logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.1994, №15-16, мод.235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.1995, №22, мод.259; с.2008, №1, қ.2, мод. 16; №12, қ.2, мод. 1005; с.2010, №12, мод.822) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархатҳои понздаҳум ва шонздаҳуми моддаи 11 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«- канданиҳои фоиданоки пошхӯрда – пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;
усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ – тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад;».
2. Ба қисми якуми моддаи 8 баъд аз калимаи «мувофиқи» калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва» илова карда шаванд.
3. Моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 16. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда
Дар конҳо ва зуҳуроти металлҳои асил ва дигар канданиҳои фоиданок ё қитъаҳои онҳо мувофиқи рӯйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома дода мешавад.
Ба субъектҳои соҳибкорӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат дода мешавад.
Истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба тариқи ихтиёрӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсон бе бақайдгирии онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» манъ аст.
Қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1048

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, № 1280

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 603


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2014    №: 5    Мутолиа карданд: 868

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед