logo

номаҳо

МАҲСУЛОТ ЗИЁД ШУД Ё ИЗОФАНАВИСӢ?

20 феврали соли ҷорӣ «Ҷумҳурият» мақолаеро таҳти сарлавҳаи «Маҳсулоти арзоншуда дар куҷост?» интишор намуда буд, ки аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои истеъмолии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дарак медод.  Мутаассифона, вокунише аз ҷониби масъулон ба миён наомад.  Имрӯзҳо нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо афзуда, боиси нигаронии истеъмолкунандагон гаштааст. Нархи як кило картошка  4 сомонӣ, пиёз 2,5 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонист. Ҳол он ки соли 2013 дар минтақа ба ҷуз картошка, дигар анвои маҳсулот аз нақша барзиёд иҷро гардида буд.
Ба қавли фурӯшандагон сабаби болоравии нарх дар кам будани маҳсулот аст. Вале тааҷҷубовар аст, ки нархи як кило сабзии худӣ ва сабзии Қирғизистон ҳам 2,5 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби инро касе шарҳ дода наметавонад. Масъулони ҷамъиятҳои матлуботи минтақаи Кӯлоб низ масъулияту рисолати хешро дуруст иҷро накарда истодаанд.
 Бобоҷон Нуров, муовини сардори Раёсати ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон, тазаккур дод, ки ҳамасола дар ин айём бо чунин мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Ба ҷамъоварии ҳосили нави картошка рӯзҳои ба шумор мондааст. Баробари оғози чиниш, албатта, нарх паст мешавад.
Табиист, ки барои бемушкилӣ расидан ба мавсими ҷамъоварии маҳсулоти баҳорӣ бояд ҷамъиятҳои матлубот маҳсулоти ниёзи мардумро захира намоянд. Тибқи иттилои мутасаддиён имрӯз анборҳои онҳо аз маҳсулот холӣ мебошанд.
Барои зимистонгузаронии сол-ҳои 2013-2014 ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳои минтақа 1255 тонна пиёз  ва 1390 тонна картошка захира намуданд. Деҳқонон низ ин навъи маҳсулотро вориди бозор менамоянду соҳибкорон ҳам. Аммо кай «фаровонӣ» ва «арзонӣ» дар бозор эҳсос мешавад, маълум нест. Пас саволе ба миён меояд, ки ин нишондодҳои баланд изофанависии масъулон аст ва ё чизи дигар?  
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2014    №: 73    Мутолиа карданд: 803
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед