logo

номаҳо

«ДИЛСАРДӢ АЗ ДЕР ПАРДОХТАНИ МАОШ»

Раёсати молияи ноҳияи Б. Ғафуров ба маълумоти Шумо мерасонад, ки нашри навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 34 (22339) аз 18 феврали соли 2014 бо сабаби дер дастрас гардидан аз тарафи шуъбаи почтаи ноҳиявӣ мақолаи «Дилсардӣ аз дер пардохтани маош», ки ба қалами рӯзноманигор Ҳарамгули Қодир дахл дорад, зуд баррасӣ нашуд.
Вале онро, хонда ба ҳайрат омадем, ки дар он  маълумотро насанҷида, зикр намудааст, ки «Мавсуф ҷой доштани мушкилоти сари вақт пардохт нагардидани маоши кормандони соҳаи тиб ва маорифро дар ноҳияҳои Шаҳринав, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Душанбе иброз дошта, аз чунин ҳол изҳори нигаронӣ кард».
Ҳамзамон омадааст, ки «тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ташвишовар ба назар мерасад, зеро зиёда аз 1 миллион сомонӣ дуздида шудааст».
Инчунин қайд гардидааст, ки «нисбати сардори Раёсати молия ва муҳосиботи ноҳияи Б. Ғафуров парвандаи маъмурӣ кушода шудааст». Бояд гуфт, ки тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷроиши қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд дар давраи аз моҳи октябри соли 2011 то октябри соли 2013, ки аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузаронда шуд, камбудиҳои дар рӯзнома зикргардида ошкор нагардидааст ва ҳамзамон дар ноҳияи Б. Ғафуров қарздории музди маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ҷой надорад, зеро музди маоши моҳи январи соли ҷорӣ пурра пардохт шудааст.
Аз ин лиҳоз хоҳиш менамоям, ки дурустии маводи чопгардидаи рӯзноманигор Ҳарамгули Қодирро санҷида бароед ва дар нашри минбаъдаи рӯзнома вокуниш намоед.

З. ҲОДИБОЕВ,  сардори раёсат   

БА ВАЗОРАТ МУРОҶИАТ КУНЕД
Дар моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» омадааст, ки «Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани ахборро доранд».
Бо истифода аз ин талаботи қонун ва ҳуқуқҳои касбӣ, зимни нишасти матбуотӣ аз вазири молия оид ба ноҳияҳое, ки мушкилоти пардохти маоши омӯзгоронро доранд, суол кардем.  Вазири молия посух дод, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳолати аз худ кардани яку ним миллион сомонии маоши омӯзгорон ё пули буҷет ба қайд гирифта шудааст. Дар моддаи 34-и ҳамин қонун оид ба ҳолатҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ омадааст: «Журналист барои дар воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маълумоте, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад: агар маълумот дар суханрониҳои расмии шахсони мансабдори давлатӣ садо дода бошад».
Мӯҳтарам З. Ҳодибоев, барои муқоисаи маълумоти ироагашта, ки аз забони вазири молия оварда шудааст, бояд ба вазорати номбурда муроҷиат мекардед.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2014    №: 49    Мутолиа карданд: 724

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед