logo

маориф

"Омодагии дифои ҳарбӣ" ҷавобгӯи талабот нест

Агар мақсад аз роҳандозии фанни "Омодагии дифои ҳарбӣ" дар макотиби таҳсилоти миёна ба хидмати ҳарбӣ ва ҳимояи  марзу буми Ватан омода намудани наврасон бошад, ба он тарзе ки имрӯз ин соатҳои дарсиро мегузаранд, ба мақсад нахоҳем расид. Вазорати маориф ва илм таълими онро ду сол муқаррар намудааст ва ба он толибилмони синфҳои болоӣ, яъне синфҳои 10 - 11 ҷалб мешаванд. Воқеан, он беҳтарин фурсатест барои омода намудани афсарони оянда-муҳофизони Ватан. Аммо ба ин масъала  қариб дар аксари макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ намедиҳанд ва дар ин росто мушкилии зиёде ҳам доранд. Нарасидани омӯзгорони касбӣ, маводи таълимии фаннӣ аз мушкили асосӣ мебошанд.
Солҳои пеш ба ин масъала диққати ҷиддӣ медоданд, ки натиҷаи он ҳангоми даъвати хизмати ҳарбӣ маълум мегардид. Ҳеҷ кас аз даъват сар намепечид. Мактабҳо  бо лавозимоти зарурӣ низ муҷаҳҳаз буданд. Наврасони он замон, ки имрӯз ба синни 50-60 расидаанд, он дарсҳоро хело хуб ёдоварӣ мекунанд.
Сайфулло Азимов, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, мегӯяд, ки " замони мактабхонӣ  устод Нодиршо Шарифов ба мо дарси "Омодагии дифои ҳарбӣ"-ро меомӯхт. Ба дарс ҳамеша бо либоси ҳарбӣ меомад. Дарсҳои "Омодагии дифои  ҳарбӣ" дар синфхонаи махсус, ки ба  лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буд, мегузашт. Дарси ӯро бесаброна интизор мешудем. Мутахассиси соҳибтаҷриба буд. Ҳангоми дарс аз таҷрибаҳояш мисолҳо меовард. Дар симои ӯ марди нотарсу далер ва муҳофизи асили Ватанро  медидем. Аз ин рӯ, ҳама мехостем, ки мисли устоди худ бошем". 
Аммо имрӯз  чунин муаллимон хело каманд ва табиист, ки ин мушкил дар тайёр намудани афсари оянда, ватандӯсту ҷонфидо бе таъсир намемонад. Дар бештари мактабҳо  мушкили нарасидани муаллимони касбиро бо ҷалби устодони ғайриихтисос "ҳал" намудаанд. Вале Исломиддин Табаров, мутахассиси раёсати томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм  мегӯяд, ки фанни "Омодагии дифои ҳарбӣ"-ро танҳо устодоне ҳуқуқи дарс гуфтан доранд, ки хатмкардаи мактаби ҳарбӣ ҳастанд ё унвони ҳарбӣ доранд ва дар рӯйхати комиссариати ҳарбианд.
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ солҳои зиёд аз ин мушкилӣ орӣ набуд. Ба шогирдон устодони беихтисос "Омодагии дифои ҳарбӣ"-ро меомӯхтанд. Аз моҳи сентябри соли равон мушкилашон рафъ гардид. Алҳол Раҳим Низомов, ки унвони ҳарбӣ дорад ва солҳои 1984 - 1986 дар Афғонистон дар қисми махсуси пиёдагард хизмат намудааст, аз ин фан ба шогирдон таълим медиҳад. Ӯ зимни суҳбат гуфт, ки машқҳои ҳарбӣ дар майдончаи ҳарбии мактаб  гузаронда мешаванд, аммо лавозимоти омӯзишӣ, мисли тапонча ё автомат дар мактаб мавҷуд нест. Ба ин хотир мо ба қисми ҳарбӣ ҳамкорӣ дорем, кӯшиш мекунем дарсҳои амалӣ дар он ҷо гузаранд, то шогирдон тарзи истифодаву бехатарии нигоҳдории силоҳ ва  дигар лавозимоти ҷангиро омӯзанд.
Чунин имкониятро, албатта, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт доранд. Аммо толибилмони деҳот бо сабаби набудани имконияту надоштани шароит дар мактаб дарсҳои амалии ҳарбиро вобаста ба талаботи мавҷуда намегузаранд ва ҳам имконияти ба қисми ҳарбӣ рафтан надоранд. Албатта, солҳои пешин дар бештари мактабҳои деҳот барои дарсҳои "Омодагии дифои ҳарбӣ " синфхонаҳои  махсус бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буд. Дар назди бисёре аз мактабҳо барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ҷойҳои махсуси  тирпаронӣ низ буданд. Вале имрӯз бештари он тармиму таъмирталаб гаштаанд.
Дар робита ба ин масъала Исломиддин Табаров  гуфт, ки барои рафъи мушкил Вазорати мудофиа ба воситаи ташкилоти "Мададгори мудофиа" кӯшиш доранд дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм мактабҳоро бо маводи таълимии ҳарбӣ тамъин намуда, тирхонаҳоро таъмиру тармим созанд.
Мутахассисон як сабаби аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудани ҷавононро омода набудани онҳо ба хизмат медонанд. Воқеан ҳам ба ин масъала дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар мактаб баробари таҳсил бояд ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҷонфидоӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ҳидоят намоем, чунки хизмат ба Ватан қарзи фарзандӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт фанни "Омодагии дифои ҳарбӣ" нақши ҳалкунанда дорад, агар ба наврасон мутахассисони варзидаву соҳибтахассус дарс гӯянд ва мактабҳо бо маводи таълимии ҳарбӣ таъмин бошанд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.13    №: 158    Мутолиа карданд: 1506
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед