logo

суханрониҳо

БА НАВРӮЗИ АБАДЗИНДА НИЁГОНИ МО АСОС ГУЗОШТААНД

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Данғара, 22 марти соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси ифтихор ва сарфарозии бузурги ҳар яки мост, ки имрӯзҳо тамоми сокинони кишвари маҳбубамон аз хурд то бузург ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро дар шароити сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва бо самимияти хосаву нишоту хушҳолии беандоза истиқбол мегиранд.
Бинобар ин, тамоми мардуми шарифу сарбаланди вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони меҳмоннавози ноҳияи Данғараро ба ифтихори фарорасии Наврӯз, яъне соли нави аҷдодӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, бахту иқбол ва ба кишоварзони заҳматқарини ноҳия файзу нусрати баҳорӣ орзу менамоям.
Беш аз шаш ҳазор сол муқаддам ниёгони тамаддунсози мо ба суннати абадзиндае асос гузоштаанд, ки тантанаи бақои рӯзгор ва покиву озодагии рӯҳу ҷони инсон мебошад. Аз ин рӯ, тоҷикон дар масири пуртазоди таърих ин суннати аҷдодиро баробари забони модарии худ ҳифз намуда, онро ҳамчун ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ гиромӣ медоранд.
Наврӯз дар баробари бисёр фазилатҳои некаш ҷашни ваҳдат, яъне баробариву ҳамдигарфаҳмии инсонҳо буда, аҷдоди накуноми мо дар ин айём ба ҳам омада, бо тараннуми сулҳу дӯстӣ ба якдигар хайру хубӣ мехостанд ва бо меҳрварзиву бахшидани ҳамдигар кинаҳоро аз дил дур мекарданд.
Гузаштагони мо бо дарназардошти айёми эҳё гардидани табиат Наврӯзро ҷашни офариниши табиату инсон ҳисобида, чунин мешумориданд, ки олам дар рӯзи Наврӯз офарида шудааст ва маҳз ба ҳамин хотир ин падидаи абадзиндаи башарро азизу муътабар медонистанд.
Яке аз рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун ва ба истилоҳи имрӯза гуфтугӯи тамаддунҳо буда, аҳкоми наврӯзӣ ҳамчун фарҳангистони маърифат дар миёни халқу миллатҳои сайёра эътибори башарии ин ҷашнро сол аз сол афзун намуда истодааст.
Воқеан, ҷаҳонишавии Наврӯз ҳақиқати таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро ба воқеият табдил дод. Ва чунонки мебинем, ин ҷашнро халқҳои гуногуни олам бо ин ё он тарзе ҳамчун маросими ба охир расидани фасли сардӣ ва истиқболи мавсими гармиву эҳёи табиат таҷлил мекунанд. Аз ин рӯ, муждаи мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашн ормони чандинсолаи мардумони ҳавзаи фарҳангии Наврӯзро амалӣ намуд ва барои асилу побарҷо мондани он мусоидат намуд.
Ҳамон тавре ки дар андарзномаи Бузургмеҳр омадааст: «Офариниши зинда ва кори некро ҳеҷ кас рабуда наметавонад».
Бояд гуфт, ки Наврӯз ҷашни хислату амалҳои нек буда, муқаддима ва муҳтавои асосии онро пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори неки инсонҳо ташкил медиҳад.
Наврӯз дар баробари созандаву офаранда буданаш, инчунин дар қалби одамон ҳисси зебоипарастиву ватандӯстӣ, эҳтиром ба обу хоки ватанро парварида, дар радифи эҳдои рӯзу соли нав ҳамчунин ба инсонҳо ризқу рӯзии нав мерасонад.
Дар шароити кунунӣ муҳимтарин суннату таомулҳои писандидаи наврӯзӣ, аз қабили бахшидани гуноҳҳо, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, пошидани донаи умед ба замин ва баргузор кардани мусобиқаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз эҳё гардида, ба фарҳангу маданияти халқҳои гуногуни олам таҳвил ёфта истодаанд.
Дар баробари риояи суннату анъанаҳои мазкур ҳамчунин дар рӯзҳои пурфайзи наврӯзӣ иқдомоти созандаи мардум вусъати тоза пайдо карда, сокинони кишварамон ба хотири обод намудани диёрамон ба азму талошҳои нав оғоз менамоянд.
Мову шумо имрӯз дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ шоҳиди ба истифода додани мактаби замонавӣ дар деҳаи Ҳусейншайх ва беморхонаи минтақавии бисёр муҷаҳҳазу муосир дар маркази ноҳияи Данғара гардидем.
Дар идомаи корҳои созандагиамон инчунин санги асоси бунёди корхонаи ресандагиро бо иқтидори коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ дар маркази ноҳия мегузорем.
Ҳамчунин фардо ба сохтмони аввалин хонаҳои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҳусни оғоз бахшида, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли маводи шустушӯии «Тоҷи Осиё»-ро ифтитоҳ мекунем ва санги асоси корхонаи коркарди нафтро бо иқтидори коркарди як миллиону 200 ҳазор тонна нафти хом мегузорем, ки баъди ба истифода додани навбати дуюми корхона ва нуқтаҳои ёрирасони он 3500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд, ки 80 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Бо дарназардошти муҳайё будани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳия зарур аст, ки иқдомҳои созандаи соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ гардида, тавассути ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳамчунин таъкид месозам, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоят фаровоне, ки дар ноҳияи Данғара мавҷуданд, доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар хотир бояд дошт, ки ноҳияи Данғара метавонад бо роҳи боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши бисёр муҳим бозад.
Дӯстони азиз!
Майдони варзишие, ки чорабиниҳои имрӯзаи идона дар он доир шуда истодаанд, якҷо бо Маҷмааи фарҳангии “Хуррамшаҳр” ба ифтихори нахустин ҷашни байналмилалии Наврӯз бунёд шуда буд ва имрӯз ба як мавзеи зебову дилписанди истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳия табдил ёфтааст.
Дар идомаи суннатҳои аҷдодӣ мо тасмим дорем, ки чунин майдонҳои варзишӣ ва боғҳои фарҳангиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бо риояи фарҳанги асили ободкориву боғдории гузаштагонамон бунёд намоем.
Ва чун Наврӯз айёми созандагиву ободкорӣ ва оғози амалҳои нек аст, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз аз заҳмати кишоварзон натиҷагирӣ намуда, барномаи амали аз Наврӯз то Наврӯз ба роҳ монда шавад. Зеро риояи маданияти истифодаи замин ва офаридани неъматҳои моддӣ нишонаҳои нахустини тамаддуни башарӣ ва аз ҷумлаи оинҳои неки Наврӯз маҳсуб мешавад.
Дар ин раванд набояд фаромӯш кард, ки ба роҳ мондани муносибати эҳтиёткорона нисбат ба табиати зебои диёрамон яке аз рукнҳои маърифати шаҳрвандии ҷомеа буда, аз ҳар яки мо масъулияти баланди ватандӯстӣ ва андешидани чораҳои заруриро доир ба ҳифзи он талаб мекунад. Зеро масъалаҳои самаранок ва мақсаднок истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва муносибати ғамхорона ба табиат аз ҷумлаи масоили муҳимтарини замони ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра мебошад.
Итминон дорам, ки Наврӯзи имсола ба мардуми заҳматқарини кишварамон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланду ободкори ноҳияи Данғара неруи тоза оварда, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар мамлакатамон, боз ҳам решадор гардидани ваҳдати миллӣ ва аз имрӯза беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон мусоидат хоҳад кард.
Бо ҳамин ниятҳои неки баҳорӣ бори дигар хурду бузурги мардуми вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони ганҷофари ноҳияи Данғара ва ҳамаи шумо - ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни фархундаву мубораки Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тандурустиву хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.
Қудуми сабзи Наврӯз муборак бод, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2014    №: 57    Мутолиа карданд: 564

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед