logo

маориф

БОРГОҲИ МАЪРИФАТ

Чӣ тавр бо гимназияи №2 – и шаҳри Душанбе унс гирифтам?

Бо амри тақдир, барои кори давлат ба Душанбе омадаму дар километри 9-ум манзил интихоб кардам, аммо як мушкил пеш омад: ягона фарзанди мактабхонамро, ки ба синфи аввал  бояд равад, ба куҷо барам? Як сабаби ба шаҳр кӯчиданамон низ, ҳамин буд, ки фарзандамонро дар ягон мактаби хуб хононем.
Бо фикри дар ягон мактаби хуб гузоштани фарзандам аз хона берун омадам. Вақте берун омадам, тасодуфан як ҳамсояи навамро вохӯрдам. Вақте ӯ манзури маро фаҳмид, гуфт, ки овора нашавам ва аз паси ӯ равам.
Аз байни биноҳо гузашта, ба як муассисае расидем, ки аз берун хеле зебо менамуд ва ман фикр кардам, ягон корхонаи муҳиму сердаромаде аст. Ғайримунтазира ҳамсояам гуфт, ки ана ҳамин аст мактаб.
Мо вориди мактаб гардидем. Саҳни он тозаву озода, рӯфтаву об зада буд. Азбаски моҳи июл буд, касе дар саҳни мактаб наменамуд. Танҳо як нафарро дидем ва ба ӯ мақсадамонро фаҳмондем. Вай гуфт, ҳоло вақти таътил аст, аммо директор дар ҳамин ҷо ҳастанд.

«МАКТАБ АЗ ДИРЕКТОР МАЪЛУМ МЕШАВАД»
Ба як утоқи одӣ ворид шудем, ки дар он як миз барои меҳмонон, яктои дигар барои компютеру принтер ва сеюм барои директор буд.
Нафаре ба гулҳои гулдонҳои назди тиреза аз чойнаки калон об мерехт. Чун мо даромадем, ӯ ба истиқболамон табассумкунон пеш омад,  худро кӯтоҳ муаррифӣ кард:
- Зиёдулло Абдулов, директор.
Аввалин таассуротам аз гимназияи № 2 – и шаҳри Душанбе ин буд, ки аз омадан ба ин ҷо хато накардам. Агар зоҳири мактаб ба ботинаш мувофиқ ояд, ҷои хуб барои хондани фарзандам буда метавонад, зеро ҳоло дар ҷомеаи мо аҳамияти хондан ва таҳсили хубу олӣ гирифтан рӯз ба рӯз меафзояд. Ҳамарӯза мебинем, ки кадрҳои мо дар мактабҳои хуб хонда, дар оянда дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ва вақте бармегарданд, аллакай мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд. Ман ҳам ҳамин орзуро доштаму дорам. Аз ин хотир, бароям муҳим буд, ки донам хонандагони гимназияи № 2 чӣ пешрафтҳое доранд.
Вақте ба Зиёдулло Абдулов бо ин суол муроҷиат кардам, хурсанд шуданд. Фаҳмидам, ки гимназия  барои  хонандагони  болаёқати  шаҳри  Душанбе дар заминаи гимназияи  ноҳиявии  №39 –и  ноҳияи  Шоҳмансур соли  2010 таъсис ёфта будааст. Соли хониши 2012 - 2013 панҷоҳу чор хонандаи гимназия дар олимпиадаи шаҳрӣ иштирок намуда, 25 нафар ҷойҳои намоёнро соҳиб шуда будаанд. 2 хонандаи синфи 11 дар олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ ширкат  варзида, яке соҳиби медали нуқра ва роҳхат ба  мактаби олии кишварамон  шудааст.
Дар ҷамъияти хурди илмии хонандагон таҳти унвони «Маърифат»  як сол боз фаъолият мекунад. Аъзои «Маърифат» ба  ҷустуҷӯҳои  илмӣ дар бахшҳои филология, забоншиносӣ, таъриху ҳуқуқ, физикаву математика, биология ва зистшиносӣ машғуланд. 35 нафари онҳо дар  конференсияи  илмии мактаббачагони шаҳри Душанбе  ширкат варзида,  25  нафар  соҳиби  диплому  ифтихорномаҳои  раёсати  маорифи  шаҳри  Душанбе  ва 14 нафари  онҳо сазовори  ҷойҳои намоён  гаштаанд. Як нафар ҳатто соҳиби унвони академик ва як  нафари дигар соҳиби унвони узви вобаста шуданд.
Хулоса, Зиёдулло Абдулов дар бораи дастовардҳои мактаб хеле ботамкин ва батафсил суҳбат карданд ва ман ҳам мақсадамро  баён намудам. Он кас гуфтанд, ки ҳоло талабгорони таҳсил дар гимназия хеле зиёд ҳастанд ва ман метавонам ҳуҷҷатҳои фарзандамро супорам, аммо агар сатҳи фаҳмиши ӯ ба талабот мувофиқат кунад, хонандаи гимназия хоҳад шуд, чун  гимназия барои хонандагони лаёқатманд аст.
Аз суҳбат бо Зиёдулло Абдулов фақат як хулоса кардам: мактаби хуб аз директор маълум мешавад!

ГИМНАЗИЯ Ё ДОНИШГОҲ?
Охири моҳи июл ҳуҷҷатҳои писарамро ба раёсати маорифи шаҳри Душанбе супоридам. Он ҷо ҳам гуфтанд, ки фарзандатонро ба имтиҳон омода кунед. Ҳайрон шудам, чӣ тавр имтиҳон? Гуфтанд, ки пас мефаҳмед. Хуб, гуфтаму рафтам.
Тақрибан 10 - уми август як нафар аз раёсати маорифи шаҳр ба ман занг зада гуфт, ки 14 август имтиҳон мешавад ва бо писаратон биёед.
Он рӯз рафтам ва саҳни гимназияро дида, ҳайрат афтодам. Волидайн ҳам зиёд буданд, довталабони хурдсолу дӯстрӯ ҳам. Интизорӣ дер давом накард ва Зиёдулло Абдулов ба назди мо омада, эълон кард, ки ҳоло гимназия имкон дорад танҳо 30 нафарро қабул кунад, аммо 150 нафар ҳуҷҷат супоридаанд. Аз ин хотир, имтиҳон мешавад ва ҳар касе имтиҳонро супорида тавонист, хонандаи гимназия хоҳад шуд.
Ба ростӣ, ҷои ифтихор аст, ки имрӯз мактаби тоҷикӣ ин қадар талабгори зиёд дорад, зеро аз таҷриба медонем, ки фақат дар мактабҳои олӣ барои як ҷой чандин довталаб талош мекунанд.
Писарамро дар назди худам имтиҳон карданд. Муаллимаҳо навбат ба навбат аз ӯ суол мекарданду фарзанди ман ҷавоб медод. Пас аз анҷоми имтиҳон гуфтанд, ки натиҷаҳояшро пас аз як ҳафта эълон менамоянд.
Зиёдулло Абдуловро вохӯрдам ва хурсандии худро пинҳон дошта натавониста, изҳори миннатдорӣ бикардам. Он кас гуфтанд, ки бародар, аз ин ба пас имтиҳонҳои асосӣ барои шумову фарзандатон сар мешавад. Ман он замон манзури он касро дарк накардам. Баъд фаҳмидам.

«ЁДИ СОЛҲОИ МАКТАБӢ»
Охири моҳи сентябр буд, ки писарам як даъватнома овард. Дар он аз ман хоста буданд, ки дар санҷиши дониши фарзандам иштирок кунам. Рӯзи муайяншуда рафтам ва муаллима маро ба синф даъват кард. Ӯ дар назди ман писарамро имтиҳон намуд. Дидам, ки меҳнати муаллима беҳуда нарафта ва писарам хеле пешрафт кардааст. Ҳарфҳоеро, ки гузашта буд, хуб мешиносад. Шод шудам.
Он рӯз бо вақти хуш аз синф баромада, бо директор Зиёдулло Абдулов вохӯрдам. Ӯ табассум карда, пурсид, ки акнун фаҳмидед, ман чиро дар назар доштам. Бо нишони тасдиқ сар ҷунбондам.
 Ин соатҳо маро ба ёди даврони мактабиам мебарад ва мебинам, ки хонандагони мактаби Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна хушбахт ҳастанд, ки чунин мактаб доранд. Бовар дорам, дар мактабҳои дигари шаҳри Душанбе ҳам чунин шароит ҳаст. Ва агар дар мактабҳои деҳаҳои Тоҷикистон чунин шароит набошад, оянда, иншоаллоҳ, мешавад. Ҳамчун падар орзу дорам, ки сулҳу оромӣ дар кишвар пойдор бошад, чунин мактабҳо ва чунин директорони кордон зиёд бошанд.

ДАЪВАТҲОИ ДИРЕКТОР
Воқеан, тайи ним сол бо директор ҳам хеле ошноӣ пайдо кардам. Ӯ ба баъзе чорабиниҳое, ки дар мактаб ташкил мешавад, маро даъват мекунад.
Як бор маро ба озмуни  «Беҳтарин  донандаи  забони  чинӣ», ки дар гимназия  гузаронида  шуд, даъват кард. Медидам, ки чӣ гуна хонандагони синфҳои 5 - 7 забони чиниро хуб ёд гирифтаанд. Албатта, ин забонро ман умуман намефаҳмам, лекин вақте хонандагон бо он ҳарф мезаданд мебинам, ки  суханрониҳояшон ба чиниҳо монандӣ дорад. Баъд фаҳмидам, ки ду ғолиби ин озмун дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳам иштирок карда, соҳиби  роҳхат  ба  кишвари Чин   шудаанд.
Ду бори дигар маро ба вохӯрӣ бо ашхоси маъруфи ҷумҳурӣ даъват карданд. Аввалҳои моҳи декабр вохӯрии хонандагон бо шоири шинохта, устоди  шеъри  муосири  тоҷик,  барандаи  Ҷоизаи  давлатии Тоҷикистон  ба  номи  устод  Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ   Бозор  Собир баргузор шуд, ки басо хотирмон буд.
Ба ҳамин минвол, ман дар як қатор озмунҳо, аз қабили «Нашъамандӣ шиканандаи орзуҳо» ва маҳфилҳои гимназия «Журналистони  ҷавон»,  «Физикони  ҷавон», «Навниҳолони  боғи  адабиёт», «Хушхатнависон» ва омӯзиши забонҳои  англисиву русӣ ширкат кардам.
Хулоса, дар ин матлаб ҳама он таассуротеро, ки аз ин гимназия дорам, баён карда наметавонам.
Зиёдулло Абдулов омӯзгори  дараҷаи  тахассуси  олӣ ва  Аълочии  маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муаллифи  зиёда  аз  16 мақолаи  илмиву  методӣ оид  ба масъалаи  таълиму  тарбия ва  рушди  маориф  мебошад. Пеш аз ба гимназияи № 2 омадан ӯ директори мактаби маҳаллаи Мирзобеки ноҳияи Шоҳмансур буд ва соли 2011 ғолиби озмуни  «Директори  сол» шуд.
Ман ба Зиёдулло Абдулов барори кор мехоҳам. Ва аз гимназияи №2 – и шаҳри Душанбе ҳеҷ гоҳ ҷудо намешавам, зеро барои ман  ҷазирае мебошад, ки ганҷаш маърифат аст.

Дӯстмурод Ҷумъаев,
сокини шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2014    №: 10    Мутолиа карданд: 1143
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед