logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар Маркази солимгардонии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум, 14 октябри соли 2013

Фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳифзу дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат, аз ҷумла ятимону маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалӣ намудани ин самт давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз чораҳои заруриро андешида истодааст ва солҳои охир кумак ба ин гурӯҳҳои аҳолӣ ба як амали хайр ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди солимфикру хайрхоҳи ҷомеаи мо табдил ёфтааст.
Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ гуфта будам ва имрӯз низ таъкид месозам, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз намегузорад, ки ятимону ниёзмандон хору зор шаванд, худро дар зиндагӣ яккаву танҳо, бепарастор ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд.
Бинобар ин, қариб дар ҳамаи суханрониҳои худ, инчунин зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва мулоқот бо сокинон ба масъулон ва шахсони саховатманд таъкид месозам, ки дар баробари анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар айёми иду ҷашнҳои миллӣ аз аҳволи ятимону бепарасторон бохабар шуда, ба онҳо аз рӯи имкону тавонашон кумак расонанд.
Чунки раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад. Гузаштагони соҳибфарҳанги мо дар осори пурғановати худ дасти ёрӣ дароз намудан ба эҳтиёҷмандонро аз ҷумлаи рисолатҳои ҷавонмардӣ шумурдаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар боре, ки хабари сарпаноҳу сарпарасти ғамхор ёфтани ятимеро дар ин ё он гӯшаи диёрамон мешунавам, вуҷудамро як ҷаҳон хурсандӣ фаро мегирад. Зеро фарзанд хондани ятим ва дар муҳити хонавода ба воя расонидани ӯ амали ниҳоят хайру савоб мебошад.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ барои ғамхорӣ ба ятимон ва таълиму тарбияи онҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунанд. Маҳз дар натиҷаи ҳамин саъю талошҳои пайваста солҳои охир ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷет барои таъминоти муассисаҳои таълиму тарбияи ятимон афзоиш ёфта истодааст. Танҳо соли ҷорӣ барои мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби буҷети давлат қариб 16 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳамчунин тибқи супоришҳои Роҳбари давлат муассисаву корхона ва тоҷирону соҳибкорони саховатпеша мактаб-интернатҳоро ба сарпарастӣ гирифта, ба онҳо мунтазам кумакҳои моддӣ мерасонанд.
Боиси хурсандист, ки солҳои охир дар байни мардуми саховатманди мо, бахусус аз ҷониби занони олиҳиммат дастгириву амалӣ гардидани ин иқдоми хайр бештар мушоҳида мешавад, ки шоистаи таҳсин мебошад. Ҳоло дар мамлакат 84 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо 10 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Тибқи маълумот алҳол дар миқёси кишвар 3300 нафар ятимони кулл, яъне онҳое, ки на падар ва на модар доранд, ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар мактаб-интернатҳо ва як қисмашон таҳти сарпарастии пайвандон таълиму тарбия мегиранд.
Соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаро 23 нафар, аз ҷумла 17 нафар ятимони кулл хатм намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ аз он дохил гардиданд. Инчунин имсол 124 нафар ятимони кулл ва кӯдакони аз падар ё модар маҳруммонда бо кумаку дастгирии ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба мактабҳои олии хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шудаанд.
Умуман, ба мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим, инчунин кӯдакони маъюб оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили ройгон, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи кор ва беҳтар намудани вазъи моддии онҳо аз ҷониби Ҳукумат то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд ва мо ин равандро минбаъд низ идома медиҳем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди зист сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон дар мактабу парваришгоҳҳо сол то сол беҳтар шуда, тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои кишвар бо дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар озмунҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд ва барои баланд бардоштани обрӯву эътибори Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Маркази солимгардонии «Шоҳин», ки имрӯз мо дар он қарор дорем, аз қабили истироҳатгоҳҳои замонавӣ барои кӯдакони кишвар буда, дорои тамоми шароити муосири истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон мебошад.
Соли равон дар баробари толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин ятимону бепарасторон ва кӯдакони маъюбу ниёзманд аз шароиту имкониятҳои ин муассиса васеъ истифода намуданд. Бо дастури Президенти мамлакат теъдоди зиёди ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар истироҳатгоҳи “Шоҳин” ба тариқи ройгон ба фароғату табобат фаро гирифта шуданд.
Таъсиси чунин муассисаҳои дорои имкониятҳои замонавӣ ва мактаб – интернату парваришгоҳҳо барои ятимону бепарасторон дар навбати худ ҳар яки шумо - фарзандони азизро вазифадор месозад, ки ҳамеша барои аз худ намудани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, инчунин риояи одобу ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ саъю талош варзед. Инчунин зарур аст, ки омӯзгорону мураббиёни мактаб-интернатҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши шогирдон ва аз ҷониби онҳо аз худ гардидани касбу ҳунар ва ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар ин раванд ҳамчунин муҳим аст, ки ба масъалаи гиромидошти арзишу суннатҳои неки миллӣ ва шинохти мақоми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Акнун, ки бо гузашти ҳазор сол ба мо давлатдории миллӣ насиб гардидааст, аз ҳар яки шумо – наслҳои ояндасози Тоҷикистон тақозо мегардад, ки дар баробари ифтихор аз гузаштаи халқамон барои рушди илму ҳунари имрӯзу фардои тоҷикон ва таҳкими обрӯи давлату миллатамон кӯшиш намоед.
Бо истифода аз фурсат бори дигар аз шахсони саховатпеша ва тоҷирону соҳибкорон даъват менамоям, ки амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориву кумаки худро нисбат ба эҳтиёҷмандон на танҳо дар арафа ва рӯзҳои ҷашну идҳо, балки ба таври доимӣ ба роҳ монанд.
Шумо, фарзандони азиз, итминон дошта бошед, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ аз шумо кумаку дастгириашро дареғ намедоранд, зеро ҳифзу ҳимоя ва сарпарастии шумо-фарзандони меҳрубон, аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлат эълон шудааст ва чунин хоҳад монд.
Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои кишварамон чеҳраҳои намоёни илму маърифат ба воя расида, сафи парчамбардорони кишвари соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб меафзоянд!
Бо чунин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо - фарзандони азиз хониши аъло ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.
Ҳамеша хушбахту саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.13    №: 137    Мутолиа карданд: 1479
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед