logo

илм

Мусофири роҳи рост

Тасодуфи тақдир ё ҳусни иттифоқ буд, ки дар ҳамон шабу рӯзҳои бобарори ҷомеаи олимони тоҷик - айёми тайёрӣ ба ҷашни 60 - солагии Академияи илмҳо 70 - солагии узвии вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Исроилҷон Исмоилов мавриди табрику таҳният қарор гирифт.
"Ҳамон навъе, ки аҳли хирад фармудаанд, ин шахси ҷӯянда ҳамеша дар роҳи рост қадам зад ва ба қуллаи мурод расид: бо ҳидояти волидон ва устодони некхоҳ дасту дилашро пок нигоҳ дошт, ҳалолу пок зист ва азизу мӯниси дилҳо гашт.  Чун дар сифати олими якумр заҳматкашида сухан мегӯем, ибораи "роҳи ҳақ"  бар забон меояд. Исроилҷон Исмоилов дар роҳи ҳақ қадам зад ва мисли ашхоси наҷиб бори худро пеш бурд" - ин аст хулосаи ҳампешаҳояш.
Камоли одамӣ дар илм аст, гуфтаанд. Академик А. Александров (собиқ президенти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ) суханоне дорад пурҳикмату салим: "Агар кӣ будани олимро донистан хоҳед, бипурсед, ки ӯ чӣ коре кардааст. Агар ба шумо кашфиётҳои ӯро номбар кунанд, пас ӯ олим аст; агар гӯянд, ки "дар фалон ҷо, ба фалон корҳо машғул  буд", ба хулосае омадан душвор аст, зеро ҳар фарде ба худ муносиб шуғле дорад. Муҳимаш он аст, ки чӣ натиҷа ҳосил шудааст. Ба мисли он ки Менделеев системаи даврӣ, Лобачевский геометрияи Лобачевский, Дарвин назарияи эволютсияи олами органикиро кашф кардаанд".
Исроилҷон Исмоилов аз ибтидои солҳои 60 - уми асри гузашта илмро қуфлкушои ҷумлаи дарҳои баста шуморида, ба тадқиқи соҳаи мушкил - физика, электроникаи квантӣ пардохт. Воқеан, таҳсил дар аспирантураи Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедев (АИ ИҶШС), пажӯҳиш ва таҳсили бардавом дар мактаби олимони ҷаҳоншумули рус ӯро ба сафи ҷӯяндагони моҳири илм, кашшоф ва дақиқкор пайваст.
Ақидаи саҳеҳ аст, ки мегӯянд: физика асоси илмҳост, меҳвари донишҳои табиист. Исроилҷон Исмоилов, ки баъд аз ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадӣ (соли 1968 дар Маскав сурат гирифтааст) чун муҳаққиқи лаёқатманд ва умедбахш дар соҳаи электроникаи квантии нимноқилӣ тадқиқоти муҳим мебурд, манзараи илмии оламро дар заминаи фанҳои дақиқ - физика, математика, кимиё, астрофизика, астрономия, геометрия, геология шарҳ дода метавонист; нағз медонист, ки гум гаштани муқовимати ноқилҳо дар ҳарорати муайян - фавқулноқилият чӣ навъ дар таҷриба исбот шудааст. Олими ҷавон дар озмоишгоҳҳои физикии Маскаву Душанбе хосияти электрикии нимноқилҳо ва электроникии  квантии нимноқилиро борҳо ташхис ва тадқиқ намудааст. Ҳамчунин моддаҳое, ки ба нимноқилҳо тааллуқ доранд, ба таъсири гармӣ ва равшанӣ каму зиёд мешаванд-ин маънӣ ҳам яқин гардид. Истифодаи нимноқилҳо дар дастгоҳҳои автоматӣ ва муассисаҳо, корхонаҳо, охир хеле муҳиманд ба худ андешид ӯ. Масъалаҳои пургиреҳу серчигили илми физикаи муосир ниҳоят бешуморанд: асри атому электрону заррачаҳои ионӣ мутахассиси ҷӯяндаро боз ҳам бештар ба мутолиа ва таҳқиқ водор намуд. Маҳз ҳамин муаммоҳои физикист, ки рисолаи доктории олим ("Лазерное излучение и люминесценция фасфида индия и твёрдых растворов на его основе") ба тадқиқу таҳқиқи онҳо бахшида шудааст. Исроилҷон Исмоилов соли 1981 дар Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедев ба дифои рисолаи докторияш муваффақ шуд. Чӣ навъе ки академик Раҳим Маъруфов навиштааст, мудири озмоишгоҳи электроникаи квантии институт (аз соли 1972 то имрӯз), доктори илмҳои физика - математика Исроилҷон Исмоилов бо сарбаландӣ вазифаҳои  илмиро иҷро карда меояд. Инак, ранҷи сисола ва риёзати даҳсолаҳо, идома ёфта ҳанӯз дар вақташ самараи матлуб дод, - навиштаанд аҳли илм. Таҳти роҳбарии олими борикназар ва дақиқкор бори аввал (дар ИҶШС солҳои 80-ум) диодҳои лазерӣ (лазерные диоды) сохта шуд, ки аҳамияти он дар хоҷагии халқ калон мебошад. Илова бар ин, натиҷаи илмии тадқиқоти ӯ дар кору таҳқиқоти амалии мутахассисон - физикҳои Маскав ("Астрофизика") ва Санкт-Петербург босамар дониста шуд.
Луи Пастери бузург хуб гуфтааст: "Илм макон надорад, вале олим соҳиби он аст". Зиёда аз 170 мақолаи илмӣ - тадқиқотӣ, 5 монография, ки натиҷаи заҳмати беш аз чилсолаи ӯст, шаҳодат медиҳанд: "Бо илм агар амал накунӣ, шохи бебарӣ". Шоёни эътибор аст, ки ҳамкасбони сухансанҷи олими физика кору тадқиқоти ӯро пурсамар ва бобарор ҳисобида, ба дарахти пурбор ва сермева шабоҳаташ доданд.  Дар ҳадисҳои Муҳаммад (с) сухани олие ҳаст: "Беҳтарини шумо касест, ки шуморо ба кори хайр даъват мекунад". Аз ин лиҳоз, беҳтарин хислати профессор Исмоилов - устоди равшандил ва раҳнамои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, раҳнамунии эшон ба ҷодаи илм ва ихтироъ ба шумор меравад. 
- Солҳое, ки ба таҳсили илм ва риёзати бардавом машғул будем, ин суханони маъруф вирди забони устодони Маскав гашта буд: "Дар илм роҳи росту ҳамвор нест; ҳамон кас қуллаҳои муҷалло ва дастнораси онро фатҳ карда метавонад, ки аз хасташавӣ наҳаросида, бо пайроҳаҳои серсангаш хазида барояд"- мегӯяд Исроилҷон Исмоилов. Моро лозим аст, ки математика, физика, нуҷум, кимиё, ҷуғрофия, геология, астрофизикаро хубтар, бештар ба наслҳои ҷавон омӯзонем. Он вақт ба ҷое расидан мумкин аст, - суханро идома медиҳад ӯ.
Исроилҷон Исмоилов ба тарбияи шогирдон - муҳаққиқони умедбахш машғул буда, то ҳол чандин нафар олимони ҷавон таҳти роҳбарии вай ба ҳимояи рисолаи номзадӣ мушарраф гаштаанд. Олим ва толиби илм дар кори хайр шариканд, гуфтаанд бузургони ҳаётдида. Олим ва шогирдони муваффақи ӯ дар пешрафту равнақи илми физика ва таълиму тарбияи насли ҷавон саҳмгузор мебошанд. Ҳамкории олими баркамол, муҳаққиқи варзида бо муассисаҳои илмӣ - тадқиқотӣ, аз ҷумла, клиникаҳои стомотологии (дандонпизишкӣ, дандонсозӣ) Институти такмили ихтисоси (баъдидипломии) кормандони тибби ҷумҳурӣ ва истифодаи афкори илмии ӯ дар ин ҷабҳаи муҳими тандурустӣ гувоҳи онанд, ки даҳсолаҳо муқаддам ба сафи хайрхоҳону накӯкорони олам пайвастааст. Бесабаб нест, ки барои хидмати арзанда дар илми муосири тоҷик ва комёбиҳояш ба Ҷоизаи илмии ба номи Султон Умаров мукофотонида шудааст.

Усмон ШОКИР,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.13    №: 138-139    Мутолиа карданд: 1621

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед