logo

номаҳо

ПУЛРО КӢ ТАЪМИР МЕКУНАД?

Қариб чор моҳ мешавад, ки пули роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи самти ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ – Қизилқалъа, воқеъ дар хоҷагии Бистуду, Ҷамоати деҳоти Яккатут қисман вайрон гашта, барои ҳаёти ронандагон хатарнок шудааст.      

Аз ин роҳ нафароне, ки ба шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон равуо мекунанд, истифода мебаранд. Алалхусус нақлиёти кирокаш бо истифода аз ҳамин масир ва ин пули фурӯрафта ҳаракат мекунанд, ки ҳаёти мусофирон зери хатар мемонад.
Файзалӣ Одинахонов, сармутахассиси  шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, зимни суҳбат бо мо ҳамаи айбро ба гардани ронандагони мошинҳои боркаши корхонаи «Хуаксин  Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон бор кард. «Сабаби вайроншавии пул соатҳои 1-2-и шаб номаълум гузарондани мошинҳои аз меъёр зиёд сементдошта мебошад»,-гуфт ӯ.
Самад Салимов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия низ ин назари Ф. Одинахоновро ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки «ин пул 51 сол пеш сохта шуда, аз 10 тонна бештар борро бардошта наметавонад. Мошинҳои сершумори ин корхона даҳҳо тонна вазн доранд. Агар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия маблағ ҷудо накунанд, мо чӣ гуна метавонем онро навсозӣ намоем? Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ барои таъмири он 480 ҳазор сомонӣ зарур аст».
Акрам Сулаймонов, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар охирин нишасти матбуотии хеш иттилоъ дода буд, ки ин пул ҳамроҳ бо чанд пули дигар ва 8,5 километр роҳу 29 аломат пурра таъмиру иваз гардид. Аммо, воқеият тамоман дигар чизро нишон медиҳад. На дар назди ин пул ва на дар 5 пули дигари ҷодаи мазкур ҳатто аломати ҳушдордиҳандаи тавоноии борбардории он насб нагардида, нишоне аз ҷой доштани таъмири асосии пул мушоҳида намешавад.
Чун ин мавзеъро аккосӣ мекардем, ронандагон хоҳиш карданд ҳақиқати ҳолро ба «боло» расонем, то мутасаддиён ҳарчи зудтар ин пули лаҳза ба лаҳза вайронгаштаистодаро барои равуо мувофиқ созанд. Мо ҳам умед ба «гӯши суханшунав» доштани масъулони ин ноҳия ва вилояти Хатлон мебандем.  
Дар акс: пули вайронаи хоҷагии Бистудуи Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
Комрони БАХТИЁР,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2014    №: 113    Мутолиа карданд: 865
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед