logo

илм

СОЗАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Силсилатаҳқиқотҳои олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳоб Набиев дар мавзӯи омӯзиш ва таҳқиқи таърихи фаъолияти ҷавонон назаррас буда, арзишҳои баланди илмӣ доранд.
Ковишҳо ва ҷустуҷӯи илмии ӯ дар ин самт чил солро дарбар мегирад. Ӯ бори нахуст дар айёми донишҷӯйӣ бо ҳидояти дотсент Ф. Зикриёев (ҳоло доктори илмҳои таърих, профессор) дар мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон дар мубориза барои маҳву бесаводӣ (солҳои 1929-1933)» маърӯза намуда буд ва аз он рӯз дилгармона ба кори илмӣ машғул гардид. Омӯзиши пайваста, ҷустуҷӯ ва таҳқиқи мавзӯи комсомол ва таърихи ҷавонон ӯро ба қуллаҳои мурод расонд.
Соли 1986 дар мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон ёрдамчии  фаъолони ҳизби коммунистӣ дар татбиқи инқилоби маданӣ (солҳои 1929-1941)» рисолаи номзадӣ, соли 1998 дар мавзӯи «Таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)» рисолаи доктории хешро дифоъ намуд. Силсилаи китобу монографияҳои ӯ «Бо номи дӯстӣ ва бародарӣ: таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)», «Комсомол ва фарҳанг», «Комсомоли Тоҷикистон дар дигаргунсозии маданияти деҳот», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Самараи ризоият», «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат», «Сайри гули лола: ҷустуҷӯ, бозёфт ва комёбиҳо», «Навниҳолони боғи истиқлол», «Иҷлосияи тақдирсоз ва самтҳои асосии ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон», «Сулҳ, Ризоият, Ваҳдат», «Ҷонфидоиёни Ватан», «Фарҳанг ва ҷавонон», «Ваҳдат - ганҷи ҷовидони миллат», «Нигоҳе ба фарҳанги миллии тоҷикон»,  «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Посдори фарҳанги миллӣ», «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон» ба табъ расидааст, ки фарогири мавзӯи мубрами рӯз аст. Шояд профессор Ваҳҳоб Набиев ягона муаррихе аст, ки дар ин мавзӯи муҳим ва актуалӣ силсилаи асарҳои ҷолиби илмӣ навишта бошад. Аз ин ҷо, монографияи  навтаълифи ӯ «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» (Душанбе, Ирфон, 2013, 340 с) нишони ковишҳо ва таҳқиқоти наве дар ин самт аст. Ҳақ ба ҷониби  муаллифони сарсухани  китоби тозанашри  ин олим аст, ки навиштаанд: «Имрӯзҳо доктори илми таърих, профессор Ваҳҳоб Набиевро аҳли илм ва ҷомеа ҳамчун кашшофи масоили ҷавонон, муҳаққиқи беҳамтои таърихи  ҷавонон мешиносанд ва қадр мекунанд. Вай хуб медонад, ки масъалаи тарбияи насли наврас яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол вобастагӣ дорад».
Дар ин самт суханони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши созандагӣ ва бунёдкорӣ дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд пеш аз ҳама ҷавонони мо мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд. Зеро ин мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни он мекӯшанд».
Ин гуфтаҳои Президенти мамлакат профессор Ваҳҳоб Набиевро водор намуд, ки дар ин самт силсилаи асарҳои тадқиқотӣ ва китобҳои зиёде эҷод намояд. Дар ҳақиқат асарҳои ӯ «Мақсад-тарбияи истеъдодҳои ҷавон», «Президент Э.Ш.Раҳмонов ва густариши худшиносию ифтихори миллии ҷавонон», «Ҳамкории ҳизбҳою ҳаракатҳои сиёсӣ бо ташкилотҳои ҷавонон», «Саҳми ҷавонони эҷодкор дар рушди фарҳанг ва санъати Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Нақши олимони ҷавон дар рушди илми Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Фарҳанг сафири дӯстӣ ва бародарӣ», «Ҷавонон мунодиёни сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол», аҳамияти илмӣ-назариявӣ ва амалӣ дорад. Ин ва дигар осори профессор Ваҳҳоб Набиев дар ҷодаи худшиносӣ, худогоҳӣ, тафаккури баланди миллӣ, хештаншиносӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, аз таърих ва ҳувияти миллӣ, барои  созандагии насли ҷавон саҳми боарзише мегузорад. Дар рӯҳияи баланд ба камол расидани ҷавонони тоҷик ва дарки масъулияти онҳо дар назди ҷомеа ин осор саҳмгузоре хоҳад шуд. Таъкид ба ёдоварист, ки маҳз ҷавонони эҷодкор, ба нангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки тафаккури созанда доранд метавонанд дирӯзу имрӯз ва фардои ин миллати бузургро пайвандгарӣ намоянд. Ҷавонон дар тамоми давру замон барандаи ақоиди тавонои тамаддунӣ ва илмию адабӣ буданду ҳастанд. Аз ин ҷо, ҷавонони тоҷик пайвандгари наслҳо ва фарҳанги имрӯзу фардои моянд. Ҳамин ва дигар андешаҳои муаррих ва муҳаққиқи донишманди тоҷик Ваҳҳоб Набиев дар рӯи асари калонҳаҷми  худ «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» рехтааст, ки ҳар сатри он аз муҳаббат ба кишвар, муҳаббат ба ҷавонон, ба кору пайкори созандаи онҳо, ба илму дониш, маърифат, хираду рӯҳонияташон фароҳам омадааст. Монографияи арзишманди Ваҳҳоб Набиев «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» аз се боб ва фаслҳои зиёде иборат буда, бобҳо ва фаслҳо аз нигоҳи мантиқӣ ва мазмун тақвиятдиҳандаи ҳамдигаранд. Ба андешаи муҳаққиқ: «Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст»,  гуфтани ӯ садҳо маънӣ ниҳон аст. Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон дод, ки ҷавонон барои муттаҳид намудани ҷомеа, ба эътидол овардани авзои иҷтимоию сиёсӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, пешбурди хоҷагии халқ, илму маориф, таъриху фарҳанг саҳм доранд ва таҷрибаи кофӣ андӯхтаанд.
     Дар ин асар таърихи ҷавонони тоҷик бо тамоми паҳлӯҳояш инъикоси худро ёфтааст. Албатта, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи ҷавонон ва фарҳанги ҷавонони Тоҷикистон на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти амалӣ низ дорад. Мақсади асосӣ тарбия, ҳидоят ба ободӣ, созандагӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳувияти миллӣ, пос доштани таърихи ниёгон, пешбурди илму ирфон, мактабу маориф  аз тарафи ҷавонон аст. Дар асари «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» масъалаҳои  густариши сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар таҳкими истиқлолият, ташаккулу инкишофи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, ободӣ, пойдории кишвар, мақоми ҷавонон дар инкишофи фарҳанги бадеӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат, варзиш, рушди илму маориф, адабиёту санъат ва дигар масъалаҳои мубрам ҳаллу фасли худро ёфта,  таҳқиқи ҷиддӣ шудаанд.
Зикр бояд кард, ки марҳилаҳои гуногуни таърихӣ  паси сар мешаванд, ҷомеа пеш меравад, муносибат ба сиёсати ҷавонон шаклу афкори дигар мегирад, ҷавонон низ пеш мераванд. Онҳо дар раванди ташаккули  ҷомеаи демократӣ саҳм мегиранд, кашфиёту  таҳқиқотҳои илмиро  низ бо шаклу шеваҳои гуногун идома медиҳанд. Барои тадқиқотҳои тоза заминаҳои нав низ ба вуҷуд меояд. Он вақт назарҳо ҳам дигар мешаванд. Тадқиқот давом мекунад. Мо боварии комил дорем, ки Ваҳҳоб Набиев тадқиқҳои хешро роҷеъ ба таърихи ҷавонон ва фарҳанги онҳо идома медиҳанд, асарҳои ҷолиби диққат меофаранд…
Монографияи арзишманди Ваҳҳоб Набиев «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» ки манзури хонандагони азиз гардидааст дар ҷодаи худогоҳӣ, худшиносӣ, миллатшиносӣ, поси эҳтироми миллӣ, ифтихори миллӣ, ҳувияти миллии насли ҷавон саҳми бузург ва арзандае хоҳад гузошт.                      
Аъзамҷон Азимов,
доктори илмҳои
филология, профессор.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2014    №: 6    Мутолиа карданд: 1329

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед