logo

фарҳанг

Зеҳнпаймудаҳо

Нигоҳе ба дарунмояҳои навиштаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ

Гоҳо ҳангоми навиштани матлабе барои кас тамоми пайраҳаҳои бурунрафт пардагӣ мешаванд. Як вазъи торику сардаргум эҷод мешавад, сарриштаи кор гум мегардад. Зеҳне, ки лаҳзае пеш садҳо нахро дар пардааш ҳувайдо намуда буд, гӯё аз кор меафтад. Ростӣ, зимни иншои ин мақола бароям чунин ҳолате даст дод.
Шояд иллати аслиаш мавзӯи баҳси матлаб аст, ки ба зиндагиву осори нависандаи бузург, коргардони боқариҳа, филмбардор ва шахсияти маъруфи замони мо равоншод Сайф Раҳимзоди Афардӣ иртибот дорад. Дар ҳар сурат саъй шуд то тамоми дидаҳову шунидаҳо, хондаҳо ва омӯхтаҳо  дар атрофи ҷойгоҳи ӯ дар фарҳангу адаби имрӯз ба гунае арзёбӣ гардад. Ҷойи таассуф аст, ки ҳарчанд ин нависанда осори арзишманде аз худ ба ёдгор гузошта, аммо корномааш ба таври шоиста мавриди баррасиву арзёбӣ қарор нагирифтааст. Дар ҷомеаи илмиву фарҳангии мо даҳсолаҳост, ки шеваи бархӯрд, усулҳои омӯзишу фарогирии адабиёт бо як насақу бо як маром аст. Ҳангоми омӯзиши зиндагӣ ва осори ин ё он  адиб тибқи маъмул ба тарҷумаи ҳол, номи осори мунташиршуда, мазмуну мундариҷаи онҳо ва баъзе хусусиятҳои услубӣ такя мекунанд. Дар ҳоле ки дар радифи ин ҳама шояд нуктаи таъсиргузор ва корсоз дарёфту ошкор сохтани ҳунару истеъдоде бошад, ки дар батни як қисса, як достон ё як матни адабӣ нуҳуфтааст. Ин ҷо низ муносиб аст, ба рӯи пояҳои пешин нигоҳе ба дарунмояҳои навиштаҳои адиб  андозем. Мавзӯоте, ки дар имтидоди роҳи эҷодӣ ҳушу зеҳни нависандаро ба худ во дошта дар як калом - Зиндагист. Сайф низ дар атрофи мавзӯоту масоиле андешидаву эҷод намуда, ки дигарон низ ба он даст доштаанд. Мавзӯе, ки беш аз ҳар чизи дигаре мавриди писанди ӯ будааст, масъалаи тасвири як русто ё деҳи дурафтода аст, ки дар чаҳорчӯби як достон бо тамоми мазоҳираш, ҳусну қубҳаш, масоили хурду бузургаш ҷилвагарӣ мекунад. Вижаи сабку шеваи нависандагии Сайф аст, ки аз нуҳуфти як деҳи дурафтода, миёни мардуми коркушта, аз пушти як дарахти сояафкан,  аз миёни ҷӯяҳои пахтазор, аз синаи як ғуруби меҳолуд ба чеҳраву пайкари масоили бузурги ҷаҳонӣ, ба мушкилоти башарӣ менигарад. Миёни як деҳи дурафтода ва дунёи бузург заминаҳои ҳамсону дардҳои муштарак пайдо мекунад. Ин андешаро ба мухотибони хеш таҳмил месозад, ки зиндагӣ дар ҳама нуқоти олам барои ҳама яксон аст. Мушкиле, ки бар дӯши як деҳотист, камтар аз дӯшбораи сокини як шаҳри мутамаддин  нест.
Тарсими зиндагии тоқатфарсои мардуме, ки аз субҳ то шом машғули парваришу сабзиши пахтаанд, мавзӯи дигарест, ки дар осори вай ҳузури чашмгир дорад. Мардум ба хотири рушду нумуи ин ниҳоли қиматбаҳо тамоми ранҷу азобҳои алимро таҳаммул мекунанд. Сиҳативу тандурустии хеш ва фарзандонашонро бар асари доруҳои заҳрогине, ки барои сабзишу рӯиши пахтазор истифода  мешавад, аз даст медиҳанд. Вале касе қодир нест забони шикоят боз кунад. Зеро тақозои замон, сиёсати ҳоким ҳамин аст. Ҳаёти инсон дар қиболи ниҳоли пахта ҳеҷ арзише надорад. Аз нависандагони тоҷик ҳеҷ нафаре ба пояи ӯ ин мавзӯъро дар осораш матраҳ накарда буд.
Бозтоби мазмунҳои мактабӣ, тасвири фазои кору таълим дар муассисаҳои таълимии деҳот дар он замони дур як гӯшаи сабзи офаридаҳои адибро ташкил медиҳад. Мурури чунин достонҳо касро ба ин натиҷа мерасонад, ки қисмате аз саҳнаҳо, лаҳзаҳо, ҷанбаи саргузаштӣ доранд. Яъне, рухдодҳо ва падидаҳои тасвиршуда мутааллиқ ба зиндагии фардии адибанд. Вале тарзи тасвир шеваи талақии баён ба шаклест, ки воқеияти гузаштаи як наслеро пеши назар ҷилвагар месозад.
Масъалаи муҳоҷират шояд аз ҷумлаи дардолудтарин мавзӯоте бошад, ки дар таълифоти нависанда ҳузур дорад. Перомуни ҳиҷрату муҳоҷират хотироту ёдвораҳо зиёданд. Бознигарии ин масири тайшуда бедорсози эҳсосоти пайкарсӯз аст. Иҷборан аз сарзаминҳои аҷдодӣ ба дигар ноҳияҳо нақли макон додани мардум саҳнаҳои дардолуди таърихи начандон дури мост. Дар қиссаи "Решаҳо" мавзӯи мазкур дар бахшҳои мухталиф хеле дилчаспу ҷаззоб тарсим шудааст. Эҳсоси муҳоҷират дар вуҷуди одамон ба гунае зуҳур мекунаду бузург мешавад, ки ҷӯшиши чашмаҳоро банд мезанад. Чашма гӯё аз ҳаракат боз меистад: "Чашма ҷӯш мезад. Чашма аз ҷӯш монд, обаш паст шуд".
Ватандорӣ, меҳанпарастӣ мавзӯи дигарест, ки дар осори нависанда накҳату атри хос дорад. Тарҳу бархӯрди нависанда ба ин мавзӯи ҷовидонӣ дигаргуна мебошад. Дар қиссаи "Решаҳо" ин мавзӯъ ниҳоят дақиқу зеҳннишин тасвир шудааст: "… замоне гузашт. Мардум нахуст падар гӯронду дар ҷое реша гирифт. Решаҳо мардумро ватандор кард. Ҳудуди ватан бо қабристонҳо шинохта мешуд. Реша дар амон бод! Ва ин ки рӯзи дафн аз дуру наздик мардумонро даъват мекунанд, ранги хираи оини қадими гувоҳҷӯист бар ватандорӣ".
Ҳастии башарӣ дар домани пурранги табиат ҳузур пайдо мекунад. Одамӣ ҳама орзуҳояшро, рафтору кирдорашро дар синаи табиат анҷом медиҳад, ба марзи иҷро мерасонад. Беҳуда нест, ки дороии табиат чеҳраи ҳазорранги он ҳамеша дар зеҳну ҳуши мардум ва махсусан аҳли эҷод таъсиргузор будааст. Дар осори Сайф Раҳимзод яке аз мавзӯъҳои калидӣ табиат ва ҷилваҳои гуногуни аносири он аст. Гоҳо зиндагии як дарахт, вуҷуди сабзу шодиофаринаш чашми адибро мерабояд. Дар ҷои дигар мо шоҳиди онем, ки чи гуна дурахши хуршед, нури ширмаҳтоб ӯро маҷзубу шефтаи хеш месозад. Дар ҷои дигар кӯдаквор нигоҳаш дунболи ситораҳост.
Сайф дар инъикосу бозтоби ҷаҳони ботини инсон, мақому рисолати он ва тасвири ҳолатҳои равонии қаҳрамононаш дасти расо ва истеъдоди чашмгир дошт. Дидгоҳҳои ӯ перомуни андешаву хаёли инсон ва неруи халлоқи он ниҳоят муҳиму тааммулбарангез аст. Камтар навиштаеро аз ӯ метавон ёфт, ки лаҳзае дар хилвати хаёлу андешаи башарӣ наншаставу бо ӯ мусоҳиб нашуда бошад. Неруву имконоти бепоёни андешаи башарӣ ҳамеша зеҳни ӯро ба худ во доштааст. Аз дигар сӯ зуҳури паёпаи андешаҳо дар зеҳн дидори номуназзами онҳо ва гоҳо бархӯрдҳои сонӣ ағлаб қаҳрамонони достонҳои нависандаро шигифтзада мекунанд. Дар атрофи ин ҷараёни селосо тааммуқ менамоянд. Мехоҳанд ба ин дунёи розолуди ҳастию пайванди афкори пуртаҳарруки мағзи инсон пай баранд. Дарк созанд, ки дар хестангоҳи онҳо оё қонуну низоми хосе мавҷуд аст ё не. Агар ҳаст, пас мабдаъ ё неруи таҳрикгар куҷост.
Сабки Сайф омезае аз мактабҳои мухталиф аст. Яъне, дар қиссаву достонҳои адиб мо метавонем ҷилваҳое аз романтизм, символизм ва сюреализмро бубинем. Бархе аз муҳаққиқон ӯро шефтаву пайрави мактаби сюреализм медонанд. Ӯ бидуни шак аз мактаби сюреализм баҳраҳои вофир бурда, аз сарчашмаи зулоли ин сарзамини ғариб обҳо хӯрда. Таҳти таъсири андешаву афкори мавҷуд чанде аз достонҳои зебои худро офаридааст. Вале осоре, ки дар ин замина бо пайравӣ аз аносири сюреалистӣ арзи вуҷуд намуда, машҳуни (мамлӯ) вижагиҳои миллианд. "Аз розҳо, аз розҳо" шояд марғубтарин ҳикояи нависанда аст, ки ҷанбаи фаровоқеӣ дорад.  Шаб, чароғ, хоб, гӯристон, кафан, пир, фаришта, кирми пилла, парвона тамсилҳои калидии ин достони ҷаззобанд.
Сайф бар асоси  ошноӣ  ба чакидаҳои зеҳни фарҳангу хиради фозилону бузургони пешину муосири ҷаҳон ба ин натиҷа расида буд, ки вуҷуди инсонӣ мисли як ҷомеа, як густураи хос, аз низому қонунҳои амиқу вижа бархурдор аст, ки шинохти онҳо баҳри ҳар фарде ҳатмӣ ва ногузир мебошад. Зеро ноошноӣ, бехабариву ғафлат аз моҳияту ҷаҳони рози онҳо дар ниҳоди одамӣ ҳаросу тарс, изтиробу нигаронӣ, беқарорӣ эҷод месозад. Бо дарки ин камбуди ҳоким дар шууру зеҳни иҷтимоии мардум мекӯшид дар осораш шикасте дар шеваи андешаи ҳамзамон ворид созад. Яъне, агар мурод аз зиндагӣ пешрафту камоли матлуб аст, пас ин камол бо шинохти дунёи ботини хеш, марзҳои зери сояафтодаи рӯҳ муяссар аст. Озодиву ворастагии дарунист, ки инсонро болу пар мебахшад, роҳашро  боз мекунад, чашмашро ба дидани хуршед одат медиҳад, миёни табиату бандаи хокӣ ягонагиву ҳамдилӣ эҷод мекунад.
Ҳангоми тавсифи шохисҳои сабку шеваи нависандагии Сайф лозим аст ба чанд нукта таъкид варзид. Дар ин замина шояд вижагии сабки нигоришу ҳунари нависандагии ӯ дар он зоҳир гардад, ки тарзи манзурсозии мавзӯъ ва масоили достонҳояш ба шеваест, ки ба хонанда барои ширкату пешниҳоди роҳу тариқи ҳал, бурунрафт аз бунбастҳои зеҳнӣ ангеза медиҳад.
Сайф чанд вожаи калидӣ ва дӯстдошта дорад, ки корбурдашон дар навиштаҳо одӣ нест. Дар банду баст ва сиришти он калимот ба ҷуз зарфияти луғавӣ маъниҳои дигарро мебинем.
Барои мисол вожагоне мисли шаб, чароғ, кирм, абрешим, кусик, пилла, танӯр ва ғайра дунёҳои густурдадомани маъноӣ доранд. Ин ки чаро маҳз  мавриди гузиниши нависанда қарор гирифтаанд, масъалаи дигарест.
Рамз ё нумоди дигаре, ки дар сар то сари достонҳои нависанда ҳузури чашмгир дорад, калимаи "себ" аст. Саҳнаҳои ғарибу таваҷҷуҳбарангез аз зиндагии рамзолуди себ дар "Доғҳои офтоб" махсус аст. Себ дар ин достон ишоратест ба себе, ки Ҳаво хӯрду бар асари он Одаму хешро аз биҳишт бенасиб гардонид.
"Як фурӯғест, фурӯғи аҷибе, ки ҳеҷ интизораш нестам … Ва ҳама ин аз бӯи себ аст. Ман туро намехоҳам, эй бӯи бад, эй бӯи себ!... "  
Аз миёни анбӯҳи абзору аносири ҳастисози як хонаводаи рустоӣ дуд аст, ки аз овони кӯдакӣ дар мағз-мағзи зеҳну ҳуши нависанда ҷойгузин шудааст. Дуд, чи аз синаи танӯр ё аз зери дегдон ё мурии хона берун шуда бошад,ҷуз ғубору меҳе беш нест. Вале барои ровӣ мисли як ҷомадонест, ки дар он хотироташро анбон карда. Ёдҳое, ки аз умрашон солиёни дароз гузаштааст ва дар марҳилаи дигари аз умр он хотироти ширин аз пушти дуд тираву ғуборолуд берун меҷаҳанд. Пас ин дуд як падидаи маъмулии рӯзгор нест, балки сурате аз зиндагии сипаришуда ва бар асари гузашти замон рангбохта аст.
Сабк бо вижагиҳое, ки ҳангоми навиштани асар пайдо мекунад, дар ниҳояти амр чеҳраи фардии нависандаро наққошӣ месозад. Яъне, хонанда бо бархӯрд ба як матни адабӣ нафасу диди холиқи асарро мешиносад. Вижагии намоёни навиштаҳои Сайф ҳамчунин дар баёни зиндаи ҷаҳони перомун ва ашёи мавҷуди он аст: "Ҷӯи хурди деҳа аз миёни дарахтону хонаҳо мегузарад, агар ман савори тағора аз онҷоҳо гузарам, касе манъам намекунад, коҳиш ҳам… Ва инак, ман дар ин шаҳраги зиндагии мардуми деҳа даромадаам… ва ин шаҳраги равонии деҳа аст, рӯҳи мардумро мефаҳмад".   
Дар нигоштаҳои адиб мо бо дастагуле аз тасовир, ки ҳар яке рангу бӯи хос дорад, рӯ ба рӯ мешавем. Гоҳо тасвирҳо дар як матни кӯтоҳ ба шӯр меоянд. Ҷазаба пайдо мекунанд, пойкӯбӣ мекунанд. Аз домани наср хориҷ мегарданд ва шеъргуна мерақсанд.
Насри Сайф дар бисёр маворид вижагиҳои назмро доро мешавад, шеъргуна мешавад ва замоне инсонро ба гунае маҷзуб месозад, ки фикр мекунад шеързореро зеҳнан мепаймояд. "Обам, полудаям, нобам! Ва духтарон менӯшанд. Дар ҳалқашон меравам, дар хунашон миёмезам, дар рагашон медавам, дар синаҳошон медамам, гӯшноб мешавам… мерезам ба замин!".
Нуктаи охирине, ки дар бахши ҳунару истеъдоди нависандагии Сайф қобили зикр аст, ин тасаллуту бархӯрдаш ба забон аст. Аслан мавзӯъву бунмояи муносибу мазмуну мундариҷаи олӣ, дарёфту барчидани вожагону суханони маҳкаму устувор, канори ҳам офаридани сохтори дархӯри таваҷҷуҳ ҳеҷ арзише надорад, агар халлоқи як асар ба забоне, ки менависад, ба тарзи вижаву тоза нерӯмандона дастёбӣ надошта бошад. Сайф аз зумраи адибонест, ки забонро бо тамоми нозукиҳояш фаро гирифта. Тозакориҳои ӯ дар офариниши таъбироти тозакалимот ва махсусан баҳрагирӣ аз забони зинда ва вожагони шева ниҳоят зиёд аст. Зиндаёд аксар вақт аз калимоте суд меҷӯяд, ки дар лаҳҷа корбурд доранд, вале дарҳои забони адабӣ барояшон бастааст. Дар ҳоле ки забони адабӣ ба онҳо ниёз дорад. Бо нақли намунае ин мақоларо ба поён мебарем: "Ним похса аз девор меғуранбад, мезанад ба замин… Ва мурғон дар ин шом як оҳанг ғуд-ғуд доштанд, мегиристанд... Хафи шола дар нӯги ҳаво, ним дарза пая ба танӯр меандозад… Дилу дилаҳои сафеди себҳои хубонӣ ба кирмҳо хуш хӯрокест…".            

Умар САФАР,
профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.13    №: 149    Мутолиа карданд: 707

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед