logo

суханрониҳо

ҶОВИДОНАГИИ НАВРӮЗ АЗ КАМОЛИ МАЪНАВИИ ИНСОН АСТ

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Афғонистон, 27 марти соли 2014

Ба номи Худованди ҷону хирад,
Ҷалолатмаоби муҳтарам Ҳомид Карзай, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон!
Ҷалолатмаобон раҳбарони давлатҳо, парлумонҳо ва ҳукуматҳо, аъзои муҳтарами ҳайатҳои расмӣ, фарҳангиён,
Ҳунармандон ва равшанфикрони арҷманд, хонумҳо ва ҷанобон,
Дӯстони гиромӣ ва кулли ҳозирини арҷманд,
Мову шумо дар ин хиттаи зебои доманаҳои Ҳиндукуши сафедпӯш, сарзамини ишқи Рустами Дастон ва бузургмардони кушонӣ, сарзамини мардхез ва қаҳрамонпарвар ба манзури таҷлили зеботарин ва дилангезтарин ҷашни инсонӣ - Наврӯзи оламафрӯз гирди ҳам омадаем.
Иҷозат диҳед нахуст ҳар яки шумо, мардуми шарифу муборизи Афғонистон, мардумони ҳавзаи бузурги Наврӯз ва тамоми афроди фарҳанггустар ва тамаддунписанди ҷаҳонро ба ифтихори ин ҷашни бузург сидқан табрик намоям.
Наврӯзатон пирӯз бод!
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯз падидаест, ки ҷаҳони маъниро дар худ нуҳуфта ва розҳои фалсафии он ковишу таҳқиқоти ҷомеъ ва амиқро тақозо доранд.
Наврӯз дар зоти худ шинохти ақлӣ ва сиратии инсон аз низоми малакутӣ ва табиии ҷаҳон аст. Назму низоме, ки дар шинохти орёиҳои бостонӣ бар мабнои ростӣ, некӣ, озодагӣ, эътидол ва созандагӣ устувор аст ва маънии воқеии ҳастии инсонро таъйин менамояд.
Наврӯз тайи тақрибан 6000 соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.
Дар раванди таърих Наврӯз нахуст қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ё ба таъбири алломаи бузург Абурайҳони Берунӣ «пешонии соли нав» аст. Маҳз таъйини соли нав, ки мабдаи дақиқи кайҳонӣ дошт, таърихро чун сарнавишти инсон дар дарозои замон маънии воқеӣ бахшид.
Наврӯз аз сароғоз шаҳсутунҳои ҳастии иҷтимоӣ ва тамаддунии инсонро мушаххас ва муайян намуд.
Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад.
Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад. Он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори афроди ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳати инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонист.
Ҳатмӣ медонанд, ки дар вуруди ин хуҷастаҷашн инсонҳо қалбҳои худро аз ҳама гуна душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва пиндору андешаҳои номатлуб пок намоянд ва қалбҳоро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ созанд. Амре, ки барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз чун обу ҳаво ҳаётист.
Имрӯз, ки Афғонистон Наврӯзгоҳи ҷаҳон аст, мо аз ҳама фарзандони ин хиттаи бостонӣ даъват менамоем, ки манфиатҳои волои кишвар ва мардуми худро аз манофеи сиёсӣ, миллӣ, қавмӣ, минтақавӣ бартар донанд ва ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дурнамои неки кишварашон масъулона ва хирадмандона гом бардоранд.
Қобили зикри хос аст, ки Наврӯз бар мабнои ризоияти умум ҷашне чунин шоиста шуд. Ва ризоияту тафоҳум, машварату маслиҳат ва муҳимтар аз ҳама - раъйи озод ва масъулонаи шаҳрвандон ва низоми мардумсолор бар мабнои ин раъй ва иродаи умумии мардум маҳсули мантиқи Наврӯз аст.
Наврӯз дар низоми ҷомеа ва фаъолияти иҷтимоии инсон асли эътидолро чун асли бунёдӣ ва мизони возеҳ арзёбӣ намудааст.
Мову шумо хуб медонем, ки Худованди азза ва ҷалла уммати мусулмонро уммати васат хондааст ва васат баёнгари силсилаи бузурги сифатҳои воло ва фазилатҳост. Васат ё эътидол – роҳи хирад, созандагӣ, рушд ва саодати инсонҳо мебошад. Баръакс, ифрот ва тафрит дар пиндор, гуфтор ва кирдор бунёди тамаддунӣ ва фарҳангии ҷомеаро халадор намуда, муҷиби бадбахтиҳо ва фоҷиаҳои инсонӣ мегардад.
Ҷовидонагии Наврӯз ба ҳайси қадимтарин ҷашни зиндаву пойдори ҷаҳон дар пайванди ногусаста бо ниёзҳои ҳаётӣ ва сиратии инсон - зиндагии озодаву шоиста, пешрафти иҷтимоӣ ва бахусус камоли маънавии инсон аст.
Мо қодирем ба илҳом аз суннати Наврӯз ва корбурди ниҳодҳо ва шеваву василаҳои навини ҳамкорӣ рушди ҳамагонии кишварҳои худ ва сатҳи сифатан нави ҳамкориву ҳамгироиро дар минтақаи таърихии Осиёи Марказӣ ва тамоми ҳавзаи Наврӯз таъмин намоем.
Намунаи мисол, бунёди ҳамагӣ чанд неругоҳи обӣ, хатҳои бузурги интиқоли барқ ва лӯлаи газ имкони онро фароҳам меорад ки талаботи рӯзафзуни минтақа ва берун аз он бо барқи арзон ва пок, газ, оби ширин ва оби зироатӣ таъмин гардад, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо коргоҳҳо эҷод шаванд, миллионҳо ҳектор замин обёрӣ шавад, миллионҳо нафар соҳиби ҷои кор ва маоши муносиб гарданд, суръати рушди иқтисодӣ ҳадди ақалл ду баробар афзоиш ёбад ва нақши геоиқтисодиву геостратегии минтақаи мо ҷиддан боло равад.
Ба тариқи мисоли дигар сохтмони якчанд қитъаҳои роҳи оҳан дар қаламрави кишварҳои мо имкони онро муяссар месозад, ки транзити мол байни минтақаҳои таърихии Авруосиё ва бахусус байни ду маркази бузургтарини иқтисодии ҷаҳон - Осиёи Шарқӣ ва Урупо аз тариқи кӯтоҳтарин роҳ таъмин гардад ва нақши транзитии кишварҳои минтақа бамаротиб боло равад.
Ман мутмаинам, ки мо бо ҳусни ният, ҳамкории содиқонаву созанда, посдорӣ аз фарҳанги арзишманди дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва кумаку мусоидати дӯстона, ки аз суннати бузурги Наврӯз баҳравар ва ғаноманд шудаанд, метавонем ба аҳдофу ормонҳои волои мардумони худ ноил оем.
Дар ин шоиста ҷашне ва дар ин шоиста рӯзе орзуманди хушрӯзӣ, сарсабзӣ ва саодати наврӯзии ҳамагон ҳастам.
Наврӯзи якояки шумо пирӯз, ҷовидон ва дурахшон бод!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2014    №: 58    Мутолиа карданд: 902
15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед