logo

муҳоҷират

Чин. Тоҷикон ба дастгирӣ ниёз доранд

Таъриху сарнавишти тоҷикони муқими Чин мисли зиндагиномаи ҳазорон ҳазор тоҷики бурунмарзӣ пургириеҳ, мураккаб ва талх мебошад.
Тибқи маълумоти мадраку санадҳои фаровони таърихиву бостоншиносӣ ва маводи забоншиносӣ олимон ба хулосае омаданд, ки ҳавзаи Шинҷон, яъне Бухорои Хурд, ки баъдан ба номи Туркистони Шарқӣ ва алҳол ба номи Ноҳияи Худмухтори Синсзяну Уйғур маъруф аст, аз аҳди бостон то қарнҳои охир минтақаи зисти ниёгони мо будааст. Хусусан, ковишу ҷустуҷӯҳои амиқи олимони шаҳир Б. А. Литвинский, А.С. Давидов, М. Бобохонов Б.А. Н. Неъматов, Ю. Яқубов, Ҳ. Шарифов ва даҳҳои дигар ба таври эътимодбахш собит намудаанд, ки аҳолии ин минтақа, яъне ҳавзаи Шинҷон (Шингон) аз нигоҳи антропологӣ (қиёфашиносӣ), яъне аз нигоҳи қиёфаву андом тоҷикона буда, бо вуҷуди туркшавии забони эшон, қиёфаи азалии ориёнажод дар чеҳраи онҳо ҳувайдост.
Ҳудуди интишори қабилаҳои эрониро аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволаш "Тоҷикон" низ қайд менамояд, ки: "Дар замонҳои қадим маҳали паҳншавии забонҳо ва тоифаҳои эронӣ назар ба асрҳои миёна ва давраи нав хеле васеътар буд. Вай сарзамини  паҳновареро аз Европаи Ҷануби Шарқӣ то Туркистони Шарқӣ ва аз назди Урал то Ҷануби Эрон фаро мегирифт"(Тоҷикон, с.50) ва бесабаб ҳам... олимон Туркистони Шарқӣ ё худ Синсзяни ҳозираро яке аз гаҳвораҳои тамаддуни мардуми эрониасл намеҳисобанд, онро барҳақ ба ҳудуди этникии  халқи тоҷик дохил мекунанд" (Ҳ. Шарифов. Яъқуббеки Бадавлат.-М., с. 31).
Аз ин ҷост, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳудуди сукунати тоҷикон ва нақши забони тоҷикӣ дилпурона таъкид  менамоянд, ки: "Дар тӯли садсолаҳо забони мо дар ҳавзаи бузурги таърихӣ аз Баҳри Миёназамин то марзҳои Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни қавмҳо ва халқҳои гуногун қарор дошта, дар таълифи осори ин мардумон низ нақши муҳим бозидааст". Ва дар ин замина перомуни истилоҳи "тоҷикони бурунмарзӣ" баён менамоянд, ки: "Ин ибора (тоҷикони бурунмарзӣ- К.Х.) нисбат ба тоҷиконе истифода мегардад, ки берун аз марзҳои  Тоҷикистони имрӯза зиндагӣ ва кору фаъолият доранд. Вале набояд фаромӯш кард, ки тоҷикони муқимӣ дар ҳар минтақаи зисташон аз нигоҳи сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқоти илмии муосир аҳолии ғайримуқимӣ нестанд. Онҳо дар марзу буми аслии аҷдодиашон сукунат доранд (таъкиди мо). Вале баъзе олимону кормандони воситаҳои ахбори омма бо истифодаи ин истилоҳи ғайритаърихӣ ва сохта онҳоро бидуни ягон андеша ҳамчун тоҷикони бурунмарзӣ муаррифӣ  мекунанд, ки ин ғалат аст ва таърихи онҳоро алоҳида омӯхтан чандон саҳеҳ нест" (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ  дар бораи забон.-Душанбе, 2011, с. 38, 50-51).
Тавре ки дида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ, дар чаҳорчӯбаи сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи хориҷии хеш тоҷикони берун аз марзи Тоҷикистони соҳибистиқлолбударо ҷузъи ҷудонопазири тоҷикони муқими Тоҷикстон меҳисобанд.
Тоҷикони муқими Ҷумҳурии Мардумии Чин низ аз ҷумлаи он ҳаммиллатони моянд, ки  бо ҳукми тақдир, яъне дар асари шартномаи соли 1985 байни Русия, Чин ва Британияи Кабир оид ба муқаррар намудани марзҳои сиёсӣ, яъне сарҳадот табартақсимкунӣ (истилоҳи академик Р. Масов) сурат мегирад, ки тоҷикони сарикӯлӣ ( на сариқӯлӣ) ва теъдоди аз вахониёни аз ҷабри зулму шиканҷаи амалдорони афғон фироркардаву ҷон ба саломатбурда ба давлати Чин мутааллиқ ва тобеъ мешаванд.
Қабл аз шурӯи матлаби мавриди назар қобили зикр аст, ки Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ муҳтарам Нуриддин Саидов вақте ки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд, ҳамчун шахси ниҳоят тоҷикдӯст ва ҳисси баланди миллидошта дар ҳар як нишасту ҷамъомадҳои илмӣ таъкид мекарданд, ки бояд корҳои илмиву тадқиқотие анҷом дода  шавад, ки дархӯри замон бошанд ва аз мутахассисони улуми иҷтимоӣ талаб мекарданд, ки ҳар чӣ бештар ба омӯзишу таҳқиқи таърих ва забону фарҳанги  ҳаммиллатони бурунмарзӣ рӯ оварда шавад, чунки сиёсати давлат ва тақозои замон ҳамин аст. Маҳз бо ҳидояту раҳнамоӣ ва дастгирии ин шахси дилсӯзу дурандеш ба муаллифи ин сатрҳо муяссар шуд, ки ба сифати докторанти ДМТ анқариб ду сол мешавад, ки ба омӯзишу таҳқиқи тоҷикони Чин аз лиҳози этносотсиолингвистӣ машғулам.
Бояд зикр кард, ки оид ба шумораи тоҷикони маскуни Чин маълумотҳо мухталиф мебошад, зеро ки онҳо ба сурати пароканда умр ба сар мебаранд. Агар дар музофоти тоҷикнишини Тошқӯрғон ҳудуди тақрибан 30 ҳазор тоҷик, асосан сарикӯлиҳо, сарҷамъона зиндагӣ кунанд, аммо тоҷикони дигар, аксаран вахониҳо, ба таври парешон дар ҳудуди волостҳои миллии Зарафшон,Тор, Навобод, Озодобод ва дигар мавзеъҳои мухталифи тобеи Кошғар (Кошғар-кӯҳи Яшм, ки туркзабонҳо онро созгори талаффузи худ намуда, Қошғар мегӯянд) сукунат доранд.
Хуллас, дар маҷмӯъ теъдоди тоҷикони Чинро тақрибан беш аз 50 ҳазор ба қалам додаанд.
Дар ҳудуди музофоти (ноҳияи) тоҷикнишини худмухтори Тошқӯрғон, ки дар он беш аз 30 ҳазор нафар сукунат доранд, 80%-ро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Музофоти тоҷикнишини Тошқӯрғон, ки соли 1954 ҳукумати Чин онро ҳамчун ноҳияи худмухтори тоҷикон расман эътироф намудааст, тобеи ноҳияи (вилоят К.Х.) Худмухтори Синзсяну Уйғур мебошад.
Ҳудуди Тошқӯрғон 25 ҳазор м2 ро ташкил дода, аз сатҳи баҳр дар баландии 3200 метр қарор дошта, бо Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ҳаммарз буда, Помири Шарқии Чин низ номида мешавад. Тоҷикони сарикӯлӣ (Тошқӯрғон) то соли 1934 бо забони форсӣ таълим мегирифтанд ва баъди ин сол таълим ба ин забон тадриҷан маҳдуд карда шуда, аз соли 1954 инҷониб таълиму тадрис ба забони уйғурӣ ва чинӣ ба роҳ монда шудааст. Забони сарикӯлӣ дар муҳити хонаводагӣ ва муоширати байни худ истифода мешаваду халос. Тоҷикони Тошқӯрғон аз матбуоти худӣ низ маҳруманд. Ҷавонон забони тоҷикиро намедонанд, лекин ба сурудҳои тоҷикӣ сахт дилбастагӣ дошта, онҳоро дар нишастҳои фароғатӣ месароянд. Дар нақлиётҳо ва аз ҳар кошонаву ошёна замзамаи сурудҳои тоҷикӣ ба гӯш мерасад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ҳамкориҳои фарҳангиро бо ин тоҷикони ҳамсоя, яъне он сӯйи Мурғоб ба таври лозима ба роҳ монем. Ашхосе, ки каму беш аз забони тоҷикӣ-форсӣ огоҳӣ доранд, калонсолон буда, онҳо низ ангуштшуморанд.
Аз насли миёнасол, онҳое ба форсӣ баладанд, ки курсҳои ташкилнамудаи Ройзании фарҳангии сафорати Эронро хатм намудаанд (Ройзании фарҳангии сафорати мазкур ду курс: 6-моҳа ва 8-моҳа дар  Тошқӯрғон ва дар назди Донишгоҳи Синсзян ду гурӯҳ: дар давраи якум 32 нафар ва дар давраи дуюм 28 нафар ба муддати якунимсолӣ забони форсӣ омӯхтанд, ки ҳамаи ин иқдомҳо бо ташаббусу талошҳои профессори Донишгоҳи Синсзян Замири Саъдуллозода амалӣ гардид (Замири Саъдулло ягона тоҷики чиниест, ки таҳти роҳбарии профессори шодравон Расул Ҳадизода соли 1994 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба хотири эҳтироми устодаш насабашро Саъдуллозода кардааст, ки бо -зода дар насабсозии тоҷикони Чин ягона аст).
Ҷойи таъкид аст, ки мавсуф дар муаррифӣ намудани илму фарҳанги тоҷикон ва адибони тоҷику форс хизматҳои шоиста кардааст… Ӯ барои эҳёи таълиму тадрис ба забони форсии тоҷикӣ талошҳо дорад. Ӯ ба таассуф мегӯяд: "Забони тоҷикӣ дар Чин бепушту паноҳ аст, яъне танҳо дар ҳудуди хонаводагӣ истифода мешавад. Таълим дар кӯдакистону дабиристонҳо ба забонҳои уйғурӣ ва чинӣ сурат мегирад… Тоҷикони Чин дар сурате ба комёбиҳо муваффақ мешаванд, ки агар ба забони модариашон таълим гиранд, тоҷикӣ андешанд ва тоҷикӣ нависанд".
Воқеан, ҳукумати Чин нисбати ақаллиятҳои миллӣ ягон маҳдудиятеро муқаррар накардааст. Хусусан, нисбати тоҷикон таваҷҷуҳи бештаре эҳсос мешавад ва онҳоро мардуми хушахлоқу меҳнатқарин эътироф мекунад. Ҳатто дар омори расмии Вазорати умури дохила омадааст, ки дар 20 соли охир дар ҳудуди Тошқӯрғон ягон ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар мавриди забони таълим бояд зикр кард, ки забони чиноӣ ба сифати забони ягонаи давлатӣ барои ҳама ҳатмӣ муқаррар шуда, ақаллиятҳои миллӣ забони дуюмро ихтиёран интихоб мекунанд. Чун тоҷикони Тошқӯрғон тобеи Кошғар мебошанд, уйғурон барои тоҷикон маҳдудиятҳои беасосро пеш гузоштаанд.
Аввалан,  ноҳияи Тошқӯрғон, ки беш аз сӣ ҳазор аҳолӣ дорад, дар маркази даҳ ҳазор нуфуздоштаи он  танҳо як мактаби маълумоти миёнаи пура (12-сола) амал мекунаду халос. Як мактаби 12-солаи дигар барои тоҷикон дар шаҳри Кошғар фаъолият мекунад, ки на ҳар як тоҷики хоҳишманд аз ҷиҳати молиявӣ имконият  дорад, ки дар он ҷо таҳсил кунад. Магар барои тоҷиконе, ки  теъдодашон аз 50 ҳазор зиёд  аст, ду мактаби миёнаи пура кифоят мекунад? Магар ин барои бештар соҳиби маълумоти олӣ шудани тоҷикон маҳдудият нест?
Аз ҷониби дигар, тавре қаблан зикр шуд, чун ҳукумати Чин дар пешбурди таълиму тарбия ва фаъолияти иҷтимоӣ барои ақаллиятиҳои миллӣ забони дуюмро ихтиёрӣ иҷозат додааст, лекин муғризон барои ба забони форсии тоҷикӣ ғайри имкон будани таълиму тадрисро ба камбуди мутахассисон ва набудани маводи таълимӣ вобаста медонанд.
Гузашта аз ин, шигифтангез ин иддао аст, ки гӯё тоҷикон алифбо надоранд, бинобар ин таълим ба забони уйғурӣ пеш бурда мешавад.
Воқеан, дузди зӯр соҳиби говро бастааст,- беҳуда эҷод нашудааст.
Охир, алифбои арабиасосе, ки онро уйғурон мувофиқи "завқу салиқаи" худ аз имлои аслии классикӣ фарсахҳо дур кардаанд, магар хату алифбои тоҷикон-эрониён нест?
Ин иддаои муғризонаи уйғурон боиси он шудааст, ки равшанфикрони Тошқӯрғон дар фикру садади эҷоди алифбо афтодаанд, то ки дар мактабҳои Тошқӯрғон ба забони тоҷикӣ таълимро ба роҳ монда, дар фазои фарҳанги ориёӣ парвоз намоянд, зеро ба андешаи оқилонаи профессор Замир Саъдуллозода: "Танҳо мактабу маориф ба тарбияи миллат қодир буда метавонад".
Магар аламовар нест, ки девони шоираи тавонои тоҷик Отиқа Замир (модари профессор Замир Саъдуллозода) ба забони уйғурист. Собиқ ҳокими ноҳияи Тошқӯрғон Рӯзӣ Гулбой, ки соҳиби се маҷмӯаи ашъор ба забони уйғурист, боҳасрат мегӯяд: "Кошки тоҷикиро медонистаму ба тоҷикӣ шеър менавиштам, то ки ҳаммиллатони ман дар Тоҷикистону Афғонистону Эрон шеъри маро мехонданд. Онҳо тоҷиканд бӯйи тоҷикӣ доранд, лекин либоси уйғурӣ бар тан кардаанд". Ё муаррихи шаҳир, профессори Донишгоҳи Синсзян Ширин Қурбон, ки муаллифи чандин китоб оид ба тоҷикон, аз ҷумла муаллифи китоби 700 саҳифаи "Тоҷикони Чин" мебошад, чун тоҷикиро хуб намедонад, тамоми осорашро ба забони уйғурӣ эҷод намудааст. Ӯ афсӯс мехӯрад, ки китобҳои ман берун аз ҳудуди Уйғуристон хонандаи худро надоранд, ҳол он ки онҳо дархӯри тоҷиконанд.
Мушкилоти дигаре, ки тоҷикони Тошқӯрғон ба он рӯ ба рӯ шудаанд, надоштани ихтисосманди соҳаи журналистӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки аз ҳамин сол сар карда тибқи муқаррарот ба ақаллиятҳои миллии шумораашон аз сад ҳазор кам имконият дода  шуд, то ҳар ҳафта ба муддати ним соат оид ба бурду бохт ва ҳаёту фаъолияти мардуми худ аз тариқи телевизиони марказии вилояти (Ноҳияи Худмухтори Синсзяну Уйғур) баромад кунанд. Дигар ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла қазоқҳову қирғизҳо, барномаҳои худро ба роҳ мондаанд, аммо, мутаассифона, тоҷикон, бо сабаби надоштани журналисти касбӣ, имконияти амалӣ намудани ин кори хайрро надоранд ва ҳамзамон дар татбиқи ин барномаи телевизионӣ ба ҷалби мутахассисони хориҷӣ иҷозат дода намешавад.
Дар ҳамин радиф бояд зикр намуд, ки дар махзани дастхатҳои шаҳри Урумчӣ, тибқи маълумоти масъули дастхатҳо хонуми профессор Замир Саъдуллозода-Гулҷаҳони Хушдил, тақрибан 4 ҳазор нусха китоб маҳфуз аст, ки бештари онҳо бо расмулхати арабӣ буда, осори форсизабонон мебошанд. Мутаассифона,  вуруди хориҷиён ба ин махзан мамнӯъ буда, овардани далелҳо оид ба нокомии хориҷиён дар ин мавзӯъ дар ин мақола маҷол нест.
Масъалаи дигаре, ки боиси таассуф буда, вале, албатта, ин масъалаи сиёсати дохилии ҳокимияти маҳаллист, ин махлуткунии тоҷикон мебошад. Лекин барои огоҳӣ пайдо кардан зикри ин амали носавоб бемаврид набудагист.
Тибқи барнома аз мавзеъҳои гӯё хавфноки музофоти тоҷикнишини Тошқӯрғон дар ҳудуди 500 оила ба биёбони ҷануби шарқии Кошғар, ки аз Тошқӯрғон дар масофаи 530 км дур воқеъ аст, дар давоми 5-10 соли охир кӯчонида шудаанд ва он ҷойро Тоҷикобод ном ниҳода (масофаи байни Тошқӯрғону Кошғар-290 км.), аз лиҳози маъмуриву идорӣ тобеи Тошқӯрғон муқаррар намуданд. Мулоҳиза намоеду хулоса бароред: дар масофаи 530 км.
Ҳол он ки дар худи водии баландкӯҳи Тошқӯрғон барои ҷобаҷокунии чунин маҳалҳои ба ном хавфнок замин кифоят мекунад.
Аз ҷониби дигар, дар байни Тошқӯрғону Кошқар даштҳои васеи қирғизнишин вуҷуд дорад, ки аз Тошқӯрғон то он ҷойҳо тақрибан масофаи 150-200 км-ро ташкил медиҳад. Магар дар чунин мавзеъҳо ҷой додани тоҷикон беҳтар нест, ки онҳоро аз ҳаммиллатони худ ба гӯшаи хеле дурдаст бурдаанд? Ба андешаи мо, ин амалест, ки боиси парешон кардани ягона музофоти тоҷикони сарҷамъ гардида, омезиши тадриҷии онҳо оқибатуламр, мисли Турфону Хутан ва Ёрканд, ба туркшавии эшон оварда мерасонад, яъне ягона шамъи фурӯзони тоҷик дар ин минтақа хира шуда истодааст…
Хулласи калом, тоҷикони Сарикулӣ тоҷиконе мебошанд, ки ҳисси хеле баланди миллӣ дошта бо тоҷик буданашон ифтихор мекунанд
 Мо тоҷикони асили забонгумкардаем. Тоҷикистони соҳибистиқлол Каъбаи умеди мост.
Инак, қарзи инсонии худ медонам, ки мушкилӣ ва хоҳишу умедҳои деринаи онҳоро ба мақомотҳои салоҳиятдорӣ ҷумҳурӣ расонам, то ки онҳо дар доираи муносибатҳои дипломатии ду кишвари ҳамҷавор, ду кишваре, ки равобиту ҳамкориҳои эшон дар сатҳи баланди тарафайн ва ҳусни тафовуми шоиста қарор дорад, масоили марбути тоҷиконро ҳаллу фасл намоянд. Хусусан, мушкилоти илму маориф, ки ба Вазорати маориф ва илм вобаста аст, ба вазорате, ки сарварии онро шахси кордону шоиста ва бе муболиға намунаи ибрати ҳамагон муҳтарам Нуриддин  Саидов ба уҳда доранд, аз мушкилоти калидӣ буда, ҳаллу фасли онҳо боиси бақои забони тоҷикӣ ва тоҷикони сарикулӣ мегардад.
Ҳамин тариқ, месазад ва вақти он расидааст, ки  ба тақдири тоҷикони Чин бетараф набошем, вагарна дар харитаи этникии тоҷикони ҷаҳон номи тоҷикони Чин дер ё зуд аз байн хоҳад рафт.

Хуршед КАБИРОВ,
докторанти ДМТ,
 шаҳри Урумчӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.13    №: 163    Мутолиа карданд: 11064
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед