logo

ҳукумат

БАРНОМАИ РУШДИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ ТАСДИҚ ШУД

29 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлиси Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ тасдиқ карда шуд.
Маҳмад Сафаров аз вазифаи директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Ҳомид Расулов ба ин мансаб таъйин гардид.
Раҷаб Саодатов аз вазифаи муовини директори Агентии таъмини амволи махсус озод карда шуда, муовини якуми роҳбари ҳамин агентӣ таъйин шуд.
Ибодулло Зардов муовини директори Агентии таъмини амволи махсус ва Раҳмон Умаров директори Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ба баррасии палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷумҳурӣ  “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи реклама” пешниҳод гардид.
Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018, Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014 - 2024, Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ, Тартиби ташкил ва гузарондани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва Номгӯйи ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии дорои шароити хосаи табиӣ тасдиқ карда шуд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 60,61 га замин барои бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ бо биноҳои бисёрошёна ва иншооти иҷтимоӣ ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 330,15 га барои додани қитъаҳои наздиҳавлӣ ба 1933 оилаи ниёзманди ин ноҳия ҷудо карда шуд.
Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Супоришҳо доир ба иҷрои нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ низ дода шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба омодагӣ ба соли нави таҳсил ва дигар масъалаҳои ҳалталаб зоҳир карда шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2014    №: 145    Мутолиа карданд: 5908

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед