logo

номаҳо

АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ

Ҳарчанд таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳибкорон хеле зиёд аст, вале шахсоне ҳастанд, ки барои рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд. Ман солҳои зиёд аст, ки дар соҳаи нақлиёти мусофирбар кор мекунам. Мо дар як дашт, ки на об дошту на барқ, заҳмати шабонарӯзӣ кашида, онро ба гулистон табдил додем. Дар ин ҷо маҳаллаи 13-ум ва базаи технологӣ бунёд ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ 160 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Мутаассифона, ин амалҳои нек ба бархе хуш наомад ва онҳо кӯшиш карданд, ки ба кори мо халал расонанд.
Муроҷиатҳои пайвастаи мо оид ба рушди соҳаи нақлиёти мусофирбар ба масъулони вилоят натиҷаи дилхоҳ надод. Маҷбур шудем, ки ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ муроҷиат намоем. Боиси таассуф аст, ки баъзе масъалаҳои мо дар Прокуратураи генералӣ ва Вазорати нақлиёт ҳалли худро ёбанд ҳам, дар мақомоти дахлдори вилоят ба онҳо эътибор намедоданд. Хушбахтона, бо амри Президенти мамлакат ҳоло ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад ба мақомоти марбута арзи худро баён намояд. Ман низ қарор додам ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Прокуратураи генералӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаамон муроҷиат намоям.
Нахуст 27 феврали соли 2014 маро сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президент С. Раҳимов ба ҳузур пазируфта, изҳор дошт, ки санадҳои пешниҳодшударо омӯхта, аз натиҷааш ба таври хаттӣ огоҳ хоҳанд кард. 
1 марти соли 2014 дар рӯзи қабули шаҳрвандон, бо Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина дидору гуфтугӯ намудам. Маълум гардид, ки Прокурори генералӣ то ман беш аз 40 нафарро қабул карда, дархосташонро қонеъ гардондааст. Ин маро хушҳол ва рӯҳбаланд гардонд. Баъд аз шунидани арзи мо ӯ ба сардори Раёсати назорати умумии прокуратураи генералӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3  М. Олимов оид ба ҳалли масъалаҳои зикргардида супориши қатъӣ дод. Таъкид кард, ки дар рӯзҳои наздик пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд, аз 18 январи соли 2014 -ро баррасӣ ва ҷадвали ҳаракати хатсайри Исфара – Хуҷандро роҳандозӣ намояд.
Ман, пеш аз ҳама, ба Президенти мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириашон миннатдории хешро баён менамоям. Ба соҳибкороне, ки мисли ман ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд, гуфтаниам, ки ҳаргиз рӯҳафтода нашаванд, зеро пуштибони мо Сарвари давлат асту қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Наҷотхон ИСОМАДДИНОВ,
директори ҶДММ «Наҷот» - шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.03.2014    №: 44    Мутолиа карданд: 738

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед