logo

илм

ЗИ ДОНАНДА КИШВАР БА РОМИШ БУВАД

Ҳолнома
Мубаширахон Раҳимова соли 1966 мактаби миёнаи №1-и шаҳри Исфараро бо медали тилло хатм кардааст. Фариғултаҳсили факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1971 мебошад. Аз соли 1973 то имрӯз дар кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидии факултаи мазкур ба тадрис ва пажӯҳиш машғул аст. Дотсент, номзади илми кимиё. Рисолаи докториро дар мавзӯи «Пайвастаҳои координатсионии оҳан, кобалт, манган, мис ва моделсозии раванди ҳосил шудани пайвастагиҳои координатсионӣ» дар Федератсияи Русия ҳимоя кардааст. Модари 3 фарзанд.

Ихтироот
Даҳ нахустихтирои М. Раҳимова дар ҳаммуаллифӣ бо олимони навоваре чун Х. Якубов, Х. Каримов, З.  Юсупов, А. Эргашев, М. Исмоилов, Д. Қодирова ва дигарон, ки устодони фанни кимиёву биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буданд, дар солҳои 80-ум ва 90-ми асри гузашта сурат гирифтаанд. Ҳадафи онҳо тавассути микронуриҳо таъмин кардани растаниҳо бо микроэлементҳо, тобовар намудани пунбадона ба таъсироти муҳити атроф дар замини кишт ва тарзи табобати ангур аз касалиҳои хлороз буд.
Дар давраи истиқлолият Мубаширахон Раҳимова барои 14 ихтироаш соҳиби патентҳо гардидааст.
Пайвастаҳои координатсионии оҳан, мис ва руҳ бо анионҳои тезобҳои узвӣ барои пеш аз кишт тар намудани пунбадона пешниҳод шудаанд. Ихтирооти дигар - пайвастаҳои координатсионии оҳан бо анионҳои тезоби сирко бо оксиэтилселлюлоза барои пӯшондани пунбадона бо композитсияи полимерӣ самаранок буд.
Барои ихтироъҳояш М. Раҳимова дар намоишгоҳи Ҳамоиши V ва VI байналмилалии занони ихтироъкор (пойтахти Куриёи Ҷанубӣ - Сеул) соли 2012 бо медалҳои нуқра, биринҷӣ, соли 2013 бо ду медали нуқра, биринҷӣ ва медали тиллои Ассотсиатсияи байналмилалии занони ихтироъкор қадр шудааст.

Натиҷаи ихтироот
Микронурӣ дар асоси пайвастаи координатсионии оҳан, ки дар ҳамдастии М. Раҳимова бо ҳамкоронаш пешниҳод шудаанд, дар аввали солҳои 90-ум барои мубориза бар зидди касалиҳои меваву сабзавот, ангур дар ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Исфара ва вилояти Хатлон чандин сол истифода шудаанд. Мутаассифона, ихтирооти солҳои 2000-ум дар соҳаи кишоварзӣ алҳол татбиқ нашудаанд. Барои ин маблағ ва заҳмати зиёд лозим аст.
Бояд тазаккур дод, ки ихтироъҳои кимиёгарон чанд ҷабҳа дорад. Пайвастаи координатсионии нуқра барои рӯпӯш кардани маводи ороишӣ муддате дар заводи заргарии шаҳри. Душанбе истифода мешуд. Айни замон Мубаширахон Раҳимова бо истеҳсоли намакҳои табобатӣ ва шираҳои гиёҳҳои маҳаллӣ машғул аст. Дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и вилояти Суғд аз ин намакҳо истифода мебаранд.

Тағйири орзу
Мубаширахон дар оилаи зиёӣ ба воя расидааст. Падараш Мирзо Раҳимов, собиқ корманди ҷамъияти матлубот, шахси соҳибмаърифат ва донишдӯст буд. Модараш Муътабархон Атобоева муаллимаи математикаву физика буду солҳои тӯлонӣ сарварии Хонаи кӯдакони духтаронаи шаҳри Исфараро ба уҳда дошт. Ҳар ҳафт фарзанди ин оила тавассути ғамхории волидони дилсӯзашон соҳиби таҳсилоти олӣ ва инсонҳои соҳиби иззати ҷомеа гаштанд. Мубаширахон орзу дошт духтур шавад. Ҳангоми дар синфҳои болоӣ хонданаш шунавандаи курсҳои дусолаи шабонаи ҳамшираи шафқат гардид. Боре, ҳангоми навбатдории таҷрибаомӯзиаш дар пеши назараш ду ҷавони бемори зардпарвин даргузаштанд. Қалби нозук ва пурэҳтироси духтари ҷаҳонноозмударо эҳсоси ноилоҷӣ дар назди аҷал афсурд.
Мубаширахон ҳис кард, ки касби духтурӣ барои ӯ нест. Ба худ андешид, ки дармону доруро барои инсон танҳо илми кимиё муҳайё сохта метавонад, аз ин рӯ, ба шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, факултаи кимиё омад. Аз соли аввали таҳсил ба таҳқиқоту пажӯҳиш рӯ овард: бо рағбати бениҳоят дар таҷрибаҳои озмоишгоҳӣ ширкат менамуд, узви ҷамъияти илмии донишҷӯён гардид. Ин айёме буд, ки маорифи Тоҷикистон бошиддат рушд мекард, талабагон дар мактабҳои миёна хуб таълим гирифта, бо дониши амиқ ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд ва ба ихтисоси ояндаашон муҳаббат ва садоқати зиёд доштанд. Ҳамсабақони Мубаширахон дар соли дувуми таҳсилаш ӯро раиси ҷамъияти илмии донишҷӯён интихоб карданд. Ӯ дар ин ҷамъияти пурфайзи илмӣ на танҳо малакаи худро ҳамчун олими оянда сайқал дод, балки бо олими оянда, кимиёшиноси маъруф Зуҳуриддин Юсуфов шинос шуд ва қисмати худро бо ӯ пайваст. Кору зиндагии ин ду инсони наҷиб ва маърифатпарвар доктори илмҳои кимиё, профессор Зуҳуриддин Юсупов ва Мубаширахон Раҳимова намунаи олии ҳамкорӣ ва оиладорист.

Деҳқон бояд ба илм такя кунад
Аксари ихтирооти Мубаширахон Раҳимова ба соҳаи кишоварзию экология робита дорад. Ҳоло Ҳукумати мамлакат барои таъмини амнияти озуқаворӣ барномаҳои мушаххас роҳандозӣ кардааст, вале бе ҳосилнокии баланди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ амалӣ гаштани онҳо мушкил аст. Барои он ки замин ҳосили дилхоҳ диҳад, бояд дастовардҳои илмиро бештар ба кор бурд. Пайвастагиҳои координатсионие, ки Мубаширахон ва ҳамкорони ӯ пешниҳод карданд, барои ба даст овардани ҳосили фаровони пахта, себ, нок, ангур, картошка, дигар навъҳои зироат заруранд.
Аҳамияти ихтирооташро олима чунин тавзеҳ медиҳад:
- Маълум аст, ки аз таъсири намнокии зиёд пунбадона хосиятҳои боровариашро аз даст медиҳад. Агар пунбадонаро бо композитсияҳои полимерии пайвастагии координатсионӣ дошта пӯшонанд, муҳлати нигаҳдориаш дарозтар мешавад, баъд аз кишт аз нами зиёд намепӯсад, ҳосилнокии пахта афзуда, сифати он хубтар мегардад. Деҳқон аз кишти такрорӣ раҳо меёбад.
Ихтирои дигари мо - гидрогелҳо имкон медиҳанд, ки масрафи беҳудаи об бартараф шавад. Онҳо оби зиёдатиро меҷабанд ва заминро ба муддати тӯлонӣ намнок нигоҳ дошта, масрафи обро 2-3 маротиба кам мегардонанд.
Мушоҳидаҳои мутахассисон нишон меди-ҳанд, ки оби барфу борон омехтаҳои номатлуб ҳам дорад. Хок қобилияти ҷамъ кардани як қатор элементҳои радиоактивӣ мебошад. Решаи растаниҳо онҳоро ба худ кашида сифати экологии маҳсулотро паст мегардонанд. Дар вақти истифодаи пайвастагиҳои координатсионӣ барои пеш аз кишт намнок кардани пунбадона, рӯйпӯш кардани онҳо бо композитсияҳои полимерӣ таъсири омехтаҳои номатлубро ба таври назаррас коҳиш медиҳад ва боиси серҳосилии он мегардад.

Намакҳои табобатӣ
10-15 соли охир намакҳои гуногун барои ваннаҳо истифода мешаванд. Баъд аз ин гуна об асаби инсон ором ва баданаш нарм гашта, эҳсоси гуворое ӯро фаро мегирад. Агар ба намаки ошии муқаррарӣ шираи гиёҳҳои маҳаллӣ ба мисли арчадона, райҳон, пудинаи боғӣ ё гули садбаргро илова кунанд, таъсири шифобахшии намак зиёд мегардад. Дар бораи истифодаи шираҳои гиёҳҳои арчадонаю райҳон барои касалиҳои зиёд дар китоби «Ал-Қонун»-и Абуалӣ ибни Сино маълумот дода шудааст. Ин иттилоотро истифода карда кимиёгарони Донишгоҳи миллӣ чор намуди намакҳои табобатиро бо шираҳои гиёҳҳои номбурда пешниҳод карданд. Санҷишҳои намакҳои табобатиро дар озмоишгоҳи фармокологии Институти химияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ гузарониданд. Ба онҳо хулосаи мусбат дода шуд. Истеҳсоли намакҳои табобатӣ шурӯъ шуд, чунки дар Тоҷикистон намак фаровон асту гулу гиёҳҳои лозима аз он бештар. Ба ин мақсад корхонаи хусусии «Бозйофт» таъсис дода шуд. Ҳоло аслан мувофиқи фармоиши осоишгоҳи «Баҳористон» моҳе 300 - 400 кг намак истеҳсол менамояд. Намакҳои ихтироънамудаи доктор Мубаширахон дар-дҳои буғуму дилро шифо бахшида, нарраки рӯйи ҷавононро меравонанд ва пӯстро тоза мекунанд.

Орзуи бетағйир
Бо Мубаширахон Мирзоевна дар утоқи кораш ҳамсуҳбат гаштем. Шогирдонаш ҳар замон бо пурсишу маслиҳате ба назди ӯ медаромаданд. Устод бо меҳрубониву хушзабонӣ ба суолашон посух медод. Таҳти назари ӯ ҷавонони ташнаи илму ихтироъ донишу таҷриба меомӯзанд.
- Бовар кунед,- мегӯяд ҳамсуҳбатам,- рисолаи докториамро чаҳор моҳ пеш бидуни роҳбар ҳимоя кардам. Ҳамкасбонам дар Тоҷикистон ва Русия маро дастгирӣ намуданд. Ҳоло кӯшиш менамоям, ба ҳар донишпажӯҳе, ки бо ман кор мекунад, таваҷҷуҳи алоҳида дошта бошам. Гарчанде орзуи кӯдакиам тағйир ёфт, фикр мекунам, онро ба дараҷае амалӣ кардаам. Ҳампешагони хориҷиам борҳо хостанд, ки ба наздашон равам, корҳоямро харида, дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд, аммо ман рад кардам. Зеро хидмат ба Ватан орзуи ҳамешагии ман аст.
Оре, ин орзуи Мубаширахон Раҳимова, ин инсони ихтроъкор ва фидоии роҳи илмро чизе тағйир дода наметавонад.

Атохоҷа МИРЗОҶАЛОЛОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.03.2014    №: 46    Мутолиа карданд: 1074
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед