logo

маориф

ММТ: БАРТАРИЯТ ВА МУШКИЛОТ

Низоми нави дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар нисбат ба услуби муқаррарии қабули довталабон кадом бартариҳо дорад ва амалӣ гардидани таҷрибаи нав дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чӣ тавр сурат гирифт?  Бо ин савол хабарнигорамон бо Имомназар Ҳақназар, мудири бахши иқтисод ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилоят, ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф андешаҳояшро дар ин бобат чунин баён намуд:

- Бартариҳои низоми тестиро дар он мебинам, ки вай ба шаффофият дар қабули довталабони дорои дониши ҳақиқӣ мусоидат мекунад. Дар ин низом унсурҳои манфури коррупсионӣ, воситабозиву хешигарӣ, ки боиси аз сафи қабулшудагон берун мондани бисёр довталабони болаёқату босавод мегарданд, роҳ намеёбанд. Баръакс, низоми нави қабули довталабон барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа имконоти баробар фароҳам оварда, аз байни ҷавонон истеъдодҳоро муайян ва гулчин мекунад.
Як бартарии дигари ташкили Маркази миллии тестӣ он аст, ки пас аз хатми донишгоҳ дипломи гирифта дар тамоми кишварҳо пазируфта шуда, эътибори байналмилалӣ дорад. Ҷорӣ гардидани низоми нави тестӣ ҷанбаи тарбиявиро низ дорост. Яъне хонандагон аллакай аз синфҳои поёнӣ медонанд, ки барои ба мактабҳои олӣ дохил шудан фақат ба дониши худ умед бастан лозим аст ва ин мактабиёнро ба азхудкунии дониш, махсусан доир ба фанҳои появии системаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, мисли забони давлатӣ, математика, таърих ва ғайра ҳавасманд месозад.
Маркази миллии тестӣ воситаи арзёбии воқеӣ ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мебошад. Яъне қабули довталабон аз рӯи низоми нав нишон медиҳад, ки дар ин ё он мактаб вазъи таълим дар кадом поя қарор дорад, чанд фисади хонандагон бе мадади атрофиён, бо дониши худ саволномаҳои тестиро кор карда тавонистанд ва умуман системаи таълими ҷорӣ дар мактабҳо то кадом андоза ҷавобгӯи замон мебошад.
Интихоби озоди донишгоҳҳо ва маҳалу минтақа барои таҳсил, ҳамчунон имкони дар як замон супурдани ҳуҷҷат ба чанд донишгоҳ, аз ҷумла берун аз кишвар низ аз ҷумлаи бартариятҳои низоми нав аст. Пӯшида нест, ки то ҳол дар макотиби олии кишвар бисёр шахсони тасодуфӣ «таҳсил» доранд. Низоми нав аз дохилшавии чунин нафарон ба мактабҳои олӣ ҷилавгирӣ мекунад.
Мустақил будани ММТ чун ниҳоди давлатӣ аз системаи маориф ва сохторҳои дигарро ҳам метавон як бартарии он арзёбӣ кард. Маркази миллии тестӣ як шакли муосирест, ки дар тамоми мамолики пешрафтаи дунё пазируфта шуда, натиҷаҳои мусбати он ҳам кайҳо исботи худро ёфтаанд.
Мутобиқи фармони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз январи соли 2014, №2 «Низоми имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ дар соли 2014» 8 нафар намояндаи Раёсати маорифи вилоят, аз ҷумла аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо намояндагии кормандони Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ дар курсу омӯзишҳо иштирок карда, пас аз бозгашт, аз ҳисоби беҳтарин кормандони соҳаи маорифи вилоят 177 нафар тренеронро барои шарҳи низоми нав дар қаламрави вилоят тайёр намуданд. Аз ҳисоби кормандони маориф ва сохторҳои он низ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, ҷиҳати шарҳи мақсаду моҳияти Маркази миллии тестӣ ба маҳалҳо фиристонида шуданд. Дар назди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ нуқтаи бақайдгирии довталабон аз 1 марти соли равон фаъол гардид. Барои ноҳияҳои вилоят дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ реҷаи бақайдгирӣ дар ин нуқта тартиб дода шуд, ки мувофиқи он бояд то 15 апрели соли равон беш аз 3,5 ҳазор довталаб аз қайд мегузашт. Аммо дар нуқта ҳамагӣ 2128 нафар довталаб ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 66,69 дарсади теъдоди умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои алоҳида ин рақам аз ин ҳам камтар аст. Масалан, аз ноҳияи Мурғоб ҳамагӣ 29 довталаб аз қайд гузаштааст, ки ин аз 19 фоиз ҳам камтар мебошад. Аз ноҳияҳои Ванҷ 45 фоиз ва Дарвоз каме бештар аз 54 фоизи хатмкунандагони мактабҳо аз қайди нуқтаи бақайдгирӣ гузаштаанду халос. Боиси ташвиш аст, ки фардо ин хонандагон ба куҷо мераванд?
Аз ҳисобот бармеояд, ки имсол аз ҳисоби хатмкардагони соли таҳсили 2013-2014 дар вилоят 1063 нафар ё худ 33,3 фоизи теъдоди умумӣ аз идомаи таҳсил дар макотиби олии кишвар берун мемонанд. Дар ҷараёни бақайдгирӣ Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ, дар маҷлиси васеъ ин масъаларо ба миён гузошта, рафти бақайдгириро нокифоя арзёбӣ намуд. Роҳбарони Раёсати маорифи вилоят ва нуқтаи бақайдгирии ММТ-и шаҳри Хоруғ вазифадор гардиданд, ки дар ин самт чораҳои бетаъхир андешанд.
Он чиз боиси нигаронист, ки 67 фоизи духтарон аз маъракаи бақайдгирӣ дар ММТ дар канор монданд ва ин бояд масъулони соҳаро водор созад, ки сари ин масъала андеша ронанд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2014    №: 95    Мутолиа карданд: 820

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед