logo

илм

МУҲАҚҚИҚИ АСИЛ

Ќобилияти худодод ва меҳру муҳаббати беандоза ба илм Ҷумъахон Сафаровро ба фатҳи қуллаи умедҳо ҳидоят намуд. Ӯ пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо медали тилло, соли 1962 ба номи донишҷӯи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовор  гардид.
Аз рӯзҳои аввали  таҳсил ташаббускори  нишасту маҳфилҳои гуногуни илмиву эҷодӣ буда, худ дар онҳо  фаъолона ширкат меварзид. Устодону омӯзгорон ва ҳамсабақону ҳампешагон ба дастовардҳояш ошно гардида, қобилияти беҳамтояшро эҳсос мекарданд. Барои донишҷӯёни факултети физика ва математика хурсандиовар он буд, ки ба онҳо мутахассисони варзида, аз қабили профессори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов В. Илйин (ҳоло академики Академияи илмҳои Федератсияи Русия), дарс мегуфтанд. Ба Ҷумъахон пас аз хатм бо хоҳишу тавсияи профессор В. Илйин барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов роҳхат доданд. Аммо бо сабаби мушкилоти оилавӣ ин ҷавони умедбахш имкони ба шаҳри Маскав рафтанро пайдо накард  ва ӯро дарҳол ба шуъбаи математика ва маркази ҳисоби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват намуданд.
Фаъолияти тадқиқотиро ӯ бо роҳнамоии олими тоҷик,  академик А.Ҷӯраев оғоз намуд. Дар ин ҷода низ шамъи маърифати илмро ин мутахассиси ҷавон равшан карда, аз шогирдони арзандаву сазовори устоди худ гардид ва дар андак муддат миёни ҳамкасбон мақоми хоса ёфт. Соли 1967 лаборанти калони бахши барномасозии Пажӯҳишгоҳи физикаю техника буд ва аз соли 1968 то соли 1969 ба сифати  ходими хурди илмии бахши муодилаҳои дифференсиалии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ кор кард. Соли 1969 мавсуф ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳайси муаллими калон ба кор рафт ва 28 сол дар вазифаҳои гуногун (муаллими калон, мудири кафедра ва декани факултети математика) фаъолият намуд.  Соли 1979 таҳти роҳбарии А. Ҷӯраев ба таҳқиқу пажӯҳиш машғул шуда рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Оид ба масъалаҳои канорӣ барои системаҳои муодилаҳои намуди таркибӣ дар соҳаҳои ҳамвор ва фазоӣ» дифоъ намуд.
Солҳои 1975-1981 мудири кафедраи математикаи олӣ ва ҳисоббарорӣ ва солҳои 1981-1991 ба ҳайси мудири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки бо ташаббуси ӯ дар заминаи  кафедраи математикаи олӣ ва ҳисоббарорӣ таъсис ёфта буд, фаъолият дошт. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти корӣ дар тайёр намудани муҳаққиқони варзида аз ҳисоби устодони кафедра ва донишҷӯёни аълохони факултети математика мусоидат намуд. Бо ин мақсад робитаи кафедраро бо марказҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ густариш дода, ҳамкории пурсамари илмиро ба роҳ монд.
Самараи кордонӣ ва меҳнату заҳматҳои ӯ буд, ки дар як муддати кӯтоҳ заминаи илмию методии кафедра қавӣ гардид ва он ба яке аз кафедраҳои пурқуввати донишгоҳ табдил ёфт.
Бо ташаббуси ӯ бори аввал дар таърихи донишгоҳ конфронси илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва та-тбиқи онҳо» гузаронида шуд, ки дар он олимони намоён аз минтақаҳои гуногуни  кишвар  ва дигар мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд.
Ҷумъахон Сафаров бо роҳнамоиву ҳидояти академик А. Ҷӯраев ва профе-ссор А. Янушаускас ба таҳлилу тадқиқи амиқу густурдаи масъалаи муҳими илми риёзӣ-системаҳои муодилаҳои ғайриклас