logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 14 октябри соли 2013

Ҳамватанони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар мулоқоту вохӯриҳои бисёре, ки мо бо шумо - роҳбарону масъулон, намояндагони аҳли зиё, ҷавонону занон ва сокинони шаҳру ноҳияҳо ҳангоми сафарҳои кории имсола ба вилояти Суғд баргузор карда будем, доир ба иқдомоти созанда ва корҳои дар солҳои охир баанҷомрасида ва умуман пешрафту ободиҳое, ки дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешидашуда ва заҳмати садоқатмандонаи мардуми вилоят ба даст омадаанд, бо қаноатмандӣ изҳори назар карда будем.
Зимни суҳбату вохӯриҳо таъкид карда будам, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати хиради азалӣ, азму иродаи созанда ва пуштибонии самимонаи мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯз аз рӯз таҳким ёфта, иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон тадриҷан мустаҳкам ва сатҳу сифати зиндагии халқамон зина ба зина баланд шуда истодааст.
Илова бар ин, мову шумо имрӯз дар шароити сулҳу суботи комил ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории мустақили миллии худ, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин рушди минбаъдаи мамлакат иқдоми созандаву ободгаронаи худро амалӣ намуда истодаем.
Яъне дарки амиқи моҳияти аслии ваҳдати миллӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии халқи азизамон омили муҳимтарини ҳама гуна дастоварду пешравиҳои мо мебошад. Ин нуктаи муҳимро зиндагии имрӯзаи орому осудаи сокинони мамлакат, пешравиҳои дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ бадастовардаи кишвар ва корномаҳои созандаву ободгаронаи мардуми сарбаландамон, аз ҷумла сокинони баору номуси вилояти Суғд ҳамарӯза собит менамояд.
Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сардори давлати Тоҷикистон интихоб шуданам ба мардуми шарифи Тоҷикистон ваъда дода будам, ки барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии кишвари маҳбубам то ҷон дар тан дорам, пайгирона талош меварзам. Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ки ба сарзамини Суғди бостонӣ сафар мекунам, дар навбати аввал дар зеҳну тафаккурам ҳамин андешаҳо ҷой мегиранд, зеро маҳз азму иродаи намояндагони мардум ва муҳаббату боварии халқи азизам боис гардид, ки маро дар ин Кохи муқаддас ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуда, барои фаъолияти пурзаҳмати роҳбарии давлате, ки дар вазъи ниҳоят фалокатбор қарор дошт, дуои нек доданд.
Ман ҳамчун фарзанди халқи тоҷик ҳамеша ба ин сарзамин, бахусус ба Қасри бошукӯҳи Арбоб, чун макони бароям хеле азиз эҳтироми хоса дорам ва дар ҳама гуна маврид ба ин қаср арҷ мегузорам.
Имрӯз кишварҳои олам Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун меросбари тамаддуни бузург ва миллати соҳибистиқлол эътироф карда, ташаббусҳои моро ба манфиати тамоми сайёра дастгирӣ менамоянд, ки аввалин изҳороту ташаббусҳои мо доир ба таъмини сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҳамин қаср эълон шуда, нахустин қадамҳо ба сӯи ободии фардои миллат дар ҳамин макони муқаддас гузошта шуда буданд.
Ба таъбири донишмандону муаррихон Қасри Арбоб на танҳо барои ман ҳамчун сиёсатмадор ҷиҳати баромадан ба сатҳи ҷаҳонӣ роҳ кушод, балки дарвозаи оромиву ободиро ба рӯи Тоҷикистон боз кард ва аз ҳамин ҷо рӯзҳои неку осуда, тантанаи суруди сулҳу ваҳдати миллӣ оғоз ёфт. Гумон мекунам, ки достони безаволи шукронаи тоҷикон дар давраи навини давлатдориамон аз ҳамин кохи бегазанди миллат, яъне Қасри Арбоб оғоз ёфта, ба наслҳои имрӯз ҳамчун достони сарнавиштсоз талқину таблиғ гардид ва достонҳои дигари ватандӯстиву хештаншиносӣ барои созандагони фардои Ватан эҷод шуда истодаанд.
Аз ин лиҳоз, мо бо шукргузорӣ аз неъмати соҳибихтиёрӣ ва сулҳу суботи устувор ва бо такя ба андешаҳои созанда ва заҳмати бунёдкоронаи халқамон дар шоҳроҳи боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиамон ва расидан ба зинаҳои нави тараққиёти давлатамон бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем. Ва чунонки мардуми шарифи Тоҷикистон хуб мушоҳида мекунанд, мо сол аз сол ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ноил шуда истодаем.
Агар ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд назар афканем, ба зудӣ эҳсос менамоем, ки мо ба шарофати ваҳдату ягонагӣ ва аз баракати фазои орому осуда аз куҷо ба куҷо расидаем. Аз ҷумла танҳо соли 2012 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба 8,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2006 чор баробар зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ низ ба маротиб афзудааст. Масалан, агар соли 2007 даромади буҷети вилоят 199 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам соли 2012 ба 1,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст ва нақшаи даромади буҷети вилоят барои соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети вилоят низ тадриҷан афзун гардида, аз 143 миллион сомонии соли 2006 ба 714 миллион сомонӣ дар соли гузашта баробар гардидааст, ки дар муқоиса бо соли 2006 572 миллион сомонӣ ё панҷ баробар зиёд мебошад. Пайваста афзоиш ёфтани қисми даромади буҷети вилоят имконият фароҳам овард, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншооти гуногуни давлатӣ тадриҷан зиёд карда шавад.
Агар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷот барои бахши иҷтимоӣ 112 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда соли гузашта нисбат ба соли 2006 5,4 баробар зиёд шуда, маблағгузории соҳаи маориф 3,7 баробар, тандурустӣ - 7,2, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – ду баробар ва фарҳангу варзиш 21 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин дар ин давра музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ тадриҷан зиёд гардида, дар ҳафт соли охир танҳо андозаи миёнаи нафақа 4,3 баробар афзудааст.
Бо татбиқ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ масъалаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла сохтмону азнавсозии роҳу пулҳо, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, хатҳои интиқоли барқ, амалисозии босамари ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, сохтмони иншооти маорифу тандурустӣ тадриҷан роҳандозӣ гардида, дар ин замина муҳайё намудани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ дар маҷмӯъ ба раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон мусоидат менамоянд.
Дар зарфи ҳафт соли охир дар доираи татбиқи 34 лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар вилоят 3,2 миллиард сомонӣ маблағҳо аз худ карда шудаанд, ки ин нишондиҳандаи хеле назаррас мебошад. Итминон дорам, ки таваҷҷуҳи бештар ба ин самти фаъолият ва истифодаи ҳарчи пурсамари имкониятҳои аз ин ҳисоб фароҳамомада боиси боз ҳам тараққӣ кардани иқтисодиёти мамлакат ва вилоят, инчунин беҳтар шудани шароити зиндагиву рӯзгори мардум мегардад.
Дар солҳои 2006-2012 дар бахши сохтмони асосии вилоят таҳаввулоти куллӣ ба миён омад. Дар ин муддат ҳаҷми умумии ҷалби сармоя ба соҳаи сохтмон бо дарназардошти ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи дар барномаи рушди вилоят пешбинигардида беш аз панҷ баробар зиёд мебошад.
Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи бинокорони вилоят дар ҳафт соли охир як миллиону 900 ҳазор метри мураббаъ манзил, муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 35 ҳазор ҷойи нишаст ва беморхонаву дармонгоҳҳо барои ҳазорҳо нафар сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ғайр аз ин, дар ин давра садҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла варзишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавии дорои аз 5 ҳазор то 25 ҳазор ҷойи нишаст дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилоят, садҳо майдону толорҳои варзишӣ ва даҳҳо марказҳои фароғативу фарҳангӣ сохта шуданд, ки ҳоло мавриди баҳрабардории сокинони вилоят ва меҳмонони дуру наздик қарор доранд. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 80 толор ва 190 майдончаҳои варзишӣ сохта шудаанд.
Дар ин давра роҳҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Қайроққум, Чкалову Исфара, Истаравшану Панҷакент, Конибодому Ғончӣ, Ашту Мастчоҳ ва Спитамену Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи зиёда аз 125 миллион сомонӣ азнавсозӣ гардида, аз ибтидои соли равон то имрӯз барои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо беш аз 40 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар робита ба вусъат додани корҳои ободонӣ дар вилоят бори дигар таъкид месозам, ки дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти таҷҳизоту технологияҳои навтарин омили муҳими таъмини рушди иқтисодӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Тайи солҳои охир дар натиҷаи таъсиси корхонаҳои нав ва ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ афзуда, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот ба 3,7 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2006 4,7 баробар зиёд аст.
Умуман дар вилоят тайи ҳафт соли охир 249 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, дар онҳо қариб 10 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Гузашта аз ин, бори аввал дар кишварамон дар корхонаҳои саноатии вилоят бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсоли шишаву коғаз, лӯлаҳои пластикӣ ва дигар маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда шуд.
Дӯстони азиз!
Дар раванди таъмин намудани фаровонии молу маҳсулоти ватанӣ саҳми кишоварзони вилоят, ки соҳиби таҷрибаву анъанаҳои нек мебошанд, хеле назаррас аст. Онҳо тавассути истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои муосири коркарди маҳсулот дар самти таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши муҳим бозида истодаанд.
Соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба зиёда аз 4,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2006 3,4 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми қариб дуюним миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.
Дар баробари ин, масъулони соҳа бояд барои зиёд кардани номгӯ ва ҳаҷми молҳои содиротии кишвар, пайдо намудани бозорҳои нави минтақавию ҷаҳонии фурӯши онҳо тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, барои расидан ба ин мақсад захираву имкониятҳои истифоданашударо босамар ба роҳ монанд.
Тавре дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудам, тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, дорои масъулияти баланди сиёсиву иҷтимоӣ ва соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир талаботи имрӯзаи ҷомеаи навин маҳсуб шуда, ин тадбирҳои муҳим барои рушди иҷтимоии кишвар заминаи қавӣ фароҳам меорад. Бинобар ин, мо соҳаи маорифро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, барои рушди минбаъдаи соҳа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодаем. Масалан, солҳои 2006 - 2012 маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи вилоят 3,7 баробар афзуда, он аз 77 миллион сомонии соли 2006 то ба 287 миллион сомонӣ дар соли 2012 расонида шуд.
Имсол маблағгузории соҳаи маориф 425 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки афзоиши он нисбат ба соли 2006-ум 5,5 баробарро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки дар вилоят дар самти ба роҳ мондани шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ қадамҳои нахустин гузошта шуда, чанде пештар аввалин кӯдакистони президентӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои иҷрои муваффақонаи барномаи давлатӣ нақши муассир хоҳад дошт.
Ҳамаи азму талош ва ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба сатҳи ҷаҳонии таҳсилот, пеш аз ҳама, ба хотири тарбияи инсони солиму созанда ва насли ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир мебошад.
Бовар дорам, ки ҷавонони баору номуси кишварамон, аз ҷумла толибилмони вилояти Суғд бо истифода аз шароити беҳтарине, ки барои онҳо муҳайё шудааст, ҷиҳати ҳарчи амиқтар аз худ кардани илму донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ пайваста кӯшишу ғайрат менамоянд.
Маблағгузории соҳаи тандурустии вилоят низ сол то сол зиёд гардида, дар давоми ҳафт соли охир бо дарназардошти маблағгузории соли ҷорӣ 10 баробар афзудааст ва аз 22 миллион сомонии соли 2006 то ба 220 миллион сомонӣ дар соли 2013 расидааст. Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳифзи саломатии сокинони вилоят ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ андешидани чораҳои заруриро идома хоҳад дод.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии занону ҷавонони вилоят идома ёфта, иштироки васеи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва раванди ободонии кишварамон минбаъд низ таъмин карда мешавад.
Мехоҳам як масъаларо бо қаноатмандӣ хотирнишон созам, ки барномаву нақшаҳои солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доир ба таъмини зиндагии шоиста ва рӯзгори ободи сокинони кишвар, аз ҷумла мардуми сарбаланди вилояти Суғд қабулшуда дар сатҳи зарурӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида татбиқ шуда истодаанд.
Бо зикри ин масъала мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки фароҳам омадани муҳити орому осуда дар мамлакат, таҳкими ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон ҳамчун омили муҳимтарину зиндагисоз ба пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсири созанда гузошт.
Ин дастоварди бузурги таърихиро ман ҳамчун Роҳбари давлат, пеш аз ҳама ба хиради офарандаи мардуми азизам, пуштибонии ҳар як сокини баору номуси мамлакат, аз ҷумла мардуми сарбаланди вилояти Суғд алоқаманд медонам, ки ҳамеша бо саъю талошҳои созандаву бунёдкоронаи хеш дар амалӣ шудани барномаҳои давлатӣ саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Аз ин хотир, бори дигар хотирнишон менамоям, ки агар ман ҳамчун Роҳбари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ба муваффақияте ноил шуда бошам, қабл аз ҳама бо дастгирӣ ва андешаҳои созандаи мардуми тоҷик ва пуштибонии тамоми сокинони Тоҷикистони азиз мебошад.
Имрӯз дар ин қасри таърихӣ такроран иброз медорам, ки ҳамеша бо мардуми Тоҷикистони азиз ва нерӯи бузурги офарандаи он ифтихор доштам ва дар оянда низ ифтихор хоҳам кард.
Ҳамватанони азиз!
Шашуми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо рӯйдоди муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Тоҷикистон доир мегардад. Ҳамон тавре ки борҳо иброз доштаам, ҳамаи саъю талоши мо ба он равона гардидааст, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар сатҳи баланди сиёсӣ ва бо риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳои давлати демократӣ баргузор карда шавад.
Чанд рӯз пештар пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба ин мансаби олӣ ба охир расид. Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузорӣ ба ҳамаи номзадҳо ҷиҳати муаррифии барномаҳои пешазинтихоботӣ ва рақобати солим тамоми шароиту имкониятҳои баробар фароҳам оварда шудаанд, зеро ҳамаи номзадҳо фарзандони ҳамин сарзамин ва шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Дар ин раванд як масъалаи муҳимро ба эътибор бояд гирифт, ки асоси ин маъракаро раъйи озодонаи мардум ва майлу хоҳиши интихобкунандагон ташкил медиҳад. Ва дар ин раванд ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ бояд намунаи эҳтирому риояи қонунҳои давлати демократӣ ва маърифати баланди сиёсӣ бошанд.
Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи интихобкунандагон муроҷиат менамоям, ки новобаста аз мавқеи сиёсиашон иштирокчии фаъоли ин маъракаи сиёсӣ бошанд, роҳбари ояндаи худро аз рӯи майлу хоҳиш ва имкониятҳои амалӣ гардидани барномаи пешниҳодкардаашон интихоб намоянд.
Дар фароварди сухан бо итминони комил мегӯям, ки мардуми сарбаланд ва меҳнатдӯсти вилояти Суғди бостонӣ минбаъд низ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.
Ҳамчунин бо истифода аз фурсат хурду бузурги вилоятро ба муносибати иди саиди Қурбон, ки пагоҳ фаро мерасад, бори дигар самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони сокинони вилоят сулҳу оромӣ, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат мехоҳам. Барои расидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар ба ҳамаи шумо – сокинони ватандӯсту заҳматқарин ва меҳмоннавози вилояти Суғд барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.13    №: 137    Мутолиа карданд: 646

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед