logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1956 - 1957 ҚАБУЛ ШУДААНД

Моддаи 1. Санадҳои қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956 - 1957 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 29 феврали соли 1956 «Дар бораи тасдиқ намудани низомномаи Байрақи Давлатии РСС Тоҷикистон» (Протоколи №13,  §3);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 30 августи соли 1956 «Дар бораи васеъ намудани ҳудуди шаҳри Сталинобод» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1956, №10);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 1956 «Дар бораи  ворид намудани тағйирот ба сарҳади маъмурии территориявии ноҳияҳои шаҳри Сталинобод» (Ведомостҳои Совети  Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №1);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1956 «Дар бораи муайян намудани номҳои фахрии «Устои хизматнишондодаи маълумоти касбӣ-техникии РСС Тоҷикистон» ва «Муаллими хизматнишондодаи маълумоти касбӣ-техникии РСС Тоҷикистон»  (Ведомостҳои Совети  Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №2);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1957 «Дар бораи ба Университети давлатии Тоҷикистон додани номи  В. И. Ленин» (Ведомостҳои Совети  Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №10);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 маи соли 1957 «Дар бораи ба ихтиёри комитетҳои иҷроияи Советҳои депутатҳои меҳнаткашони вилоятҳои РСС Тоҷикистон додани ҳалли масъалаҳои оид ба даровардани тағьирот ба сарҳадҳои Советҳои қишлоқҳо» (Ведомостҳои Совети  Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №11);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 27 маи соли 1957 «Дар бораи ба Вазорати транспорт ва хоҷагии роҳҳои РСС Тоҷикистон табдил додани Вазорати транспорти автомобилӣ ва роҳҳои сангфарши РСС Тоҷикистон» (Протоколи №33, §4).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1044

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит
донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи
солҳои 1956 - 1957 қабул шудаанд»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2013, № 1347

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956 - 1957 қабул шудаанд»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои1956 - 1957 қабул шудаанд»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 599


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.01.2014    №: 4    Мутолиа карданд: 901

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед