logo

паёмҳо

БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 69 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм, шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2014

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бахшида ба 69 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм,  шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2014
Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ!
Ҳамватанони азиз!
Имсол мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 69 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизмро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо ҳисси ифтихори баланди ватандӯстӣ ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳамватанони азизро табрик гуфта, бароятон фазои ҳамешагии сулҳу оромӣ ва саломативу сарбаландӣ орзу менамоям.
Дар таърихи башарият ҳодисаҳои зиёди даҳшатноке рух додаанд, ки зиндагии орому осоишта ва роҳу равиши созандаи халқҳои гуногуни оламро халалдор сохтаанд.  Вале Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷиҳати миқёсу фарогириаш набарди мудҳиштарин ва фоҷиабортарини таърихи аҳли башар дониста мешавад. Зеро дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои мухталиф сафарбар шуда, беш аз 50 миллион нафар қурбон гардиданд.
Зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардида, дар натиҷа дастгоҳи пурқудрати ҳарбии фашизм шикаст хӯрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид ва роҳи халқҳои гуногуни ҷаҳон ба сӯи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд.
Дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз садҳо ҳазор фарзандони ватандӯсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд.
Мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.
Ҳамаи онҳо дар қалбу хотираи халқи мо ҳамчун фарзандони далеру қаҳрамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирифтаанд. Аз ин рӯ, ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби муҳаққиқон на танҳо ҳамчун ғалабаи ҳарбӣ, балки чун пирӯзии бузурги маънавӣ низ ба қалам дода мешавад.
Илова бар ин, Рӯзи Ғалаба рамзи садоқат, нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувору шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам аст.
Иттиҳоду ягонагӣ, ҳамраъйӣ ва эҳсоси бузурги ҳамдастии халқҳои гуногуни ҷаҳон, сарфи назар аз ҷаҳонбинии сиёсӣ ва мансубияти диниву нажодии онҳо дар мубориза бар зидди фашизм саҳифаҳои дурахшонтарини Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳсуб меёбанд.
Бо гузашти солҳо шукӯҳу шаҳомати Рӯзи Ғалаба дар қалб ва хотираи мо боз ҳам қавитар гардида, ҳисси эҳтиром ва қадршиносии насли ҷавон нисбат ба собиқадорони ҷанг торафт бештар мегардад. Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки пос нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони майдони набард ва ба ҷо овардани эҳтироми собиқадорони ҷанг қарзи пурифтихори фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Арҷ гузоштан ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани собиқадорони ҷанг, ки барои озодӣ ва таъмин намудани зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯза ҷонбозиҳо кардаанд, яке аз суннатҳои неки мардуми соҳибфарҳанги мо ба ҳисоб меравад.
Дар замони муосир, ки хатарҳои экстремизму терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ фазои бисёр кишвару минтақаҳои ҷаҳонро ноором месозанд, сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳон моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои сулҳи пойдор ва таъмини зиндагии осуда ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Ман ҳангоми мулоқот бо роҳбарони кишварҳои гуногун ва суханрониҳоям аз минбарҳои баланди олам доим таъкид менамоям, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини сулҳу субот, ҳаёти орому осоишта ва зиндагии ободу пурсаодати башарият мебошад.
Ин ҳадафи неку созандаро ман дар Паёми имсолаам ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар таъкид намудам ва мавқеи устувори Тоҷикистонро дар таъмини сулҳи пойдор ва ҳаёти пурсаодати халқҳои ҷаҳон изҳор доштам ва даъват ба амал овардам, ки мо метавонем хатарҳои глобалии ҷаҳони муосирро танҳо дар асоси рушди муносибатҳои дӯстона ва муттаҳидиву ҳамкориҳои созанда бартараф созем. Дар амалӣ гардидани ин ҳадафҳои нек низ таҷрибаи бузурги ҳаётии собиқадорони ҷангу меҳнат, сабақҳои ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагии онҳо нақши муҳим мебозад.
Дар баробари ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон созам, ки ҳамаи мо чун фарзандони миллати соҳибихтиёр ва шаҳрвандони давлати соҳибистиқлол бояд ҳамеша шукронаи неъмати бузурги соҳибватаниро ба ҷо орем, ба Ватан содиқона хизмат кунем, барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошем, наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, оромиву суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона созем.
Ба ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи собиқадорон ва ҳамватанони азизамонро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватани маҳбубамон сулҳу оромӣ, хушбахтиву хушиқболӣ, сарбаландӣ ва саодати рӯзгор орзу менамоям.
Ҷашн муборак ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2014    №: 89    Мутолиа карданд: 10444

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед