logo

маориф

ОМӮЗГОРИ АСИЛ, ИНСОНИ ХОКСОР

Бо ин дили шикаста зи дунё гурехтем,
Савдои фитна буду зи савдо гурехтем.
Азиз Раҳим


Меҳру муҳаббат ва садоқатро дар олам ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кас ба зару мансаб харида наметавонад. Танҳо саъйу талошҳо, покии дасту дилҳо метавонад ба ҳар кас, меҳру муҳаббат ва садоқат бахшад ва пас аз марг низ ӯро бо як меҳр ва муҳаббат ба ёд биоранд. Ва ман ин ҳикматро дар ашки мӯйсафеде дидам, ки барои хондани ҷанозаи  устод Баён Раҳим ба масҷиди Сари Осиё омада буд. Ин  ҳам ашки андуҳ буд ва ҳам ашки шодмонӣ. Андуҳ аз он, ки устод Баён Раҳим бо як дили шикаста дунёро падруд гуфт. Шодмонӣ аз он, ки аз савдои фитнаи зиндагӣ раҳо шуд. Ҳарчанд бо дили соф, бо дили кушода, бе ҳеҷ тарс, бо боварӣ то вопасин лаҳзаи зиндагӣ аз таълиму тарбият сухан гуфт. Яъне он чи гуфт, андешаҳояш буд, самараи кораш буд. Ва танҳо самараи кору рӯзгорашро, гузаштаашро бо имрӯзааш қиёс кард ва гуфт. Ин як кори маъмулист барои ҳар инсони комил. Зеро дар тангнои синаи ҳасраткашидааш дардҳояш нуҳуфта буд.
Воқеан, агар ба зиндагии гузаштааш, ба фаъолияти илмию педагогиаш назар андозем, мебинем, ки барои манфиати хеш, барои шуҳрати хеш ҳеҷ кореро ба анҷом надод, он гунае ки барои таълиму тарбият анҷом дод. Мебинем, ки як ҷавони навхати кӯҳистонӣ дар 24-солагӣ мансаби мудирии маорифро дар ноҳияи Сари Хосор (ҳолиё ноҳияи Балҷувон), ки баландтарин мансаб дар солҳои 50-уми асри ХХ дар низоми маорифи шӯравӣ маҳсуб мегардид, тарк карда ба Донишгоҳи омӯзгорӣ омад. Шаст сол дар ин боргоҳи муқаддас бо дасту дили пок фаъолият кард. Замоне, ки донишҷӯёни солҳои 60-уми ин боргоҳ барои дарёфти асарҳои назариётчиёни педагогика ба забони тоҷикӣ мушкиле доштанд, устод Баён Раҳимов як силсила дастурҳои илмиро ба забони тоҷикӣ оид ба назарияҳои педагогии Песталотси, Коменский, Макаренко ва дигарон таълиф намуду дастраси донишҷӯён гардонид. Ва дар саргаҳи Истиқлолияти миллӣ (1990) барои донишҷӯён дастури таълимии «Таърихи афкори педагогикаи халқи тоҷик»-ро дар ҳаммуаллифӣ бо равоншод Хайрулло Афзалӣ таълиф кард. Мебинем, ки дар ҳар давр устод ҳамқадами замон буд. Вобаста ба талаби замон кору фаъолият кард.
Ва дар охири умр дар атрофи чанд мақолае ё баҳсе доир ба низоми кредитии таҳсилот сухане гуфт, он танҳо андешаҳои худи ӯ буд, қиёсҳои зиндагиаш буд, қиёсҳои самараи корҳояш буд. Ва ба ҳеҷ ваҷҳ як мақолаи ӯ ё як андешаи ӯ монеаи низоми кредитии таҳсилот шуда наметавонист, зеро маҷрои вақтро касе наметавонад боз дорад ва ё бозпас барад. Танҳо ҳамин андеша ҳаст, барои инсон, ки дирӯзу имрӯзашро қиёс ва аз он барои худ як бардоште кунад. 
Воқеан,  ӯ рӯҳан ҳақ дошт тарғибгари таълиму тарбияти миллӣ  ва  ё низоми анъанавӣ бошад, чун худаш дар муҳити ҳамин низоми таҳсилот маълумот гирифт ва фаъолият кард. Вобаста ба ҳамин низом китобу дастурҳо таҳия кард ва барои ҳамин он чи гуфт, дарди дили худро гуфт. Ва бояд мегуфт, зеро гуфтанҳояш барои таскини дилаш буд. Ҳақ ҳам дошт, ки дилашро таскин диҳад.
Дар чанд андеша ва ё мақолааш эҳсосе дошт, шитобе дошт аз зиндагӣ. Ва бо як оромӣ  андешаҳояшро рӯи коғаз овард ва ҳар гоҳ ба навиштаҳояш менигарист, дар хеш қароре меёфт. Ҳамин эҳсосашро бояд дарк мекардем, зеро офтоби умраш майли нишастан дошт. Ҳар инсон дар хурдсолӣ бо орзуи ба бузургсолӣ расидан зиндагӣ мекунад. Дар бузургсолӣ бошад, ба ёди хурдсолӣ. Ба хотири рӯзҳои рафтаи умр мезияд. Агар умр вафо кунад, ин ҳолат ба ҳар касе, ки ба синни пирӣ мерасад, рух медиҳад.
Дар чанд сатр ҳеҷ гоҳ аз вазифаҳои коркардааш дар донишгоҳ, аз дараҷаҳои илмиаш, аз номгӯи китобҳои таълифкардааш, аз ҳазорон шогирдони тарбиянамудааш ёд намеорем, зеро барои ҳар як инсони комил ин вазифаи муқаррарист, ин қарз аст дар назди халқи азизи худ. Бояд ҳамаи инро одилона, боинсофона, аз сари меҳр ва сидқу саодат барои миллати худ намоем ва ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба касе ва ба чизе ба нигоҳи «марҳамат» ва «хушомад» нанигарем. Мардонавор бояд зиндагӣ намоем, мардонавор барои халқу миллат хизмат намоем ва мардонавор маргро қабул намоем, зеро ин дунё садҳо фитна дорад ва бояд аз савдои фитна гурезем, то садсолаҳо моро ба некӣ ёд биоранд…
Мегӯянд, мегӯем ва мешунавему ифтихор мекунем, ки устод Баён Раҳим то охири умраш содиқона дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикис-тон ба номи Садриддин Айнӣ заҳмат кашид. Кам не, шаст сол. Ва дар ин шаст соли ҳаёт содиқона хизмат кард. Ва садсолаҳо аз ӯ ёд меоранд. Охир мақому мартабаи омӯзгори асилу ҳидояткунанда ба роҳи рост аз фаришта болотар аст ва Худованд ӯро дӯст медораду намегузорад, ки дар дунёи охират хор гардад. Устод Баён Раҳим омӯзгори асил буд ва Худованд ӯро дӯст медорад.
Зеро дар баробари омӯзгори асил будан, ӯ як инсони комил ва хоксор буд. Зиндагии хоксорона дошт. Зиндагие, ки дар он тамаъ набуд, дар он «хушомад»-у «марҳамат» ба касе ва ба чизе набуд. Ҳамин тавр хоксорона дар як субҳи содиқ бо зиндагӣ падруд гуфт. Ҷанозааш низ хоксорона гузашт. Тобуташро низ бе анбӯҳи одамон, бе фавҷи автомошинаҳо вориди масҷиди Сари Осиё карданд ва баъд ҳамин тавр ӯро хоксорона ба хок супориданд.
Ва мо, шогирдон, аз ҳамаи он нафароне, ки дар маросими видои устод Баён Раҳимов ширкат карданд, ӯро ёд намуданд, соате дар манзили устод буданд, аз дунболи тобуташ то хонаи охираташ рафтанд ва нафароне, ки хабари маргашро шуниданд ва аз ӯ ёд оварданд, миннатдору миннатпазирем.

Қурбони РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2014    №: 83-84    Мутолиа карданд: 1020

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед