logo

озмунҳо

ОЗМУНИ "ҶУМҲУРИЯТ"- 2014 ВАСФИ ДИЁР

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, ки дар соли АСП, ҷонвари дилрабо, чобукрав, пурсабру тоқат, даванду болобаланд, бовафо, бамеҳр, босадоқат оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Васфи диёр» озмун эълон намояд.
Шарти асосӣ васфи Тоҷикистон, даст-овардҳои истиқлолият, меҳру муҳаббат ба Ватан, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон, ҳифзу ободонии ёдгориҳои таърихӣ, афзун намудани комёбиҳо, иҷрои барномаҳои бузурги давлатӣ, тавсифи мардуми сарбаланду заҳматпеша, тарғиби таҷрибаи пешқадам, амалҳои хайру созандаи соҳибкорон, дастовардҳои илму техника дар жанри очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ мебошад.
Озмун 8 - уми сентябр, дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад.
«Ҷумҳурият» барои ғолибон чунин мукофотҳоро муқаррар кард:
1. Як ҷойи аввал - 1500 сомонӣ.
2. Ду ҷойи дуюм - ҳар яке 1000 сомонӣ.
3. Се ҷойи сеюм -  ҳар яке 500 сомонӣ
4. Чор ҷойи ҳавасмандӣ -  ҳар яке 250 сомонӣ.
Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд.  Ба онҳо дар эҷоди мақолаҳои пурмуҳтаво комёбӣ мехоҳем. Майдон аз далер аст. Ҳар касу дави аспаш.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2014    №: 116    Мутолиа карданд: 13734

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед