logo

ҳукумат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИМСОЛА ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТАНД»

16 июн  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014 ва вазифаҳо барои оянда баргузор гардид.

Доир ба мавзӯи асосии маҷлис нахуст ҳисоботи муовини якуми сарвазири кишвар, роҳбари гурӯҳи кории доимамалкунандаи зиддибуҳронии Ҳукумат Давлаталӣ Саид, вазири молия Абдусалом Қурбонов, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбарони вазорату идораҳои дигари бахшҳои иқтисодӣ ва истеҳсолӣ шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлилу баррасии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар панҷ моҳи соли равон, аз ҷумла, изҳор намуд, ки “сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ба Ҳукумати Тоҷикистон муяссар гардид, ки фаъолияти худро дар доираи стратегияҳои рушд, барномаҳо ва нақшаҳои қабулгардида ба роҳ монда, дар маҷмӯъ тамоюли мусбати рушди иқтисодиёт ва иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодиву уҳдадориҳои иҷтимоиро таъмин намояд”.
Зикр гардид, ки “дар моҳҳои январ-майи соли 2014 нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 13,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 6,5 фоизро ташкил дод”. Аммо дар панҷ моҳи соли гузашта афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,3 фоизро ташкил дода буд, аз ин хотир нишондиҳандаи имсола наметавонад қонеъкунанда бошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “тибқи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат барои соли 2014 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоиз пешбинӣ гардидааст ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ дар ҳамин асос ташаккул ёфтааст”.
Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки “Ҳукумати мамлакат якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва таъмини нишондиҳандаҳои барномавии иқтисоди миллӣ чораҳои таъхирнопазир амалӣ намоянд”.
Чунонки зикр гардид, “иҷрои Буҷети давлатӣ ба андозаи 102,4 фоиз таъмин гардида, аз рӯи даромади умумӣ ба он 4 миллиарду 900 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 611 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.
Бино ба таҳлили Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз иҷрои Буҷети давлатӣ, нақшаи 3 намуди андозҳо ва боҷи гумрукӣ иҷро нашуда, дар натиҷа ба буҷети мамлакат беш аз 118 миллион сомонӣ маблағ ворид карда нашудааст. Дар ин давра ҳамчунин 15 шаҳру ноҳия иҷрои нақшаи андозҳоро бо назардошти андози иҷтимоӣ таъмин карда натавонистанд. Дар натиҷаи ин ба буҷет 71 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.
Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо бошад, ба ҳолати 1 июни соли 2014 беш аз 650 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тавре ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, “барои бештар намудани даромадҳои андоз имкониятҳои истифоданашуда, аз ҷумла дар андозбандии соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва захираҳои табиӣ ҳанӯз зиёданд”.
Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки “бо мақсади дуруст ба роҳ мондани андозбандии истифодаи захираҳои табиӣ, бақайдгирии пурраи андозсупорандагон ва ба андозбандӣ пурра фаро гирифтани истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ва захираҳои табиӣ Кумитаи андоз якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор чораҳои зарурӣ андешида, нисбат ба андозсупорандагоне, ки дар ин самт ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, тадбирҳои иловагии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ намоянд”.
Бо зикри он, ки таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба сифати иҷрои буҷети давлатӣ вобастагии калон дорад, таъкид гардид, ки “барои иҷрои босифати буҷети давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва васеъ кардани манбаъҳои мавҷудаи он тадбирҳои зарурӣ андешида, доир ба кам кардани бақияпулиҳои андоз ва воридоти саривақтии маблағҳо ба буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд”.
“Илова бар ин, - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, - Кумитаи андоз бояд бо истифода аз чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз пардохти андозҳо ва усулҳои алтернативии андозбандӣ барои сари вақт рӯёнидани маблағи андозҳои ҳисобшуда чораҷӯӣ намуда, бо мақсади ситонидани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба пайдоиши қарзҳои нав талаботи қонунгузории амалкунандаро татбиқ намояд”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 370 миллион сомонӣ маблағҳои лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии амалишаванда ва ба имзо расидани 6 созишномаи нав бо маблағи умумии 258 миллион сомонӣ дар панҷ моҳи соли равон, ки 5 созишномааш бо маблағи 195 миллион сомонӣ грантӣ мебошад, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки “азхудкунии ин маблағҳо дар сатҳи паст қарор дорад”.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо Вазорати молия дастур дода шуд, ки “раванди татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои кумаки берунаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва суръат бахшидан ба азхудкунии маблағҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд”.
Инчунин, бо назардошти тамоюли манфии як қатор нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар панҷ моҳи соли 2014, аз ҷумла суст гардидани суръати рушди истеҳсоли саноатӣ, коҳиши гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот, ба Ҳукумати мамлакат ва хусусан ниҳодҳои иқтисодии он супориш дода шуд, ки барои бартараф намудани ин ҳолатҳо чораҳои муассир андешанд.
Дар баробари ин, таъкид гардид, ки сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва соҳибкорону дигар шаҳрвандон бояд сармоягузорӣ ба соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, аз ҷумла бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истеҳсолӣ, воридоти технологияи навтарин ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки “суръати имрӯзаи рушди иқтисодиёти мамлакат моро қонеъ карда наметавонад ва аз ин рӯ, мо бояд ба ташкили заминаҳои инкишофи босуботу дарозмуддат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоем”.
Зикр гашт, ки “дар назди Ҳукумат вазифаҳои душвор, вале иҷрошаванда гузошта шудаанд”.
Чунонки таъкид гардид, “ҳаҷми иқтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар ҳафт соли оянда бояд то ду баробар афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафари аҳолӣ на камтар аз якуним баробар зиёд карда шавад. Дар як вақт, тадриҷан беҳтар гардондани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон эълон шудаанд”.
Ба ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун афзалиятҳои аввалиндараҷа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 8,6 фоиз афзоиш ёфта, таносуби манфии гардиши савдои хориҷӣ торафт зиёд шуда истодааст. Содирот нисбат ба воридот 4,6 баробар кам мебошад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки “барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори вобастагии кишвар аз молҳои воридотӣ тавассути афзунсозии рушди истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда чораҷӯӣ намояд”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти босамари корхонаҳои нави сементро мисол оварда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “танҳо дар панҷ моҳи соли равон истеҳсоли семент дар ҳаҷми қариб 400 ҳазор тонна таъмин гардида, воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 241 ҳазор тонна кам шудааст”.
Бо таваҷҷуҳи хос ба рушди бахши истеҳсолӣ, ташаккули соҳаҳои саноатие, ки рақобатпазирии иқтисодиёти миллиро таъмин менамоянд, ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ширкати «Алюминийи Тоҷик» супориш дода шуд, ки “дар муҳлати кӯтоҳтарин якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об ва дигар вазорату идораҳои дахлдор барномаи солимгардонии вазъи иқтисодиву молиявии Ширкати «Алюминийи Тоҷик»-ро таҳия намуда, мавриди амал қарор диҳанд”.
Рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳам “аз ҷумлаи самтҳои муҳими баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ” номида шуд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ “барои дастгирии рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва бо истифода аз таҷрибаи дигар давлатҳои дар ин самт пешрафта барномаи мукаммал таҳия намуда, то охири соли равон ба баррасии Ҳукумат манзур намояд”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз 24 корхонаи ресандагии кишвар бо иқтидори умумии коркарди қариб 80 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ёдовар шуда, бо таассуф изҳор дошт, ки “дар маҷмӯъ танҳо 10 фоизи ин иқтидорҳо мавриди истифода қарор дорад ва аз миқдори умумии нахи пахтаи ватанӣ танҳо 8 фоизи он дар дохили мамлакат коркард мешавад”.
Вобаста ба ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки “бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода, барои бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаҳои саноати сабук, махсусан корхонаҳои коркарди нахи пахта чораҳои муассир андешад”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки соли 2014 дар мамлакат бояд 317 корхона ва коргоҳҳои нав бо зиёда аз 12 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд. Ҳамзамон аз монеаҳои сунъиву маъмурие, ки корхонаю коргоҳҳои навро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мекунанд, изҳори нигаронӣ карда шуд.
Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки “барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои навтаъсис чораҳои амалӣ андешанд”.
Таъкид гардид, ки “бо ин мақсад вазъи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии мамлакат бояд таҳти назорати доимии ҳам вазорати мазкур ва ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шавад”.
Бо ёдоварӣ аз созишномаҳои зиёди имзошуда ва тавофуқоти сершумор бо сохторҳои давлатию хусусии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳои хориҷӣ, ки вақтҳои охир ҳосил шудаанд, ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки “бо назардошти таъмини манфиатҳои иқтисоди миллӣ барои ҳарчи зудтар ва босифат амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои сармоягузор ҳамкории зичро ба роҳ монда, ба фаъолияти онҳо аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва дастрас намудани иҷозатҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат намоянд”.
Ҳамзамон “таъсис додани ситоди махсуси ҳукуматӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятнок ва калонҳаҷм мувофиқи мақсад” дониста шуд. Тавре таъкид гардид, “ситоди мазкур бояд ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода, барои ҳалли мушкилоти онҳо ва бартараф намудани монеаҳои сунъӣ чораҳои амалӣ андешад”.
Бо назардошти эҳтимолияти сар задани марҳилаи нави буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кории доимамалкунандаи зиддибуҳронӣ, ки таҳти сарпарастии муовини якуми сарвазир таъсис дода шудааст, дастур дода шуд, ки “дар заминаи мушоҳидаи мунтазами вазъи иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ якчанд сенарияи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро тарҳрезӣ карда, ҳангоми зарурат ба Ҳукумат фавран нақшаи чорабиниҳои махсуси зиддибуҳрониро барои такмили сиёсати пуливу қарзӣ ва буҷетӣ манзур намояд”.
Рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ ва вусъат додани корҳои мавсимии аҳли заҳмати деҳот низ аз мавзӯъҳои асосии маҷлис буд. Тавре зикр гардид, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки