logo

маориф

ЧУН ТАҶРИБАИ АВВАЛИН АСТ…

Ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои муосир, ҳамчунин мавҷудияти мушкилоти ҳалталаб дар самти имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳоеанд, ки барои ислоҳот даровардан дар соҳаи маориф зарурат ба миён оварданд. Дар робита ба ин ҳанӯз соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Консепсияи “Низоми санҷиши тестии миллӣ барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ” Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) таъсис ёфт.
Мақсад ва вазифаҳои асосии марказ вобаста ба самтҳои фаъолият аз ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои ба макони зист наздик; таъмини шаффофият ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар асоси имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ; таъмини шароит ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон иборат мебошад.
- Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон доданд, ки тарзи баргузории имтиҳонҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар муқоиса бо тамоюлоти ҷаҳонӣ, ҷомеаро қонеъ гардонда наметавонад, – мегӯяд муовини якуми директори ММТ Савзалӣ Ҷаъфаров. – Аз ҷумла, мавҷуд набудани стандартҳои ягонаи баргузории имтиҳонҳо; халалдор гаштани ҳуқуқҳои довталабон (маҳдудияти ҳуқуқи интихоби ихтисосҳо, набудани шаффофият дар имтиҳон; зарурати аз роҳи дур омадани довталабон ба МТОК; афкори паҳншуда дар бораи падидаҳои номатлуб дар низоми қабули донишҷӯён ва монанди инҳо).
Тавре ҳамарӯза аз тариқи васоити ахбори омма мутахассисон шарҳ медиҳанд, низоми нав ба довталабон ҳуқуқ ва имкониятҳои бисёр медиҳад. Барои мисол, ба ин васила довталаб барои дохил шудан бевосита ба МТОК наомада, аз нуқтаи бақайдгирии наздик ба маҳали зист истифода бурда метавонад. Бартарии дигар ба он вобаста аст, ки ҳангоми бақайдгирӣ довталаб имкони интихоб то даҳ ихтисосро дорад. Ва вобаста ба холи (балли) мувофиқи бадастовардааш метавонад ба яке аз ихтисосҳо ё МТОК-и авлавиятдодааш дохил шавад.
Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷараёни қабули ягонаи донишҷӯён, ташкили имтиҳонҳо, бехатарӣ, истифодаи васеи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсиониро фаро мегирад.
Аз 10 феврали соли 2014 мақоми ММТ тағйир ёфта, он ба сифати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро идома дода истодааст.  Ин маънои онро дорад, ки рисолати кормандони он ва идораҳои дахлдор боз ҳам меафзояд. Дар ин росто вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, инчунин Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар вазорату идораҳои дахлдор нақши муайян доранд.
Бубинем, ки дар ҷараёни бақайдгирӣ чӣ монеаҳое пеш омаданд. Аслан мутахассисон ҳам омадани ҳар гуна монеаро интизор доштанд, зеро иқдом таҷрибаи авввалин аст ва табиист, ки бе мушкилӣ намешавад. Барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба нуқтаҳои бақайдгирӣ довталабон сараввал дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ бо мушкилиҳо дучор меоянд, ки муҳимтарини онҳо сарфи вақт ва интизорист. Дар баробари ин риоя накардани тартиби додани маълумотнома аз тарафи хадамотҳои шиносномадиҳӣ (дар варақаи одӣ пешниҳод шудани маълумотнома); ғалат пур кадани ному насаби довталаб дар маълумотнома; пешниҳод нашудани маълумоти тасдиқкунанда ба довталабоне, ки синнашон ба 16 нарасидааст; дар баъзе нуқтаҳои бақайдгирӣ иҷро нагардидани банди 8-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 декабри соли 2013) дар бораи ташкили ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи талаботи санитарӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ.
Мушкилиҳо дар самти ҳамкорӣ бо Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунинанд: набудани шакли ягонаи маълумотномаи тиббӣ барои довталабон (шакли №086/у, №086/б, №086/а); мувофиқат накардани ному насаб дар маълумотномаи тиббӣ бо шиноснома; на аз ҳамаи муассисаҳои тиббӣ маълумотномаи тиббӣ дуруст пешниҳод карда мешаванд (муҳр ва имзо гузошта нашуда, ташхис пур карда нашудааст); номуайянии гурӯҳи маъюбии довталабони то синни 18-сола.
Тавре маълум аст, барои иштирок дар имтиҳонҳо пардохти маблағ аз тарафи довталабон дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва пешниҳоди расид (квитансия) дар бораи он шарт аст. Дар ин самт чунин мушкилиҳо ба чашм мерасанд: истифода нашудани шакли ягонаи расид (ш.31) дар филиалҳои бонк; ғалат пур кардани расид аз тарафи кормандони бонк (ному насаби довталаб, номи муассиса); додани расид бо таърихи рӯзи оянда; қайд гардидани маблағҳои гуногун дар расид (ба ҷойи 150 сомонӣ маблағи дигар).
Мушкили дигар ба таври дуруст ташкил нашудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳам аз тарафи шуъбаҳои маориф, ҳам аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар байни волидону омӯзгорон ва довталабон мушоҳида мегардад. Ҳамин аст, ки то ҳанӯз довталабон дар интихоби ихтисосҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Интихоби ихтисос, ё худ касби оянда, барои довталабон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар ин замина бояд падару модарон ва омӯзгорон, ки аз донишу қобилиятҳои фарзандону зертарбиятгирандагони худ бохабаранд, бо назардошти шавқу рағбати онҳо дар интихоби дурусти ихтисос ба довталабон мусоидат намоянд. Мутаассифона, беэътиборӣ аз ин ҷиҳат ҳам кам нест.
Аз мушоҳидаҳое, ки дар ҷараёни бақайдгирӣ ба назар мерасанд, бармеояд, ки новобаста аз мушкилоти пешомада нуқтаҳо ва истгоҳҳои бақайдгирӣ тибқи реҷаи корӣ фаъолият менамоянд. Агар ҳамкориро идораҳои дахлдор дуруст роҳандозӣ нанамоянд, мушкили дигар ба миён меояд.
- Барои мисол, агар ҷараёни бақайдгирии довталабон дуруст танзим нагардад, то рӯзи охири муҳлати бақайдгирӣ теъдоди зарурии довталабон ё худ тамоми хоҳишмандон шояд ба қайд гирифта нашаванд. Эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки баъзе нафароне, ки дар ҳақиқат хоҳиши довталаб шуданро доранд, ҳоло ҳам аз рафти бақайдгирӣ ва муҳлати он бохабар нестанд. Ва агар дар рӯзҳои охир теъдоди довталабон аз меъёр зиёд гардад, раванди бақайдгирӣ ҳам барои бақайдгирандагон ва ҳам барои худи довталабон нисбатан мушкил мегардад. Зеро барои сабти ном шудан навбатҳо ба вуҷуд омада, шояд бақайдгирандагон то охири рӯзи корӣ натавонанд ки тамоми хоҳишмандони дар навбатистодаро аз қайд гузаронанд, - изҳори нигаронӣ намуд директори ММТ Хуршед Тешаев.
Тавре дар ҷаласаи мудирони шуъбаҳои маориф вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов изҳор кард:
- Таҷдиди имтиҳонҳои дохилшавӣ на танҳо ба сифати қабули донишҷӯён, балки бевосита ба сифати таҳсилот ва сатҳи дониш низ таъсири муҳими худро мерасонад. Нақшаҳои мо дар оянда ба интихоб ва омода намудани мутахассисони сазовори замон, таъмини шаффофият дар роҳи шинохти истеъдодҳо ва баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудаанд.
Бале, ҳадаф аз пеш гирифтани низоми нав дар ҷараёни дохилшавии довталабон ҳам ҳамин мебошад. Пас, мо бояд барои ба ин ҳадаф расидан дастаҷамъона кӯшиши рафъи монеаҳоро дошта бошем. Дар акси ҳол аз фасод ҷилавгирӣ беҳуда аст.

Саидаи ФАЗЛ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2014    №: 65    Мутолиа карданд: 677

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед