logo

маориф

ХОНИШ - ВАСИЛАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Бо мақсади санҷиши малакаҳои хониш ва инкишофи нутқи мактаббачагони хурдсол  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии  Лоиҳаи «Хониши босифат»  - Оҷонсии  Амрикоии Рушди Байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Академияи  таҳсилоти  Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, Маркази миллии тестӣ таҳия ва гузаронидани тести АХСИ (EGRA) - арзёбии малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоиро ба роҳ монд. Яъне, тарҳрезӣ, таҳия ва иҷрои чорабиниҳои арзёбии хониш  дар синфҳои ибтидоӣ барои санҷидани таъсири  Лоиҳаи «Хониши босифат» дар баланд бардоштани маҳорати хониши  талабагони синфҳои 1-4, ки ба забони тоҷикӣ ва русӣ таҳсил мекунанд.
Лоиҳаи «Хониши босифат» лоиҳаи чорсола буда, аз тарафи АРБ ИМА дастгирӣ ёфтааст.  
Мақсади лоиҳа баланд бардоштани саводнокии талабагон тавассути беҳтар гардонидани малакаҳои хониши онҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.
Лоиҳаи «Хониши босифат» таҷрибаи самараноки системаҳои маорифи кишварҳои ҷаҳон– Австралия, Финляндия, Сингапур, Шветсия, Шоҳигарии Бритониёро мавриди таҳлил қарор дод.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки низоми миллии арзёбӣ дар ҳолате самарабахш мегардад, ки ҳамаи муассисаҳои соҳаи маориф дар татбиқи он саҳм гузоранд.
«Хониши босифат» мақсад гузоштааст, ки низоми ҳамгироии арзёбиро на танҳо барои санҷиши дастовардҳои таълимии хонандагон ва назорати фаъолияти мактабҳо, балки бо мақсади ташаккул ёфтани низоми ҳавасмандкунанда ба роҳ монад.
Тарҳрезии ҷараёни арзёбӣ:
- Маҷмӯи воситаҳо ё усулҳои сершумори алоҳида барои ҳар яке аз синфҳои ибтидоӣ (1-4) дар ду забон – тоҷикӣ ва русӣ барои:
• муайян кардани маълумоти ибтидоӣ
• гузарондани арзёбии миёнамуддат
• гузарондани арзёбӣ дар охири лоиҳа
Воситаҳо/усулҳои ба як забон ва барои ҳар як синф истифодашуда аз нуқтаи назари мундариҷа ва дараҷаи душвориашон ба ҳамдигар шабоҳат доранд.
- Моддаҳои арзёбӣ:
• бояд қатъиян ба меъёрҳои ба синф хоси хониш мувофиқ бошанд;
• доштани дараҷаи душворӣ (содда, миёна ва душвор) ва мураккабии когнитивӣ (дониш, фаҳмиш ва истифодаи онҳо) дар сатҳи ҳар як синф бошанд.
- Арзёбии хониши талабагон дар шакли шифоҳӣ ва як ба як гузаронида мешавад.
Асоси ин низомро стандартҳои фанни «Забони модарӣ» барои синфҳои ибтидоӣ ташкил медиҳанд. Стандартҳо натиҷаҳои таълимии хонандагони зинаи мазкури таҳсилот (стандартҳои мундариҷаи таҳсилот) ва иҷрои фаъолиятҳоро аз ҷониби  хонандагон (стандартҳои фаъолияти таълимӣ) мушаххас муайян мекунанд.
Арзёбии хонандагон ба воситаи тестҳои стандартӣ ба мундариҷаи стандартҳои синфҳои ибтидоӣ алоқамандии зич дорад. Ин арзёбӣ дар асоси интихоби намунаҳо моҳи майи соли 2014 барои муайян кардани дониши базавии хонандагони синфҳои ибтидоӣ пеш аз татбиқи стандартҳои нав, дар солҳои 2015 ва 2016 барои арзёбии мобайнӣ ва дар соли 2017 барои арзёбии ниҳоӣ пешбинӣ мешавад. Натиҷаҳои арзёбиро барои ташкил, назорат ва беҳтар гардидани сифати таълим дар соҳаи  маориф истифода хоҳанд бурд.
Дар доираи Лоиҳаи «Хониши босифат» системаи ҳисоботдиҳии ним-автоматӣ, ки тавассути он натиҷаҳои арзёбӣ пас аз як моҳи гузаронидани тест (арзёбӣ) пешниҳод карда мешавад, таъсис мегардад.
Низоми арзёбии мазкур дорои  чунин хусусиятҳо аст:
• таъмини мувофиқати назари унсурҳои гуногуни системаи маориф, оид ба муаррифии  зарурати арзёбии стандартӣ барои баланд бардоштани дастовардҳои таълимии хонандагон;
• таъмини сифати арзёбии стандартӣ аз лиҳози мувофиқатӣ, дурустӣ, амалӣ ва ҳаққонияту шаффофияти он;
• ҷалби хонандагон ба супоридани тестҳои стандартӣ ва ба ин васила баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо ба таълим;
• водор намудани омӯзгорон ба таҳия ва гузаронидани тестҳо ҳамчун як роҳи такмили малакаҳои касбии онҳо бо мақсади баланд бардоштани дастовардҳои таълимии хонандагон;
• ҷалби мутахассисони соҳа дар сатҳи вилоят ва ноҳия барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос (ва дигар омӯзишҳо), татбиқи тест (арзёбӣ) ва паҳн намудани натиҷаҳои он чун воситаи баланд бардоштани донишу малака ва масъулият.

Тавсифи тестҳои санҷиши малакаҳои хондани хонандагони синфҳои ибтидоӣ
Маҷмӯи тестҳои санҷиши малакаҳои хондани хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз ду ҷузъ иборат аст:
1. Дафтари қайди натиҷаҳои санҷиш
2. Дафтари хонанда.
Маҷмӯи тестҳо ба мақсади санҷиши малакаи хондану навиштани хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои таҳсилоташон ба забони тоҷикӣ ва русианд, таҳия шудаанд. Маҷмӯи тестҳо барои синфҳои 1, 2 ва 4 таҳия гардидаанд. Тестҳо аз 10 қисм иборатанд.
Тарзи гузаронидани тест/санҷиш як ба як буда, аз тарафи санҷишгар ба роҳ монда мешавад ва дар маҷмӯъ санҷиши мазкур 30 дақиқаро фаро мегирад.
Меъёрҳои ченкунии хониш оид ба савияи дониши талабагон ва пешрафти онҳо чунин аст:
- хониши равон: шумораи калимаҳо ва ҳарфҳо, ки дар давоми 1 дақиқа дуруст хонда мешавад;
- дарк кардани матн: шумораи саволҳои сан-ҷишие, ки ба онҳо ҷавобҳои дуруст дода мешавад;
- навиштан:  баҳои имло;
- меъёрҳои умумӣ: баҳои санҷиш бо фоиз;
- таснифи талабагон аз рӯи дараҷаи маҳорати хониш. 
Дар поёни ҳар як қисми тестҳои мазкур мушаххасан тафсир меёбанд.
1. Шинохтани ҳарф.
Мақсади қисми мазкур санҷиши дониши хонандагони синфҳои 1 ва 2-ро оид ба номи ҳарфҳои алифбои забони тоҷикӣ ва русӣ ва инчунин санҷидани суръати хондани ҳарфҳо мебошад.  Маҷмӯи пурраи ҳарфҳо бо тартиби тасодуфӣ пешниҳод карда мешавад. Дар як сатр 10 ҳарф ду маротиба (ҳарфи калон ва хурд) бо ҳуруфи шиносу намоён, ба тарзи хоно пешниҳод шудааст. Тартиби тасодуфии пешниҳоди ҳарфҳо ба мақсади пешгирии қироати ёдакии алифбо аст. Ба ҳар хонанда барои хондани ҳамаи ҳарфҳои рӯйхат ҳамагӣ 2 дақиқа вақт ҷудо карда шуда, аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки  ҳарфҳоро ҳарчи зудтар хонанд. Санҷишгар шумораи ҳарфҳои хондашударо дар охири дақиқаи якум ва дуюм қайд менамояд. Қисми мазкур танҳо барои синфҳои 1 ва 2 оварда мешавад.
2. Шинохтани ҳарф.
Мақсади қисми мазкур санҷиши дониши хонандагони синфҳои 1, 2 ва 4 оид ба шинохти овози ҳарфҳои алифбои забони тоҷикӣ ва русӣ мебошад. Қисми мазкур дар натиҷаи таҳлили китобҳои дарсии синфҳои 1-4 таҳия шуда, дар он 10 ҳарфе, ки дар ин китобҳо зиёд истифода шудааст, пешниҳод мегардад. Дар ин қисм вақт маҳдуд карда намешавад. Аз ҳар хонанда хоҳиш карда мешавад, ки овози ҳарфҳои пешниҳодшударо талаффуз кунад. Ин қисм барои синфҳои 1, 2 ва 4  пешкаш карда мешавад.
3. Муайян кардани овози аввали калима.
Мақсади ин қисм санҷидани дониши хонандагони синфҳои 1 ва 2 дар самти муайян кардани овози аввали калимаҳои содаи ба синфҳо мувофиқ аст. Ин машқи  шунавоӣ аст. Санҷишгар 10 калимаи содаи якҳиҷодорро пайиҳам бо овози баланд мехонад. Аз хонанда хоҳиш карда мешавад, ки овози якуми ҳар калимаи хондашударо талаффуз намояд. Дар ин қисм вақт маҳдуд карда намешавад. Ин қисм танҳо барои синфҳои 1 ва 2 пешкаш мегардад. 
4. Хондани калимаҳои шинос
Мақсади ин қисм санҷидани маҳорати талабагони синфҳои 1, 2 ва 4, бо овози баланд хондани калимаҳои шиноси ба синф мувофиқ мебошад. Руйхат аз 25 калимаи шинос барои синфи 1, 40 калимаи шинос барои синфҳои 2 ва 4, ки аз китобҳои дарсии фанни «Забони модарӣ» муайян шудаанд, иборат аст.   Ба ҳар хонанда 2 дақиқа барои хондани калимаҳо дода мешавад. Санҷишгар шумораи калимаҳои хондашударо дар охири дақиқаи якум ва дуюм қайд менамояд. Ин бахш барои синфҳои 1, 2 ва 4  ташкил карда мешавад.
5. Хондани калимаҳои шинос
Мақсади ин қисм санҷидани маҳорати аз тарафи хонандагони синфҳои 1, 2 ва 4  хондани калимаҳои ношиноси ба синф мувофиқ мебошад. Рӯйхат аз 25 калимаи ношинос барои синфи 1 ва 40 калимаи ношинос барои синфҳои 2 ва 4, ки аз китобҳои дарсии фанни «Забони модарӣ» интихоб шудаанд, иборат аст. Ба ҳар хонанда 2 дақиқа вақт барои хондани калимаҳо медиҳад. Санҷишгар шумораи калимаҳои хондашударо дар охири дақиқаи якум ва дуюм қайд менамояд. Ин қисм барои синфҳои 1, 2 ва 4  ташкил карда мешавад.
6. Шинохти шифоҳии луғат
Мақсади ин қисм санҷидани маҳорат/қобилияти талабагони синфҳои 1, 2 ва 4 оид ба дарки маънии калимаҳои шинос мебошад. Ин супориши шифоҳӣ аст. Санҷишгар 10 калимаро бо навбат бо овози баланд мехонад. Ба хонандагон барои ҳар як калимаи хондашуда як дастаи 4-донагии расмҳо дода шуда, аз онҳо хоҳиш менамояд, ки  расми ба калима мувофиқро интихоб кунанд. Дар ин қисм вақт маҳдуд нест. Ин қисм барои синфҳои 1, 2 ва 4 аст.
7. Суръат ва равонии хониш
Мақсади ин қисм санҷидани маҳорат/қобилияти хониши равони талабагони синфҳои 1, 2 ва 4 мебошад. Барои иҷрои супориши ин бахш як пораи хурди матн (барои синфи 1 - 25 калима, барои синфи 2 иборат - 40 калима ва барои синфи 4 - 80 калима) оварда мешавад. Ба ҳар як хонанда барои бо овози баланд хондани пораи матн 2 дақиқа вақт ҷудо мегардад. Санҷишгар шумораи калимаҳои  хондашударо дар охири дақиқаи якум ва дуюм қайд менамояд. Ин қисм барои синфҳои 1, 2 ва 4  ташкил карда мешавад. 
8. Дарки маънии матни хонда
Мақсади ин қисм санҷидани маҳорат/қобилияти талабагони синфҳои 1, 2 ва 4 дар дарки маънои матни хондашуда мебошад. Баъд аз бо овози баланд хондани матн ба талаба оид ба мазмуни матн 5 саволи сода дода мешавад. Дар ин бахш вақт маҳдуд намегардад. Ин қисм барои синфҳои 1, 2 ва 4  ташкил карда мешавад.
9. Дарки маънии матни шунида
Мақсади ин қисм санҷидани маҳорат/қобилияти талабагони синфҳои 1, 2 ва 4 дар дарки маънии матни шунида мебошад. Дар ин қисм як пораи хурд (барои синфи 1 - 25 калима, барои синфи 2  - 40 калима ва барои синфи 4 - 80 калима) истифода бурда мешавад. Ин супориши шифоҳӣ аст. Санҷишгар танҳо як маротиба матнро саросема нашуда (суръати хониш тақрибан 1 калима дар 1 сония) ба талабагон бо овози баланд мехонад. Баъд аз хондани матн аз хонандагон оид ба  мазмуни пораи матн 3 ё 5 савол пурсида мешавад. Дар ин қисм вақт маҳдуд нест. Супориши мазкур барои синфҳои 1, 2 ва 4  аст.
10. Имло
Мақсади ин қисм санҷиши малакаи бехато навиштани хонандагони синфҳои 1, 2 ва 4 мебошад. Хонандагон ҷумлаи хондашударо дар варақи алоҳида менависанд. Ҷумла барои имло дар синфҳои 1, 2 ва 4 мувофиқан аз 4-5 калима, 5-6 калима ва 8-10 калима иборатанд. Дар ин қисм вақт маҳдуд нест. Супориши ин бахш барои синфҳои 1, 2 ва 4  ташкил карда мешавад.
Чунин низоми санҷиш  дар синфҳои ибтидоӣ аҳамияти муҳим дорад. Истифодаи он ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки  бо мақсади баланд бардоштани  дастовардҳои таълимии хонандагон малакаҳои  касбии худро низ баланд бардоранд.
Тести мазкур мувофиқи талаботи стандарт ва барномаи таҳсилоти ибтидоӣ таҳия гардидааст. Тест инчунин барои такмил додани маҳорату малакаи хонандагон, бедор намудани шавқу ҳавас ба донишандӯзӣ, озодии фикр бо роҳу усулҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.

Шарифа КОТИБОВА,
мудири шуъбаи таҳсилоти  томактабии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.2014    №: 82    Мутолиа карданд: 1557

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед