logo

номаҳо

РӮЗНОМАҲО ДАР СОЛИ НАВ БА КОНИБОДОМ ДЕР РАСИДААНД

Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
Мақолаи мазкур («Ҷумҳурият», 10 январи соли 2014, № 8) дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъалаи дастрас намудани нашрияҳо ба зиммаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, ин масъулиятро дар маҳалҳо намояндагии онҳо бар дӯш доранд. Аммо муаллиф дер дастрас шудани нашрияҳоро ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ вобаста ҳисобидааст.
Тибқи  маълумоти  маркази  алоқаи почтаи шаҳр шумораҳои 1 – 3 - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз маркази вилояти Суғд 3 январи соли 2014 ирсол гардида, онҳо пас аз нисфирӯзии 4 январ дастрас шуданд. Аз сабаби он ки 5 январ истироҳат буд, хаткашонҳо 6 январ ба тақсимот шурӯъ намуданд. Шумораи якуми рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» 7 январ соати 16. 30 расида, рӯзи дигар ба хонандагон дастрас гаштааст. Яъне ягон омили фориғболиву бетарафӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва ё маркази алоқаи почтаи шаҳр ба назар намерасад.
Шумораи солинавии рӯзномаи «Садои Конибодом» 31 декабри соли 2013 интишор гардида, ҳамон рӯз ба муштариён дастрас шуд. Алҳол ба сокинони шаҳр тавассути почта ва дӯконҳои хусусӣ зиёда аз 13 ҳазор нашрия дастрас мегарданд.
Мақомоти маҳаллӣ ба рушди фаъолияти муассисаи почтаи давлатӣ пайваста мусоидат менамояд. Лекин ин муассиса дар тобеияти сохтори алоҳида қарор дошта, ҳалли муаммои маош ва муҳайё намудани шароити корӣ ба роҳбарияти мақомоти болоии он вогузор аст.
Масъулини бахши идеологии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нисбат ба обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо бетараф нестанд. Мо ба 60 номгӯй рӯзномаю маҷалла, дар маҷмӯъ ба 8 ҳазору 657 нусха, аз ҷумла 800 нусха ба рӯзномаи дӯстдоштаамон «Ҷумҳурият» обуна шудаем.

Н. ОБИДОВ, раиси шаҳри Конибодом


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2014    №: 31    Мутолиа карданд: 720
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед