logo

ҳукумат

ЗАМИНАҲОИ НАВИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ

Ҷаласаи 12 – уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ бо тасвиби қарордоди муштарак ба поён расид. Зери ин ҳуҷҷат Қоҳир Расулзода - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Игор Шувалов, муовини якуми раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, имзо гузоштанд.

Дар поёни ҷаласаи 12 – уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия роҳбарони ҳайатҳо – Қоҳир Расулзода ва Игор Шувалов аз натиҷаҳои он дар ҳузури хабарнигорон изҳорот доданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки дар ҷаласа ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар бахши иқтисоду савдо, башардӯстӣ ва илму техника мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда, бахусус дар бахши кишоварзӣ, энергетика, саноат,  нафту газ ва гардиши молу маҳсулот ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро зоҳир намуданд. Қоҳир Расулзода аз татбиқи қисме аз созишномаҳо, аз ҷумла оид ба шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, содироти маҳсулоти нафтӣ бе боҷи гумрукӣ, сода намудани шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия, ки дар сатҳи олӣ ба тасвиб расиданд, истиқбол намуд. Сарвазири мамлакат ҳамзамон аз натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи  байниҳукуматӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Игор Шувалов аз натиҷаи ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ, иқтисоду сармоягузорӣ, муҳоҷират ва робитаҳои гуманитарӣ изҳори хушбинӣ намуд. Роҳбари ҳайати Русия дар ин ҷаласа изҳор дошт, 2 дарсад афзоиш ёфтани гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки зарфи ду соли охир коҳиш ёфта буд, паёми нек аз таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт аст. Вале зарур аст, ки муносиботи тиҷоратӣ низ беҳтар ба роҳ монда шавад, зеро нишондиҳандаҳо мувофиқ ба захираҳои мавҷуда нест.
Муовини якуми раиси Ҳукумати Федератсияи Русия зикр намуд, ки феълан қабули шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз қабули дигар шаҳрвандони хориҷӣ тафовут дорад. Бар асоси созишнома дар бораи шароити кори шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар шаҳрвандони Тоҷикистон барои сабти ном 2 ҳафта ва муҳлати иҷозатнома барои кор то 3 солро дар ихтиёр доранд.
Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо қарор аст, ҷаласаи 13 – уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ дар Федератсияи Русия баргузор гардад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2014    №: 20    Мутолиа карданд: 911

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед