logo

номаҳо

ПРЕЗИДЕНТ ҚАРЗРО БАХШИД, ҶСК «СУҒДАГРОСЕРВ»… НЕ

Мо, роҳбарони хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Зафаробод, аз ғамхориҳои  доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани соҳаи кишоварзӣ бениҳоят миннатдорем.
Ба имзо расидани Фармони Президенти кишвар аз 30 майи соли 2009, № 663 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле бамаврид буд. Бо тасвиби ин фармон Сарвари давлат моро ҳидоят кард, ки бо дасту дили гарм барои пешравии соҳа, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти  кишоварзӣ ноил гардем ва сатҳи зиндагии мардуми деҳотро беҳ созем. 2 июли соли 2009 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 406 «Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2009, № 663 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба  дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки мувофиқи он қарзҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ аз эътибор соқит шуданд. Вале пас аз гузаштани 4 сол ҶСК «Суғдагросерв», ҶДММ «Агрофермер», «Суғдагротехинвест» ба суди иқтисодӣ муроҷиат карда, талаб доранд, ки хоҷагиҳои пахтакор қарзҳои то соли 2008 гирифтаашонро бо фоизҳояш ва ҷарима баргардонанд. Масалан, хоҷагии деҳқонӣ, агар 8 ҳазор доллари ИМА қарз гирифта бошад, ба болояш 4 ҳазор доллар фоиз ва 4 ҳазор доллар ҷарима мондаанд, ки дар маҷмӯъ имрӯз 16 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
ҶСК «Суғдагросерв», ҶДММ «Агрофермер», «Суғд-агротехинвест» 5 сентябри 2011 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуб оид ба қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор то соли 2008 муроҷиат кардааст.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои муовини вазири молия Норинов аз 23 апрели соли 2011, таҳти №176-2/413 ба мо мактуб навиштааст, ки қарзҳоро ба ҶСК  «Суғдагросерв», ҶДММ «Агрофермер», «Суғдагротехинвест» баргардонем.
Соли гузашта суди иқтисодии вилояти Суғд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат нагирифта, мактуби Вазорати молияро асос карда, ба мо таъзиқ овард, ки қарзҳоро пардозем.
Иҷрочиёни суди иқтисодӣ илтимосу илтиҷои моро ба инобат нагирифта, амволамонро ҳабс намуда, ба ихтиёри маблағгузорон дода истодаанд.
Вақте ки мо ба ҳуқуқшиноси ҶСК «Суғдагросерв» фаҳмонданӣ шудем, ки фармони Президенти кишвар ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бахшидани қарзҳоро ба инобат гиранд, ӯ гуфт: «Фармони Президент барои шумо нест, қарзҳоро пардозед».
Мо, мардуми одӣ, чӣ кор кунем? Касе ба  доди мо мерасад ё на?
А.ГАДОЕВ, М.ШАРИФОВ, С.САНГИНОВ
ва дигар сарварони хоҷагиҳои
деҳқонии ноҳияи Зафаробод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2014    №: 41    Мутолиа карданд: 963

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед