logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ» мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар карда шавад.
3. Бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқан дар котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, барҳам дода шаванд.
4. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйир ёфтани мақоми бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд.
5. Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор карда шавад.
6. Ҷиҳати тавсеаи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо, аз ҷумла таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо, ҳамчунин ҳамоҳангсозии шӯроҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот таъсис дода шавад.
7. Бо мақсади таҳияи методологияҳои замонавии идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти раванди ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти кори Комиссияи буҷетӣ Раёсати молия таъсис дода шавад.
8. Ҷиҳати пешбурди ислоҳот дар идоракунии маҳал ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кор бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳоти идоракунӣ ва таҳлили вазъи маҳал Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал таъсис дода шавад.
9. Раёсати рушди иҷтимоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба таҳлил ва мониторинги татбиқи сиёсат ва стратегияҳои дахлдор дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғл ва тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои оила ва сиёсати гендерӣ равона карда шавад.
10. Бо мақсади тақвияти фаъолияти вобаста ба таҳлил ва пешгӯӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, ҳамоҳангсозӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ Раёсати илму маърифат таъсис дода шавад.
11. Раёсати рушди инфрасохтор таъсис дода шуда, кори он ба ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва ҷорӣ кардани усулҳои нави ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, энергетика, саноат, меъморӣ ва сохтмон равона карда шавад.
12. Бо мақсади тақвияти чорабиниҳо дар самти мониторинг ва арзёбии раванди ислоҳоти соҳаи аграрӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи муҳити зист Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист таъсис дода шавад.
13. Раёсати робитаҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ ба он вогузор карда шаванд.
14. Раёсати коргузорӣ ва назорат таъсис дода шуда, инчунин вазифаҳои вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба он вогузор карда шаванд.
15. Бо мақсади тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.
16. Ҷиҳати мукаммал сохтани вазифаҳо оид ба баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, мукофотонӣ, бахшиши ҷазо ва мониторинги дурустии иҷрои муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон Шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.
17. Бо мақсади мукаммалсозии вазифаҳо дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ, дуруст ба роҳ мондани механизмҳои арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, Бахши кадрҳо таъсис дода шавад.
18. Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҳуқуқи Раёсат таъсис дода шавад. Фаъолияти Марказ ба иҷро ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои идоракунии оперативии Шабакаи ягонаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва шабакаи дохилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани хизматрасонии шабакавӣ, асосҳои мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, порталҳои ягонаи мақомоти давлатӣ, танзими фаъолияти онҳо ва ривоҷи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ равона карда шавад.
19. Бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаю сохторҳои зерин барҳам дода шаванд:
- Шуъбаи ҳуқуқ
- Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳо
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи ташкилӣ
- Шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Шуъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила
- Шуъбаи илм ва маориф
- Шуъбаи фарҳанг
- Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм
- Шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ
- Шуъбаи саноат ва энергетика
- Шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсия
- Шуъбаи сохтмон ва меъморӣ
- Шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин
- Шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулода
- Шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ
- Шуъбаи умумӣ
- Шуъбаи назорат
- Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
- Шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон
- Шуъбаи кадрҳо
- Маркази иттилоотию техникӣ
- Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ.
20. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати муайян намудани вазифаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, тадбирҳо андешида, уҳдадориҳои мансабии шахсони мансабдори ба ҳайати онҳо дохилшавандаро муайян намояд;
- дар муҳлати ду моҳ бо тартиби муқарраргардида вобаста ба шумораи штатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия ва манзур намояд;
- бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти муқаррароти Фармони мазкур дар муҳлати ду моҳ таҳия ва пешниҳод намояд.
21. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, пешниҳодҳо манзур намояд.
22. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001, №702 «Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 январи соли 2014, № 116


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2014    №: 15    Мутолиа карданд: 1224
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед