logo

энергетика

БАРҚ КАМЧИНУ АНГИШТ ҚИМАТ: ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар Бадахшон камии қувваи барқ дар зимистон бештар эҳсос мешавад. Ба истифода додани неругоҳи «Помир-1» мушкилотро нисбатан ҳал намуд. Аммо камбуди барқ дар навоҳии Ванҷу Дарвоз, Мурғоб, баъзе деҳоти дурдасти Рӯшону Ишкошим бармало мушоҳида  мегардад. Савол  ба  миён  меояд, ки чаро  бо  истеҳсоли  солонаи  176032,7 ҳазор кВ  танқисии  барқ боқӣ  мондааст? Ин  қадар барқи  истеҳсолшуда  куҷо меравад?
Манбаи асосии гармидиҳӣ, рӯшанӣ ва  пухту паз имрӯз барқ аст, аз ин рӯ, он намерасад, мегӯянд коршиносон. Аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ мехоҳанд аз ангишт истифода баранд. Вале нархи он хеле гарон аст.   
Нархи як кило ангишт дар нуқтаҳои савдо 1 сомониву 20 дирам  мебошад. Аксарият аз  хариди  ангишт даст кашида, барои гарм  кардани  хонаҳояшон  аз барқ, дар  мавридҳои  алоҳида  аз  ҳезуму  тапак истифода  мебаранд.
Дурманча Атолиқшоев, намояндаи Вазорати энергетика ва  захираҳои  оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гуфт, ки кони ангишти Равноби ноҳияи Дарвоз самаранок истифода шавад, нарх коҳиш меёбад. Ба истихроҷи ангишти кони Равноб  Ҷамъияти масъулияташ  маҳдуди “ВТИ-Помир” машғул аст ва мутахассисон сифати онро хуб арзёбӣ мекунанд. Соли 2012 аз ин  кон  1100 тонна ангишт истихроҷ гардид, соли гузашта ба муассисаҳои буҷетӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва аҳолӣ 1133 тонна ба фурӯш бароварда шуда, дар анборҳои корхона  боз 353 тонна захира  гардид. Корхона имконияти  афзудани истихроҷи ангиштро дорад. Вале  дар  соли  2013    истихроҷ  хеле  паст фаромад. Аз  ин  ҳам   харидорон  ва   ҳам  буҷети  маҳаллӣ  зарар  диданд.
Айни  ҳол  дар   бозори  шаҳри  Хоруғ 1 тонна ангишт 1200 сомонист. Агар   ангишти  Равноб   ба  фурӯш  мебаромад, арзонӣ  мешуд. Зеро  ба нарх хароҷоти роҳ таъсир мерасонад. Нархи як тонна ангишти Равноб дар Ишкошим аз  700  сомонӣ  боло  намебаромад. 
Иброҳимбек  Ғозибеков, мудири шуъбаи саноат, энергетика  ва  коммуникатсияи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилоят, зикр  намуд, ки  фаъол  гардондани  кони  ангишти  Равноб  яке аз  вазифаҳои  афзалиятнок ба ҳисоб  меравад. Имрӯз  роҳ  аз  маркази Дарвоз  то  кони  Равноб  64  километрро  ташкил  дода, он  танҳо  дар  фасли  тобистон кушодааст. Ҳукумати  ҷумҳурӣ доир  ба  сохтмони  роҳи  деҳаи  Жак – Равноб   чораҷӯӣ дорад. Баъди фаъол гаштани роҳ истихроҷи  ангишт  афзоиш  ёфта, нарх ҳам   ба  маротиб  коҳиш хоҳад ёфт.
Аммо  Аламхон  Убайдуллохонов, намояндаи  Агентии  захираҳои  моддии  давлатӣ дар   ВМКБ, дар  нишасти  матбуотӣ  иброз дошт, ки   омодааст, муассисаву  идораҳо  ва  мардуми  вилоятро бо  ангишти  хушсифату  арзон  таъмин  намояд. Барои  ин  зарур  аст, ки   идораву  муассисаҳо, мақомоти  худидоракунии   маҳаллӣ  бо  ин  ниҳод  шартнома банданд.
Вале  ҳоло, ки  ин  чораҷӯиҳо  амалӣ  нашудаанд, ба Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди “ВТИ-Помир”  зарур  аст, ки ба зимистони оянда аз ҳоло омодагӣ гирад, то ки мушкилоти имрӯза такрор нашавад. 

Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2014    №: 23    Мутолиа карданд: 11048

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед