logo

маориф

ИМТИҲОНИ ТЕСТӢ ОҒОЗ ШУД

Тавре ки рӯзнома иттилоъ дода буд, дар 39  нуқтаи Маркази миллии тестии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар нахустин бор имтиҳони тестии дохилшавӣ ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ  оғоз шуд. Ҳамин тавр 1 июл барои довталабони гурӯҳи ихтисос ё кластери 1, имтиҳони қисми «А»  доир гардид.

Тибқи низоми муқарраргардидаи имтиҳоноти мутамаркази дохилшавии тестӣ дар ду давр имтиҳони умумӣ:  қисми «А» ва «Б» гузаронда мешавад. Довталабон дар қисми «А», ки фанҳои забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқро дарбар мегирад, имтиҳони тестӣ супориданд.
Мо вориди маркази имтиҳонии № 72-и шаҳри Душанбе шудем. Соати 8.30 дақиқа. Аллакай қабули довталабон идома дошт. Тартиби ворид шудани онҳо ба утоқҳои имтиҳонӣ зери назорати ҷиддии маъмурон буд. Довталабон танҳо ҳуқуқи бо худ доштани варақаи довталабӣ ё нусхаи шиноснома ва ручкаро доштанду халос.
Дар ҳар як роҳрав маъмурон довталабонро аз рӯйи варақаи дар даст будаашон ба кластер ва утоқҳо роҳбаладӣ мекарданд.  Зулфия Усмонова, раиси маркази имтиҳонии мазкур, дар дар суҳбат ба мо гуфт, ки  имтиҳон соати 9.00 шурӯъ мегардад ва 270 довталаб дар инҷо номнавис  шудааст.
Амрохон Наврӯзов,  маъмури калони раванди имтиҳонот дар ин марказ,  ба довталабон аломати роҳравҳо ва утоқҳои имтиҳонотии фаъолбударо мефаҳмонд.  Акнун бо тартиби нави имтиҳонгирӣ утоқҳо бо рақам ва кушодаву пӯшида будан истифода мешаванд.  Райҳона Содирова, намояндаи Маркази миллии тестӣ, ҷараёни имтиҳонотро назорат мекард. Ба гуфтаи ӯ, ҳайати имтиҳонгирандагон комилан тағйир ёфтааст, аз ҳайати қабули довталабон ягон корманд дар гурӯҳи имтиҳонгирандагон ворид  нашудааст.  Яке аз талаботи низоми тестӣ дар ҳар як раванд иваз кардани ҳайат мебошад, то шаффофияти имтиҳон зери суол наравад.
Ҳангоме ки мо вориди утоқҳои имтиҳонотӣ шудем, устодон бо довталабон корҳои фаҳмондадиҳӣ, пур кардани варақаҳои тестӣ ё  субтестҳоро мегузаронданд. Дар ҳар як утоқи имтиҳонӣ то 15 довталабро ҷой кардаанд, ки аз ин миён 2 ё 3 нафар духтарон ҳастанд. Дар рӯйхати гурӯҳҳо ҳам теъдоди духтарон нисбат ба писарон  кам сабт гардидааст. Утоқи хизматрасонии тиббӣ ҳам фаъол буд.
Фирӯз, хатмкардаи литсейи техникӣ, мегӯяд: доир ба тариқи тестӣ супоридани имтиҳон маълумот дорад ва донише, ки то ба имрӯз омӯхтааст, шонси пирӯзии ӯро бештар мекунад.  Ардашер, яке аз дигар довталабон ҳам, иброз дошт, ки талаботи нави имтиҳонсупорӣ  боварии онҳоро ба талоши фардӣ бештар кардааст.  Чун ҳамеша волидайн ҳам барои   рӯҳбаландкунии фарзандон омадаанд. Кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ, ки тартиботи ҷамъиятиро таъмин мекарданд, ба волидайн ҷойи махсусеро барои интизор шудан тавсия медиҳанд, то ба раванди имтиҳон халал ворид нашавад.  Имтиҳоноти тестии бахши «А» барои кластерҳои  2-5 аз 2-юм то 5-уми июл бо иштироки 9526 довталаб ва бахши «Б» барои тамоми кластерҳо аз 7-ум то 11-уми июл доир мегардад. Натиҷаҳои имтиҳоноти тестӣ тавассути низоми холҳо арзёбӣ мешавад. Барои субтестҳои фанҳои имтиҳонии бахши «А» натиҷаи имконпазири ҳадди аксар 200 хол ва барои субтестҳои  бахши «Б» 300 хол пешбинӣ шудааст. Натиҷаи имконпазири умумии ҳадди аксар барои субтестҳои  қисми   «А» ва «Б» 500 хол муқаррар гардидааст.
Инчунин довталабоне, ки  ихтисосҳои санъат, дизайн, меъморӣ, динӣ ва варзиширо интихоб кардаанд, дар баробари  имтиҳони тестӣ- қисми «А» ва «Б», имтиҳони эҷодӣ ва маҳоратро ҳам месупоранд. Вобаста ба натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодию маҳорат ва имтиёзҳои муқарраргардида холи имконпазири умумии ҳадди аксар метавонад зиёд шавад.  Имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат пас аз гузаштани имтиҳоноти тестӣ вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз 10 то 19 июл гузаронда мешавад.
Соли ҷорӣ дар марказҳои имтиҳонии Маркази миллии тестӣ 52 406 довталаб сабти ном шудааст.  Эълони натиҷаҳои имтиҳонот тибқи нақша 1 август мебошад.
Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.07.2014    №: 126    Мутолиа карданд: 1212

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед