logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайидмасъуди Миркозимӣ

5 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуди Миркозимиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Нахуст Сайидмасъуди Миркозимӣ даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)  расонд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки то баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои ЭКО, ки ба наздикӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ҳамчунин вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Исломии Эрон Мустафо Муҳаммади Наҷҷор ва раиси садо ва симои ин кишвар Иззатуллои Зарғомӣ ташриф меоранд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки баҳри рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод,  фарҳанг ва ғайра беш аз 70 санади қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидааст.
Чунонки дар сӯҳбат зикр ёфт, ҳаҷми савдои миёни ду кишвар дар соли 2008 маблағи  216,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондоди соли 2007 қариб 80 миллион зиёд аст.
Мусоҳибон тавсеаи муносибатҳои тиҷоратии сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистонро низ зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», нақбҳои мошингарди «Истиқлол»-у Чормағзак, истеҳсоли муштараки тракторҳо ва комбайнҳои ғалладарав, мошинҳои сабукрав ва дар барқарорсозию рушди минбаъдаи бахши парандапарварии Тоҷикистон миёни ду кишвар заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ муҳайё намудааст.
Ҳамкорӣ дар ташкили дурусти кори минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ мувофиқи мақсад дониста шуд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ таъкид намуд.

Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуди Миркозимӣ пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, назари хешро ба хабарнигорон чунин иброз дошт:
-Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.  Дар вохӯрӣ бо Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор масоили мубрами рӯз, ба шумули тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ, бонкӣ, гумрукӣ, ҳамлу нақл, минтақаҳои озоди тиҷорӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон ва рафти корҳои дар пружаҳое, ки аз тарафи ширкатҳои эронӣ сохта мешаванд, ба вижа «Сангтӯда-2», матраҳ шуд.
Ман ба Ҷаноби Президент даъвати Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оғои Маҳмуди Аҳмадинажодро барои ширкат дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки моҳи март дар Теҳрон баргузор мегардад, расондам.
Дар нишасти Теҳрон умдатарин масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷории дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамлу нақли ҷодаӣ байни кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон, бо мақсади ба роҳ мондани транзити Шимолу Ҷануб ва эҳёи муҷаддади Ҷодаи бузурги абрешим мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва, иншооллоҳ, ба як натиҷа мерасем. Дар ин робита тавофуқ байни Тоҷикистону Эрон вуҷуд дорад.
Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз дошт, ки дар мулоқот ҳамзамон дар мавриди минтақаҳои озоди тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Мувофиқа ҳосил шуд, ки сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ҳузури бештар дошта бошанд ва сармояи худро барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бештар ворид созанд. Ҷониби Эрон дар ҷануби кишвар – бандари Аббос маҳаллеро дар ихтиёри фаъолини иқтисодӣ ва туҷҷори Тоҷикистон қарор медиҳад, то онҳо битавонанд молу маҳсулоти худро ба кишварҳои халиҷи Форс ва бо дастрасӣ ба обҳои озод ба соири мамлакатҳои ҷаҳон содир намоянд.
Дар ҷавоби саволи хабарнигорон «Оё ҷониби эронӣ дар бунёди НБО-и Роғун иштирок карда метавонад?» Алиасғари Шеърдӯст, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки дар брифинг ширкат дошт, андешаҳояшро ба таври зайл баён кард: - Дар бунёди НБО-и Роғун дар марҳилаи аввал бахши хусусии Эрон саҳмгузор хоҳад буд ва дар марҳилаи дувум ин масъаларо давлат мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Вале ба ҳар ҳол дар пружаи Роғун Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур хоҳад дошт. Сафир инчунин иттилоъ дод, ки сафари қарибулвуқӯъи Мустафо Муҳаммади Наҷҷор, вазири дифои Эрон, ба Тоҷикистон дар назар аст. Ва чанд рӯзе баъд аз он раиси садо ва симои кишвари мо Иззатуллои Зарғомӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ин ду сафар бо таъйиди мақомоти Тоҷикистон пеш аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон барои иштирок дар иҷлосияи сарони кишварҳои узви ЭКО сурат хоҳанд гирифт.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 716

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед