logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чжан Син

18 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат дар самти сохтмони иншооти энергетикӣ баррасӣ шуд.
Чжан Син ба Сардори давлат оид ба рафти сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ва нақшаҳои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод-1» ва як Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе гузориш дод.
Ширкати ТВЕА бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯҳдадор шуд, ки сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол»-ро то охири соли равон ба поён расонад.
Ба гуфти Чжан Син, бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод-1» дар дарёи Хингоб, ки иқтидори лоиҳавиаш 200 мегаватт аст, дар ҳоли омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ қарор дорад.
Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе бошад, бояд бо иқтидори зиёда аз 200 мегаватт ва бо харҷи тақрибан 30 миллион доллари амрикоӣ дар давоми 18-20 моҳ  сохта шавад.
Дар мулоқот оид ба имконоти ҳамкорӣ дар татбиқи дигар тарҳу барномаҳо низ гуфтугӯ сурат гирифт.

Х Х Х

Раиси Шӯрои директорони Ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, назари худро дар брифинг ба хабарнигорон чунин иброз дошт:
 -Мо бо Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ба вижа дар соҳаи гидроэнергетика табодули назар намудем.
Дар мулоқот натиҷаи фаъолияти ширкати мо дар мавриди пеш аз мӯҳлат ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли барқи 220 киловаттаи Лолазор-Хатлон мусбат арзёбӣ гардид.
Лоиҳаи дигаре, ки татбиқи саривақтӣ ва босифати он барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, ин сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 киловаттаи Ҷануб-Шимол мебошад. Мувофиқи лоиҳа ширкати ТВЕА бунёди онро бояд дар соли 2010 анҷом медод. Вале Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мо гуфтанд,  ки пружаи мазкурро то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Дар мулоқот бо Ҷаноби Олӣ мувофиқа ҳосил шуд, ки ТВЕА дар шаҳри Душанбе Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори лоиҳавии 200 мегаватт бунёд намояд. Мо ин иншоотро дар муддати 18-20 моҳ ба маблағи 30 миллион доллар сохта ба истифода медиҳем. Ҳамзамон тасмим гирифта шуд, ки дар дарёи Хингоб Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод-1» бо иқтидори 200 мегаватт сохта шавад. Айни замон лоиҳа дар ҳоли омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ қарор дорад.
Бо мақсади рушди минбаъди соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон ТВЕА таҷдиди Заводи трансформаторбарории шаҳри Қӯрғонтеппаро анҷом медиҳад. Бовар дорем, ки ҳамаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда дар мӯҳлатҳои муқарраргардида татбиқ мешаванд.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 699

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед