logo

маориф

НИГАРОНӢ АЗ МАБЛАҒПАРДОЗИИ ТАЛАБАГОН

Дар ҳафт cоли оянда ҷудо шудани маблағ дар ҳаҷми 27 миллиард сомонӣ ба соҳаи маориф, сатҳи пасти дониши донишҷӯён,  пулталабӣ аз хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, зери суол қарор гирифтани фаъолияти литсейҳои туркӣ, рушди мактабҳои хусусӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар конфронси илмию амалии «Маориф дар давраи истиқлолият: мушкилот ва дурнамо» бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба дастурҳои  Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардиданд.
Холиқназар Худойбердиев, роҳ-бари Маркази тадқиқоти стратегӣ, ҳадафи баргузории ҳамоишро дар амалӣ намудани нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат дар самти маориф бо иқдоми муштараки  маорифчиён, устодони мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ  маънидод кард.
Сайфулло Сафаров, муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ, аз моҳияти Паём ва маориф ҳамчун омили муҳими амнияти миллӣ ёдовар шуд.
- Баъди шунидани Паём ва омили амнияти миллӣ эълон шудани он чанд бандро барои маорифчиён пешниҳод кардем, зеро маориф ниёзи бештар ба ислоҳ дорад. Набояд хонандае аз таҳсил ва тарбия дур бошад ва ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ кашида шавад. Солҳои оянда бояд авлавият ба рушди заминаҳои илмӣ ва илмҳои иноватсионӣ - технологӣ дода шавад.
Абдураҳмон Қурбонов,  сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ, аз таърихи қабули Қонун «Дар бораи маориф» ёдовар шуда, гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур соли 1991 таҳия ва баъди ду сол қабул шуд.
- Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳимияти  масъалаи мазкурро дарк карда, сари вақт як қатор барномаҳоро қабул намуд. Дар он марҳалаи ҳассос барои амалӣ намудани барномаҳо аҳли маориф дар ҳама зинаҳои таҳсил саҳм гузоштанд.  Охири солҳои навадум, зиёда аз 35 дарсади наврасони синни мактабӣ ба сабаби норасоии омӯзгорон ва мушкилоти дигар ба таълим фаро гирифта нашуданд, аз 944 муассисаҳои томактабӣ танҳо 500 адад боқӣ монд. Вазъи мактаб-интернатҳо барои маъюбон ҳам ташвишовар буд. Чораҳои андешидашудаи Ҳукумат натиҷаи мусбат дод. Дар аввали солҳои 2000-ум маориф ба ҳадафи стратегӣ ва соҳаи афзалиятнок табдил ёфт. Аз ҳамон сол марҳалаи нави рушди маориф шурӯъ шуд. Муътадил гардидани сатҳи сиёсӣ ва болоравии  иқтисодиёти кишвар ба амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоӣ мусоидат кард. Агар cоли 2001 аз буҷет 41 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондод  соли 2012 ба 1,6 миллиард ва соли 2013  ба зиёда аз 2 миллиард расид. Давраи истиқлолият зиёда аз 1500  мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо харҷи 2,7 миллиард сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.
Абдураҳмон Маҳмадов, раиси дастгоҳи Шӯрои амнияти назди Президент,  доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, оид ба беҳбуди сифат ва усулҳои таълим, роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои ифротгаро маърӯза кард.
- Ин ҷо дуруст нигаронӣ шуд, ки соатҳои фанҳои ҷамъиятшиносиро аз низоми таълим кам кардем. Вақте мегӯем, ки ҷавононро аз фирефташавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ҳифз кунем, бояд ба онҳо маълумот дар бораи илмҳои ҷамъиятшиносиву диншиносӣ диҳем. Онҳо дар вақти таҳсил оид ба дину гурӯҳҳо тасаввурот пайдо кунанд.   Дин худ ахлоқ аст.
Оид ба масъалаи маблағ-пардозии хонандагон бидуни су-ратҳисоби махсус дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Абду-раҳмон Қурбонов мактаби таҳ-силоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Душанберо мисол овард, ки ҳар моҳ 50 сомонӣ аз ҳар як хонанда ситонда мешавад. Ин ба ғайр аз пардохти арзиши нархи парда, бухорӣ, ҷорӯб, бӯр ва ғайра мебошад.
Иштирокчиён аз маблағпар-дозии хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки ин падида бояд зуд аз байн бурда шавад. Ва маблағгузарониҳо ба мактабҳо тавассути суратҳисоби махсус сурат гиранд, то маош ва шароити моддии омӯзгорон беҳтар шавад.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2014    №: 98    Мутолиа карданд: 838
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед