logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод. 68;   мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149;    мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399;  №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2,    мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403; мод. 404; №12, мод. 881; с. 2014, №3,      мод. 141), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 57:
- дар қисми 1 калимаҳои «молу мулки зерин» ба калимаҳои «молу мулки зерини маҳкумшуда» иваз карда шаванд;
- ба банди а) қисми 1 баъд аз рақами «320,» калима ва рақами «қисми 2 моддаи 324,», баъд аз рақами «3352,» калима ва рақами «қисми 2 моддаи 3381,» ва баъд аз рақами «356,» калима ва рақами «қисмҳои 3 ва 4 моддаи 391,» илова карда шаванд;
- ба модда қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«7) Барои содир намудани ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда суд метавонад мусодираи пурраи молу мулкро ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намояд.»;
- қисми 7 қисми 8 ҳисобида шавад.
2. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 188 калимаҳои «воситаҳои таркиш ё моддаҳои тарканда» ба калимаҳои «моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё моддаҳои оташзананда» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 195:
- аз диспозитсияи қисми 1 калимаҳои «, ҳамчунин маҳлулҳои оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда, ки барои ба сифати силоҳ истифода бурдан таъинанд  ё мувофиқ карда шудаанд» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 3 эзоҳи модда калимаҳои «маводи оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда (2 литр ва зиёда аз он), ки махсус барои истифода ба сифати силоҳ таъинанд ё мутобиқ карда шудаанд,» хориҷ карда шаванд.                    
4. Ба Кодекс моддаи 1952  бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 1952 .  Муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда
1) Истеҳсол, тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, фиристодан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштани моддаҳои оташзананда, ки барои ба сифати силоҳ истифода бурдан мувофиқ карда шудаанд, -
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Истифода бурдани моддаҳои оташзананда,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;
в) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳалгароӣ ё интиқом;
г) ба миқдори калон содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва ё 3 ҳамин модда, агар:
а)  аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми моддаҳои оташзананда дар ҳамин ва дигар моддаҳои Қисми махсуси Кодекси мазкур маҳлул, мавод ва моддаҳое фаҳмида мешаванд, ки новобаста аз тарзи омода намудан дорои қобилияти даргирандагӣ буда, барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шуда, ҷиҳати расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк ва муҳити зист равона карда шудаанд.
2) Шахсе, ки ихтиёрӣ моддаҳои оташзанандаи дар ҳамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, барои содир намудани ҷинояти мазкур ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
3) Моддаҳои оташзананда дар ҳаҷми аз 0,5 литр то 1 литр миқдори калон ва зиёда аз 1 литр миқдори махсусан калон ҳисобида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1089


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 июни соли 2014, № 1553


ҚАРОРИ
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бар­расӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 676


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2014    №: 147-150    Мутолиа карданд: 968

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед