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд бунёд карда шуданд, миннатдории Ҳукумати кишварро изҳор менамоям.
Меҳнати содиқонаи фарзандони заҳматписанди Шуғнон аст, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳи кишварамон бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт тадриҷан рушд ёфта, солҳои охир дар доираи сиёсати созандаву бунёдкории кишварамон корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум гардидаанд.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон аз ҳисоби буҷети давлат барои ҳифзи иҷтимоӣ, вусъат додани корҳои сохтмон ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои ноҳия зиёда аз 270 миллион сомонӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии буҷети ноҳия ва анҷом додани дигар пардохтҳои иҷтимоӣ 115 миллион сомонӣ равона гардидааст. Имсол фақат барои сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 53 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.
Солҳои охир дар раванди амалигардонии ташаббусҳои неки ободкориву созандагӣ дар миқёси ноҳия як қатор иншооти маъмуриву маишӣ, пулҳо ва хатҳои оби нӯшиданӣ, муассисаҳои таълимиву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд.
Имрӯзҳо сохтмони пули деҳаи Барсем ва роҳи мошингарди деҳаи Бадчор, гузаронидани лӯлаи обгузар дар деҳаҳои Боғев, Миёншаҳр, Даштак, Вер, Навобод, Турбат, таъмири канали ҳафткилометраи Сохчарв – Чошкандез ва сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Возм ба маблағи қариб ду миллион сомонӣ идома дорад.
Дар натиҷаи чораҳои то имрӯз амалигардида соҳаҳои воқеии иқтисоди ноҳия, яъне саноату кишоварзӣ мунтазам тараққӣ карда, дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17 баробар афзоиш ёфтааст ва ҳаҷми умумии он ба 20 миллион сомонӣ расидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ноҳияи Шуғнон 36 фоизи маҳсулоти саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истеҳсол мешавад.
Дар ин давра иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда эҳёву таҷдид ва якчанд корхонаҳои нави саноатӣ таъсис дода шуда, фаъолияти самараноки Неругоҳи барқи обии «Помир-1», корхонаи коркарди санги «Лаъл» ва фабрикаи дӯзандагии «Ҳаёти нав» таъмин гардидааст ва илова бар ин, чандин корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла сехи дуредгарӣ ва фабрикаи парандапарварӣ бунёд ва ба истифода супурда шудааст.
Ҳоло дар деҳаи Боғев аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ бунёди корхонаи коркарди ғалла бо иқтидори 60 тонна ғалла дар як шабонарӯз ва анбори нигоҳдории 6 ҳазор тонна ғалла босуръат идома дорад. Арзиши лоиҳавии корхона 11,5 миллион сомонӣ буда, баробари мавриди истифода қарор гирифтани он, яъне то охири соли ҷорӣ 70 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи нави корӣ таъмин карда мешаванд.
Дӯстони гиромӣ!
Саҳми кишоварзон барои баланд гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодиёти ноҳия назаррас буда, ҳоло 1600 гектар замини обӣ ва беш аз 28 ҳазор гектар чарогоҳ дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродиву оилавӣ қарор дорад.
Дар доираи барномаи қарздиҳӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат дар давоми шаш соли охир ҳаҷми қарзи ба соҳибкорони ноҳия додашуда беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, аз ду миллион сомонии соли 2006 имрӯз ба 13 миллион сомонӣ расидааст. Дар натиҷа дар давоми се соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия беш аз чор баробар афзоиш ёфта, соли ҷорӣ ба 25 миллион сомонӣ расидааст ва афзоиши маҳсулот танҳо дар зарфи як сол беш аз ҳафт миллион сомониро ташкил кардааст, ки ин, албатта, қобили дастгириву таҳсин мебошад.
Инчунин бояд гуфт, ки дар ноҳия барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои обӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, инчунин азхудкунии заминҳои нав тадбирҳои мунтазам андешида мешаванд.
Имсол 21 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, тибқи барномаи азхудкунии заминҳои нав то соли 2015 азхудкунии 60 гектар замин дар мавзеи Сижди Ҷамоати деҳоти Навобод дар назар дошта шудааст. Ин иқдом боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бо ҷойи корӣ таъмин шудани аҳолӣ ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё сохтани шароити мусоиди таълим дар мамлакат барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015 қабул гардида, давра ба давра амалӣ шуда истодааст.
Дар доираи барномаи мазкур дар чор соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави ноҳияи Шуғнон панҷ мактаби нав бо 2600 ҷойи нишаст ва умуман дар давраи соҳибистиқлолӣ мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Аз ҷумла имсол дар арафаи ҷашни 22-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони мактабҳои рақами 23 ва 43 ба маблағи қариб чор миллион сомонӣ барои 400 ҷойи нишаст ба охир расида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамзамон бо ин, тибқи нақша соли ҷорӣ сохтмони боз панҷ мактаби таҳсилоти миёна ва бинои нотамоми литсейи касбҳои техникии рақами 77 оғоз мегардад. Инчунин толори варзишии мактаби рақами 11 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон сохта, ба истифода дода шуда, дар оянда сохтмони толори варзишӣ дар мактаби рақами 20 ба маблағи дуюним миллион сомонӣ ва толори варзишӣ барои бозии тӯби дастӣ ба маблағи се миллион сомонӣ оғоз меёбад.
Дар давоми даҳ соли охир бо мақсади таъмин намудани аҳолии қобили меҳнати ноҳия бо ҷойи корӣ тавассути барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ қариб 13 ҳазор ва фақат соли ҷорӣ 1500 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Итминон дорам, ки баробари ба фаъолият оғоз намудани иншооти сохтмонашон оғозгардида раванди бо кор таъмин намудани сокинони ноҳия боз ҳам беҳтар мегардад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар деҳот ва маркази навтаъсиси ноҳияи Шуғнон ҳанӯз як силсила масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли онҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ вобаста мебошад.
Пеш аз ҳама зарур аст, ки дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2013-2017» тадбирҳои зерин анҷом дода шаванд:
Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти доимии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, бахусус дар мавзеи ағбаи Кӯҳтезак масъалаи ҷудо намудани техникаи заруриро баррасӣ намоянд.
Агентии сохтмон ва меъморӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки дар ҷамоатҳои деҳоти калонтарини ноҳия - Дарморахт ва Сучон доир ба бунёди биноҳои маъмурӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба кӯчонидани маркази ноҳия аз шаҳри Хоруғ ба шаҳраки Ваҳдат чораҷӯӣ намоянд.
Ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Агентии сохтмон ва меъморӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки бо мақсади тараққӣ додани сайёҳӣ ва истифодаи обҳои шифобахш масъалаи бунёди маркази табобатии замонавиро дар деҳаи Ҷелондеҳ баррасӣ намоянд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент вазифадоранд, ки доир ба ҳалли масъалаи бо оби нӯшиданӣ ва шабакаи корезӣ таъмин намудани иншооти маъмуриву хонаҳои истиқоматии шаҳраки навбунёди Ваҳдат тадбирҳои амалӣ андешанд.
Мо имрӯз дар маркази маъмурии ноҳия санги асоси сохтмони хонаи истиқоматии 24-ҳуҷрадорро гузоштем ва бовар дорем, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин аз ҷумлаи сокинони ноҳия 24 оила соҳиби манзили нави истиқоматӣ мешаванд.
Давлат ва Ҳукумати кишвар баробари рушди иқтисодиёт ва афзоиши даромади буҷет барои рушди ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинони он минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Итминон дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматписанд ва баору номуси ноҳияи Шуғнон мисли сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибватанӣ дар оянда низ барои ободии диёри зебоямон ва татбиқи нақшаҳои нави рушди Ватани азизамон саъю талош хоҳанд кард.
Имрӯз аз файзу баракати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ фазои хонадони ҳар яки мо пур аз шодиву сурур ва амониву осудагӣ мебошад, ки мо инро дар ин гӯшаи диёри биҳиштосоямон - ноҳияи Шуғнон ва аз чеҳраҳои нуронии мардуми шарифи ноҳия ба хубӣ эҳсос менамоем.
Дар охир барои истиқболи гарму самимиятон изҳори сипос карда, ба ҳамаи шумо саломативу хушбахтӣ, хонаи ободу рӯзгори осуда ва барои идомаи муваффақонаи корҳои бунёдкориву ободонии ноҳияи Шуғнон барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.13    №: 134-135    Мутолиа карданд: 524

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед